20 ҳазор сокини маҳаллӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

№108 (4214) 05.09.2020

1569613824_artezianskaya-svazhinaДар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳиммати соҳибкорону мардони саховатпеша дар шаҳри Кӯлоб кандани чоҳҳои амудӣ идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, кандани чоҳҳои амудӣ як моҳ қабл шурӯъ гардид ва аллакай дар назди Муҷтамаи 2700 – солагии шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳоло кандани се чоҳи дигар дар маҳаллаи Тутои деҳоти «Балхобӣ»-и ноҳияи Муъминобод идома дорад.

Аз ҷумла, кандани чоҳҳои амудӣ дар деҳаи Тудакафш барои 3506 нафар аҳолӣ, дар назди собиқ таваллудхонаи вилоятӣ барои 3879 нафар, дар назди Идораи коммуналии шаҳр барои 1943 нафар аҳолӣ дар назар аст. Ҳамчунин, дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кандани чоҳ пешбинӣ мегардад.

Феълан дар ҳафт нуқтаи шаҳр кандани чоҳҳои амудӣ ҷараён дорад. Дар сурати ба истифода додани онҳо 20 ҳазор сокини шаҳри Кӯлоб бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»