Иҷрои барнома зери назар аст

№19 (3165) 25.02.2014

Дар машварати навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи рафти иҷрои бандҳои «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят барои соли 2015» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Доир ба ин масъала сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шоҳзодаев гуфт, ки барномаи мазкур бо назардошти сол аз сол афзун гаштани имкониятҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст ва барои боло рафтани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Яке аз ҳадафҳои рушди иқтисод ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ҳар чӣ бештар коҳиш додани теъдоди бекорон мебошад. Ба гуфтаи Латиф Шоҳзодаев, алъон шумораи умумии сокинони вилоят, ки ба шуғлҳои гуногун машғуланд, ба 78 ҳазор нафар расидааст. Дар ҳудуди вилоят соли гузашта бештар аз 12 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор гардиданд.

Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 48 корхонаи хурди саноатӣ фаъолият дорад. Мутобиқи барномаи мазкур бо дастгирии вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои мададрасон дар шаҳри Хоруғ, навоҳии Роштқалъа ва Дарвоз ду корхонаи хурди коркарди санг, шиша, корхонаи дӯзандагӣ ва ду корхонаи коркарди растаниҳои шифобахш ба кор шурӯъ карданд. Ҳамчунин  дар давоми якчанд соли охир корхонаҳои хиштбарорӣ, қаннодию сангтарошӣ, коркарди меваи хушк ва маҳсулоти ширӣ, оби маъданӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сарфи назар аз ин, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба маротиб коҳиш ёфт. Яке аз иллатҳои асосии коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот набудани бозори фурӯш, корношоям ва куҳна гардидани дастгоҳу техникаи мавҷуда мебошад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар робита ба иҷрои бандҳои барномаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ гуфт, ки аксарияти бизнес-планҳо сарсарӣ ва бидуни таҳқиқоти дақиқ таҳия ва ба вазорату кумитаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод мегарданд. Раиси вилоят гуфт, ки барои бунёди корхонаҳои коркарди сарватҳои зеризаминӣ ҳанӯз имкониятҳои иқтисодӣ мавҷуд нест, аммо ба кор андохтани корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот мушкилӣ надорад.

Раиси вилоят аз масъулини риштаи иқтисод, бахши сармоягузорӣ ва соҳибкорон даъват намуд, ки минбаъд ҳангоми таҳияи бизнес -планҳо ба далелу арқом, ба нақша -дурнамои он таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намоянд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»