16 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса мулоқот намуд.
Зимни он таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёдовар шуда, хостори бештари ҳамкориҳо шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Фаластин ҷаноби Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоии кишвар ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки онҳо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гиранд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки онҳо созишномаҳое мебошанд, ки қисме дар арафаи ба тасвиб расидан қарор дошта, 6 санад мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доранд.
- Боварӣ дорам, ки мулоқоти имрӯза дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманди байни кишварҳо, хулоса дар ҳама самти ҳамкории Тоҷикистону Фаластин замина мегузорад. Мо омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии кишварҳо ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ҳар ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон