Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, тибқи талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994 таҳти №1042, бақайдгирии номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.
Қарор дар бораи бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:
- Протоколи маҷлиси мақоми олии ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ дар шакли эъломияи андоз;
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат бо мақсади муайян намудани муҳлати даҳсолаи истиқомат дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад;
- хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ;
- маълумот аз Сармаркази иттилоотии таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи надоштани доғи судӣ;
- бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон дар бораи дастгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд;
- тарҷумаи ҳоли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаррификунандаи хислатҳои корӣ ва шахсии ӯ мебошад;
- аризаи номзад дар бораи пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, шахсони боэътимоди номзад наметавонанд ба ягон комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил бошанд. Агар узви яке аз комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ё шахси боэътимод пешбарӣ шуда бошад, вай аз вазифаи узви комиссия аз лаҳзаи ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси боэътимод ба қайд гирифта шуданаш озод кардашуда ҳисоб меёбад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад.
Агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бақайдгирии номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кунад, дар ин бора аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки номзадро пешбарӣ кардаанд, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст ва шикоят дар муҳлати шаш рӯз баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷои таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавии номзад, инчунин, номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, хабар чоп мекунад. Ҳамчунин, бо мақсади дастраси умум шудани ин қарор Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маълумоти зикргардидаро дар сомонаи интернетиаш ҷой медиҳад.
Комрон ДАВЛАТЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, коршиноси КМИР