Суҳбати гирди миз доир ба дастрасӣ ба иттилоот

№ 15.09.2020

IMG_5624-630x420Ёздаҳуми сентябри соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар маҷмааи давлатии «Душанбе Плаза» бо иштироки рӯзноманигорон ва котибони матбуотии вазорату идораҳо дар мавзӯи «Арзёбии натиҷаҳои нишастҳои матбуотӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва натиҷаи назарпурсӣ оид ба фаъолияти котибони матбуотӣ» суҳбати гирди миз доир гардид.

- Бо мақсади муайян кардани сатҳи дастрасии хабарнигорон ба иттилоот, қобилияти касбии онҳо ва ҳавасмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар расонидани ахбор ба ҷомеа таҳқиқот гузаронида, нимсолаи якуми соли равон раванди нишасти матбуотии панҷ сохтори давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андозро мавриди таҳлил қарор додем, — изҳор намуд директори «Хома» Шаҳло Акобирова.

Ӯ афзуд, ки натиҷаи назарсанҷӣ фаъолияти котибони матбуотӣ ва сатҳи касбияти хабарнигорон, дастовард ва норасої дар фаъолияти онҳо ва котибони матбуотии ниҳодҳои давлатиро то андозае муайян намуд.

Инчунин, барои беҳтар кардани ҳамкорӣ байни журналистон ва котибони матбуотии вазорату идораҳо тавсияву пешниҳод сурат гирифт. Аз љумла, зикр шуд, ки таъмини шаффофият дар фаъолияти вазорату идораҳо яке аз талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ буда, барои расидан ба ин ҳадаф ва таъмини ҳамкории мақомот ва идораҳои давлатӣ бо намояндагони васитаҳои ахбори омма, инчунин дастрасии хабарнигорон ба сарчашмаҳои расмии иттилоот Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2005 таҳти № АП-1677 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ» ба имзо расидааст, ки ҷиҳати рафъи мушкилоти иттилоотонии ҷомеа иқдоми созанда мебошад.

М. УСМОН,

«Садои мардум»