Тибқи иттилои расида, мувофиқи моддаҳои 12 ва 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 13 сентябри соли равон қарорҳои раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Дар зер бобати бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷойи таваллуд, вазифа ва ҷойи кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавӣ, инчунин мақоме, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардааст, иттилоъ дода мешавад.
ЛАТИФЗОДА РУСТАМ БАРОТ
27 ноябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мебошад.
Аз соли 2014 вазифаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
ҒАФФОРЗОДА АБДУҲАЛИМ РОЗИҚ
24 декабри соли 1951 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мебошад.
Аз соли 2004 вазифаи раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 октябри соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1998 вазифаи раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 9 фарзанд.
Аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
РАҲМАТЗОДА РУСТАМ
24 сентябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мебошад.
Аз соли 2019 вазифаи раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
АБДУЛЛОЕВ МИРОҶ САНОНОВИЧ
15 августи соли 1948 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мебошад.
Аз соли 2019 вазифаи раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Аз ҷониби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
Инчунин, мувофиқи моддаи 28-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 14 сентябри соли равон КМИР шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи онҳо ба қайд гирифта, 16 сентябри соли ҷорӣ маросими супоридани шаҳодатномаи номзадҳо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъин гардидааст.
«Садои мардум»