Иддае аз масъулони муассисаю корхонаҳои давлатии ноҳияи Шаҳринав нисбат ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» на танҳо бетаваҷҷуҳию беэътиноӣ зоҳир менамоянд, балки муқаррароту меъёрҳои онро дағалона вайрон мекунанд. Гарчанде рӯзномаи «Садои мардум» бо нашри чанд матлаби таҳлилию танқидӣ проблемаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияро ба масъулон расонда бошад ҳам, онҳо то ба ҳол вокуниш нишон надодаанд.
Аз ҷумла, якуми октябри соли 2019 дар шумораи №117 (4067)-и рӯзнома зери сарлавҳаи «Ҳоли табоҳи варзишгоҳ дар Шаҳринав» мақола нашр шуд, ки дар он аз вазъи ногувори варзишгоҳи шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода сухан мерафт. Инак, аз нашри он ҳашт моҳ сипарӣ шуд, вале масъулон хомӯшанд.
Инчунин, 10-уми октябри соли 2019 дар шумораи №121 (4071)-и рӯзнома зери сарлавҳаи «Шаҳринав. Бетаваҷҷуҳӣ ба корхонаҳои азими саноатӣ» мақола нашр гардид. Муаллиф сабабҳои паст рафтани иқтидори истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ ва комилан суқут кардани бархе аз онҳоро бо далелҳои дақиқ нишон додааст. Яке аз он корхонаҳо ҶДММ «Орди Шаҳринав» мебошад. Масъулони корхона гуфта буданд, ки моҳҳои наздик истеҳсолотро ба роҳ мемонанд, аммо як сол аз ваъдаи онҳо сипарӣ гардида бошад ҳам, дар бозорҳои истеъмолии ноҳия орди истеҳсоли корхона ба чашм намерасад.
Дар ҳамин мақола ҷои дигар нигошта шудааст, ки: «Яке аз корхонаҳои азими саноатӣ дар Шаҳринав Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Капитал» мебошад. Корхона аз мамлакатҳои хориҷӣ нефт ворид карда, аз он се намуди сӯзишворӣ — бензин, солярка ва мазут истеҳсол мекард, 120-130 нафар коргар дошт, ки маоши хуб ҳам мегирифтанд. Таассуфовар аст, ки алҳол коргоҳ комилан аз истеҳсол бозмонда, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст…». Аммо, ягон «говҷигар» — е аз моликони корхона пайдо нашуд, ки ҷавоб навишта, сабаби асосии фаъолият накардани корхонаро шарҳ диҳад.
Дар шумораи дигари рӯзнома аз 19-уми ноябри соли 2019, № 139 (4089) зери сарлавҳаи «Шаҳринав. «Терминал»-и нав дар роҳи куҳна» гузориш интишор ёфт, ки он низ натиҷа надод. Масъулони ноҳия на танҳо дар асоси қонун ба гузориш ҷавоб нанавиштанд, балки то ҳол фаъолияти «терминал»-и ғайриқонуниашонро дуруст роҳандозӣ накардаанд. Ҳанӯз ҳам харҷу марҷ дар он ҳукмфармост.
Ҳамин тариқ, навиштаи дигар низ, ки дар натиҷаи тадқиқоти журналистӣ зери сарлавҳаи «Асрори бакортаъминкунӣ дар Шаҳринав», («Садои мардум», 30 апрели соли 2020, № 53 (4159) нашр шуду дар он бо чӣ роҳ иҷро шудани нақшаи бакортаъминкунӣ аз ҷониби Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шаҳринав таҳлил гардид, «дар ҳаво муаллақ монд». На аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва на аз ҷониби масъулони ниҳод дар ноҳия ягон вокуниш нашуд.
Пурсиданием, ки то ба кай масъулони ноҳияи Шаҳринав дар татбиқи фармони Президенти мамлакат саҳлангорӣ мекарда бошанд?
Шояд касе пайдо шавад, ки онҳоро аз хоби гарон бедор кунад?!
«Садои мардум»