Сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№101 (4207) 20.08.2020

19 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ бахшидан ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташон гуногун, ҳамчунин, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд.

Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Вишхарв Корхонаи «Карон — калсит»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо хатҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои корӣ дар коргоҳи нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Карон-калсит» имконият дорад, дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кунад. Корхона, ки дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд, дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.

Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалситро истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосири корӣ, дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсит аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар он ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.

50243144833_1d7b079e67_oМикрокалсит, ки дар саноат ба таври васеъ истифода мешавад, зимни истеҳсоли беш аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзғор, техникаву технологияи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ илова карда мешавад. Аз ҷумла, дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ ва рангубори хона бо истифодаи микрокалсит истеҳсол мегарданд. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар ҷаҳон серхаридор аст. Корхона имконият дорад, ки пурра талаботи соҳаи саноати Тоҷикистонро бо микрокалсити гуногунҳаҷм қонеъ карда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ дар бозорҳо рақобат ва дар ду баст фаъолият намояд. Дар оянда содироти микрокалсити Корхонаи «Карон-калсит» ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ карда мешавад.

Тибқи озмоишҳои гузаронида, ашёи хоми маҳаллӣ сифату маҳсулнокии баланд дорад ва барои истеҳсоли микрокалсити ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи захираи минтақа ва ашёи истеҳсолнамудаи корхонаи нав масъулин дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ хоҳанд монд.

Бо насби хатҳои нави истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин фурсат маҳсулоти сохтмонии рангу эмулсия тайёр карда мешавад, ки ин иқдом ба коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи умумии кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 120 нафар хоҳад расид ва онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд.

Маҳсулоти ниҳоии корхона бо истифода аз озмоишгоҳи муосир аз санҷиш гузаронида, дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод мешавад. Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои бойи табиии кишвар ва тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати мамлакат бо микрокалсит маслиҳатҳои муфид дода, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи «Карон -калсит» ба масъулон дастур доданд, ки дар давоми як сол боз ду коргоҳи истеҳсолӣ — саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи кор сохта ба истифода диҳанд.

Дар мавзеи Дашти лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти луч беш аз 500 гектарро дар бар мегирад, ки қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Канали мазкур ба шакли худҷорӣ фаъолият хоҳад кард.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ мегардад ва дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳа, канал асосан аз талу теппаҳо мегузарад ва бунёди он имконият медиҳад, ки 315 гектар замини дигар дар ноҳияи Дарвоз обёрӣ карда шавад. Аз рӯи маълумоти мутахассисон, дар ин замина 247 гектар замини корам, 68 гектар боғ ва 17 гектар замини наздиҳавлигӣ обёрӣ мешавад. Ҳамчунин, бо амалӣ гаштани тарҳи мазкур, 105 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ медарояд.

Тибқи лоиҳаи мазкур, ҳамчунин, оби полезӣ то ба деҳаи Дашти луч расонида мешавад, ки ин иқдом, бешубҳа, ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард.

Иншооти обрасонӣ, ки бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва техноло­гияи муосир бунёд мегардад, аз сарбанди обгирӣ, иншооти селгузар, қубурҳои зерироҳӣ, дарвозаҳои танзимкунанда ва минтақаи сусткунии фишори об иборат хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки хок ва обу ҳавои минтақаи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзиву парвариши ғалладонагӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ мусоид мебошад ва пас аз амалишавии ин тарҳ дар ноҳияи Дарвоз имконият барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мева, бештар хоҳад шуд. Бояд қайд кард, ки бо истифода аз имконоти табиии минтақаи мазкур аллакай дар мавзеи Дашти луч чанд боғи нав бо усули обёрии қатрагӣ бунёд гардидааст, ки як қисми он дар ҳоли нашъунамо қарор дорад ва қисми дигар  ба ҳосил даромадааст.

Сохтмони канали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида оғоз ёфтааст, ба амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки Тоҷикистон ташаббускори ин иқдоми муҳим барои аҳли башар  аст, мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда, лоиҳаро сари вақт ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонанд.

defaultДар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар он шинос гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомӣ суҳбати самимӣ доир намуда, аз ҳолу аҳвол, имкониятҳои хизматии аскарон пурсон шуданд.

Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар — Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард мебошад ва ин масъулиятро бояд иҷро кард.

Сарбозон ба Президенти мамлакат барои ғамхории доимӣ ҷиҳати таъмини шароити мусоид дар қисмҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Вазифаи ин қисми низомӣ таъмини амният дар сарҳади давлатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон мебошад.

Тавре маълум гардид, тайи се соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар дохили қисми низомии мазкур як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарби­дошта сохта ба истифода дода шудааст. Бинои ситоди қисми низомӣ ва хобгоҳи кушоду барҳаво, ки аз 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 800 метри мураб­баъ бунёд ёфтаанд, аз ҳамон ҷумла мебошанд. Илова бар ин, дар дохили қисми низомӣ нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, ошхона ва шаҳраки қаровулӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, бинои таълимӣ, маҷмааи варзишии иборат аз майдончаҳои футбол, волейбол ва обу­тоби бадан, синфхонаҳои тобистона, ҳаммоми сарбозӣ, анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, амволи шайъӣ, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳи афсарон, ҳуҷраҳои махсус барои шустану хушк намудани либосу пойафзол ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти рӯзмарраи афсарону аскарон муҳайё карда шудааст.

Утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, хобгоҳ ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии дохили бинои мазкур пурра бо мизу курсӣ ва дигар ашёву лавозимот муҷаҳҳаз, ҳудуд ва гирду атрофи қисми низомӣ бо деворҳои рангуборшуда мустаҳкам гардонида шудааст. Илова бар ин, дар дохили қисми низомӣ мавзеи фароғатӣ бо ороиши ҳунарҳои мардумӣ, фаввора, гӯшаи поси хотири фарзандони диловари тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва дигар мусаввараҳои таърихӣ бунёд карда шудааст.

Бинои ошхонаи қисми низомӣ аз нав бунёд карда, бо дарназардошти талабот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз ҷумла, дар ошхонаи нав­бунёд дастгоҳҳову таҷҳизоти муосир барои омода кардани хӯроки сарбозон насб гардидаанд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати ғизои сарбозон ва маҳсулнокии он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъмини саривақтии хӯроки серғизо яке аз талаботи асосӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон мебошад.

Маҳсулоти озуқа ба ин қисми низомӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати мудофиа таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки имконоти мавзеъ барои дар оянда парвариш намудани чорво, гузаронидани кишти зироатҳо ва таъмини дигар қисмҳои низомӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ самаранок истифода бурда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир дар мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ ва иншооти муҳими аҳамияти ҳарбидошта таъмиру тармим карда шуданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити хизмативу маишӣ ва таълимиву фароғатии аскарону афсарон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ баромад ва онҳоро ба муносибати 29-умин солгарди таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд. Тавре таъкид гардид, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ҳар сол бо андешидани чораҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад. Мустаҳкамсозии базаи моддӣ — техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ низ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дастовардҳои амалигашта натиҷаи ғамхориҳо мебошад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат гузаш­ти низомии сарбозон баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро мавриди истифода қарор доданд. 

Аснои шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои Суди ноҳия дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида буд. Сохтмончиён иншоотро дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд карданд.

Дар бинои суд барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Он дорои ду толори барҳаво мебошад ва кормандони Суди ноҳия барои гузаронидани маҷлису мулоқотҳо аз шароиту имкониятҳои нав самаранок истифода хоҳанд бурд.

Дар бинои тозабунёд китобхона бо теъдоди 300 нусха адабиёти ҳуқуқию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ бо фарогирии 10 ҳазор нусха китоб ташкил карда шудааст. Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани китобхона дар назди муассисаву корхонаҳо амалӣ гардидааст.

Акнун кормандони Суди ноҳияи Дарвоз имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти соҳавию бадеӣ истифода намуда, донишу малакаи касбиро сайқал диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Суди ноҳияи Дарвозро дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда номида, онҳоро ба фаъолияти хубу босамар ва содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини адолати судӣ ҳидоят намуданд.

118164330_4247401568663330_58390401561952312_oДар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кумакпулӣ ва сарулибос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин, он рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон, дастурхони идона ороста шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятим суҳбати самимӣ доир ва зикр карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ҳамеша тадбирандешӣ намуда, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ин қишри ҷомеа худро бекасу танҳо ҳис кунанд.

Лозим ба таъкид аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимону маъюбон имтиёзҳои махсус муайян гардидааст. Онҳо тибқи Квотаи президентӣ беимтиҳон ба муассисаҳои олии мамлакат барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.

Хонандагон ба Сарвари раъиятпарвар барои дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда ҳамчун шахси соҳибмаълумоту донишманд ба воя мерасанд ва дар ободониву пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

19 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби президентӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот, ки аз се ошёна иборат хоҳад буд, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ мегардад. Дар Мактаби президентии Дарвоз шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

Лоиҳаи Мактаби президентӣ, инчунин, бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин, барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони Мактаби президентӣ масъулинро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор ва таъкид намуданд, ки бино бояд замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад, то солҳои зиёд ба омӯзгорону муҳассилин хизмат намояд.

www.president.tj