21 августи соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар нахустин семинари омӯзишӣ барои ҳайати комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар, №44 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ашӯрзода иттилоъ дод, ҳафтаи равон ва оянда баргузории боз чанд семинари дигар дар назар аст.
- Зимни интихоботҳои гузашта дар шаҳр 38 участкаи интихоботӣ таъсис дода мешуд, ки бинобар сабаби зиёд будани теъдоди интихобкунандагон дар баъзе аз онҳо мушкилӣ пеш меомад. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки имсол дар шаҳр теъдоди участкаҳои интихоботиро ба 41 адад расонем, — гуфт Амонулло Ашӯрзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»