Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парки худро бо чархболи нави истеҳсоли Россия — Ми-8АМТ пурратар гардонд. Чархбол дар Корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги «Вертолёты России» (Чархболҳои Россия) истеҳсол шуда, бо эътимоднокӣ ва гуногунҷанбаӣ аз дигар чархболҳо фарқ мекунад.
Он дар шароити гуногуни иқлимӣ, аз ҷумла намии баланд, ҳарорати паст, шамоли сахт ва туман тобовар буда, барои иҷрои вазифаҳои гуногун — аз интиқоли мусофирону борҳои калонҳаҷм то амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мутобиқ мебошад. Вай имкони интиқоли то 24 нафар мусофирро доро ва иқтидори борбардориаш то 4 тонна, дурии парвозаш то 800 км мебошад.
Нахустин парвози санҷишии чархбол аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди Авиатсияи граждании Тоҷикистон дар самти Душанбе-ВМКБ-Душанбе анҷом дода шуд. Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори кӯҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъинотӣ озмуда шуданд.
Мебояд гуфт, ки Ми-8АТМ чархболи аввалини «Сомон Эйр» нест. Моҳи октябри соли 2019 ширкати ҳавопаймоӣ чархболи нави Airbus H125-ро ворид намуда буд. Чархболҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар, таблиғи табиат, мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар доираи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд. Тавре маълум аст, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаанд ва чархболи Ми-8АМТ метавонад саҳми арзандае дар рушди соҳаи сайёҳӣ гузорад.
Н. ҶУМЪАЕВ,
«Садои мардум»