Хабарнигори «Садои мардум» — ҷоизадори озмуни «Ҷумҳурият»

№111 (4217) 12.09.2020

image descriptionЧанде пеш нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба манзури инъикоси воқеии хидматҳои мондагори фарзонафарзандони Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими раванди давлатдории тоҷикон, тарғиби тамаддуну фарҳанги қадимаи миллат, рушди кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-хонаи умеди мо»-ро дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷамъбаст намуд.

Ба он дар ду бахш – назм ва наср беш аз 300 матлаб ворид шуда, ба табъ расиданд. Тибқи хулосаи доварон, дар бахши назм ҷои аввал насби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло гашт. Ҷои дуюмро корманди рӯзномаи «Садои мардум» шоир Ворис ва Амиршоҳи Хатлонӣ бо ҳам диданд. Фарзон Назрӣ барандаи мақоми сеюм шуд.

Дар бахши наср ҷои аввалро Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад сазовор гашт. Ҷои дуюм ба доктори илмҳои таърих, академик Юсуфшо Ёқубшо ва адиб Нуралӣ Нурзод эҳдо гардид. Раҳмони Гулзор сармуҳаррири рӯзномаи «Бадахшон»-и ВМКБ шоистаи ҷои сеюм гардид.

Ҳамчунин, ҷоизаҳои махсуси муассисон ба академик Кароматулло Олимов, Убайдулло Раҷабов, Ато Ҳамдам, Назри Яздон, Зайнура Азимӣ ва Ҳақназар Ғоиб супорида шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва олимону адибони шинохтаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»