Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

13 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

50336626541_6db67c8925_oНоҳия дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуд ва сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Зафаробод нахуст бинои дуошёнаи Маркази ташхисию табобатии «Диёр»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ дар шаҳраки Зафаробод аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдусамад Нормаматов дар идомаи тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бошукӯҳ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 573 метри мураббаъ бо харҷи 1 миллион сомонӣ сохта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин карда шудааст.

Бо ифтитоҳи маркази табобатӣ 20 нафар ба фаъолияти доимӣ дар он ҷалб гардиданд.

Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои бахшҳои дандондармонии калонсолон ва кӯдакона, маслиҳат ва табобати занҳо (гинекология), косметологӣ, озмоишгоҳ, ташхиси фаросавтӣ (ултрасадо), ташхису табобати бемориҳои дил ва дар маҷмӯъ, 13 утоқи корию хизмат­расонӣ мебошад.

Дар марказ бо мақсади табобати корафтодагон бо гиёҳу растаниҳо ва меваҳои табиии Тоҷикистони баҳиштосо гӯшаи гиёҳдармонӣ бо ҳама шароит ташкил карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулону кормандони марказро барои истифодаи мақсадноку самаранок аз имконоти фароҳамгардида ҷалб намуда, ба табибон барои ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ва муомилаву муоширати хуб бо мизоҷон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Кормандони марказ имкон доранд, ки дар як рӯз ба 50-60 нафар корафтода хизмати тиббӣ расонанд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок тадбирҳои заруриро амалӣ кардааст. Дар натиҷа, давоми 29 сол дар тамоми шаҳру ноҳияи кишвар дастовардҳои чашмрас ба миён омадааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар маркази нави ташхисию табобатӣ иншооти навро ҳамчун туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия арзёбӣ карда, онҳоро барои равона намудани малакаю маҳорат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизмат­расонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад, ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин, муассиси марказ ва табибони он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагӣ аз соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили бинои муосири табобатӣ баҳри солимии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Атрофи маркази табобатӣ дар масоҳати 1800 метри мураббаъ кабудизор карда, наздик ба 500 адад гули гуногунранг ва ниҳоли ҳамешасабз шинонида шудааст, ки ба муҳит зебоии хос зам менамоянд.

Дар саҳни марказ барои истироҳати мизоҷон ду суҳбаткадаи зебо ва нишастгоҳҳо гузошта, атрофи он пурра сафолакпӯш карда шудааст.

Атрофи биноро шабонгоҳ 8 адад чароғи рӯшноидиҳанда зиннат мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Зафаробод»-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоишгоҳи истеҳсолии корхона дидан намуданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз даҳ намуди маҳсулот, аз ҷумла, қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дӯғу дӯғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар корхона моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст. Дар ин ҷо барои коркарди шир се деги сетоннагӣ ва чор деги дутоннагӣ ҷиҳати пурра омода кардани маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.

Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот мебошад. Маҳсулоти он тавассути ду адад воситаи нақлиёти махсус ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мегардад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Зафаробод» 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии «Шири Зафаробод» дар як шабонарӯз аз 5 то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад.

Маҳсулоти корхона таҳти номи «Шири Зафаробод» дар зарфҳои 200, 300, 400 ва 500-грамма асосан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Шири корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад панҷ адад воситаи нақлиёт ҷудо гардидааст. Дар ду деҳоти ноҳияи Зафаробод нуқтаҳо барои ҷамъоварии он низ ташкил шудааст.

Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Яке аз навгониҳои дигар дар корхонаи истеҳсолӣ таъсис додани ҳуҷраи тамизкунии сарулибоси кормандон қабл аз ворид шудан ба коргоҳи истеҳсолӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра ба раванди истеҳсолот дар ҳамон ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхона, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Масъулини корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша доранд, ки дар оянда коргоҳи истеҳсоли панирҳои ҳолландиро низ таъсис диҳанд ва боз 20 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.

Зимни муаррифии лоиҳаи коргоҳи нав иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави саноатӣ дар масоҳати 250 метри мураббаъ сохта мешавад ва ҳадаф аз ин иқдом таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат»-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

50336825122_76f23688b8_oКорҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки 10 сентябри соли 2019 оғоз гардид, бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ анҷом пазируфтааст.

Барои корҳои бунёдӣ 16 нафар сохтмончӣ ҷалб гардидаанд, ки бо маош ва шароити хуби корӣ таъмин буданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат» аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 931 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Ошёнаи якуми бино ҳамчун маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошёнаи дуюм ҳамчун мағозаи фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ гардидааст. Таҳхонаи он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ашёи зарурӣ истифода мешавад.

Дар мағоза ҳама гуна маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла, маҳсулоти хӯрока, мевагиҳо, шириниҳо, маҳсулоти гӯшту ширӣ, нонӣ ва ғайра фаровон аст.

Лозим ба таъкид аст, ки иншооти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди марказҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 40 нафар ятим, 17 духтар ва 23 писар, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар ятим мондаанд, мулоқоти самимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сарулибоси мактабӣ, либосҳои зимистона, шириниҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.

Мутобиқи маълумот, шумораи ятимону бепарасторон дар ноҳияи Зафаробод 218 нафарро ташкил медиҳад, ки 12 нафарашон ятими кулл мебошанд ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа бе пушту паноҳ намемонанд ва Давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша баҳри дастгирии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳафт маротиба ба ноҳияи Зафаробод ташриф овардаанд ва зимни ҳар як сафари корӣ бо ин қишри ниёзманди ҷомеа суҳбату вохӯриҳои самимона анҷом дода, аз ҳолу аҳволашон бохабар шудаанд.

Чунин амали хайр, ки аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбад, боиси рӯҳбаландӣ ва шодиву нишоти ятимону бепарасторон мегардад. Он рӯз аз чеҳраи ятимону бепарасторони ноҳия аён буд, ки онҳо Президенти маҳбуби худро, ки пайваста дастгириашон менамоянд, бесаброна интизор буданд.

Ҳангоми суҳбат Сарвари давлат ба онҳо маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илмҳои замони муосирро аз бар намуда, ҳамчун фарзандони бонангу номуси Ватан ба воя расанд.

Кӯдакон, дар навбати худ, ваъда доданд, ки дастуру маслиҳатҳои падаронаи Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмарра қарор дода, оянда ҳамчун ватандорони асил ба воя мерасанд ва саҳми худро дар боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд. Зеро онҳо худро дар зери сиёсати иҷтимоии роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос намекунанду пуштибони ҳақиқии худро доранд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод, ҳамчунин, ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.

50336684166_ddbdba5b6e_oДар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Чӯҷаҳо, ки барои парвариш аз шаҳри Хуҷанд дастрас гардиданд, дар давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 3 килограмм вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мегарданд. Муассиси корхона соҳибкори ватанӣ Фурқат Нормаматов мебошад.

Корхона дорои панҷ мурғхона хоҳад буд, ки се адади дигари он то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ба истифода дода мешавад.

Масоҳати корхонаи нави парандапарварӣ 2 ҳазору 260 метри мураббаъро дар бар мегирад. Феълан дар ду бинои он 30 ҳазор сар паранда парвариш меёбад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Роҳбарияти фермаи парандапарварии «Ҷасур» ваъда доданд, ки саршумори парандаро дар оянда ба 75 ҳазор сар расонда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезиро боло мебардоранд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд гардида, дар самти тақвияти иқтидори содиротии кишвар, рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина гузошта истодаанд.

Дар фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Дар оянда ин шумора ба 50 нафар расонида хоҳад шуд. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Дар ҳамон ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи се мурғхонаи дигар, ки дар марҳилаи дуюм бунёд карда мешавад, муаррифӣ шуд.

Иқтидори солонаи истеҳсоли гӯшт айни ҳол дар ин ферма 340 тоннаро дар бар мегирад ва бо фаъол гардидани марҳилаи дуюми он ин нишондод то ба 800 тонна расонида хоҳад шуд.

Масъулини корхона нақша доранд, ки истеҳсоли хӯроки чӯҷаҳоро низ дар назди корхона ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, дар саҳни фермаи парандапарварӣ намунаҳои гуногуни гӯшти парандаи истеҳсоли корхонаи мазкур, аз ҷумла, дар шакли яхкардашуда, поча ва қаноти мурғ ба намоиш гузошта шуд.

Масъулони фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» нақша доранд, ки бо истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузоранд ва дар ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро низ ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди парвариши паранда дар ферма ва намоиши маҳсулоти корхона иқдоми соҳибкори ватаниро муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва саҳмгузории бештар дар дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро аз назар гузаронида, дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

50340768511_eb56b3fe24_oДар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия муаррифӣ карда шуд.

Кишоварзони ноҳияи Зафаробод соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус, маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 896 гектар кишт гузарониданд, ки 7070 гектари онро ғалла, 274 гектарро картошка, 469 гектарро сабзавот ва 1361 гектари дигарро полезиҳо дар бар мегиранд.

Дар ноҳия ба парвариши тарбузу харбуза, зардолу, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ бештар аст. Ҳар сол заҳматкашон ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконот истифода мебаранд. Дар намоишгоҳ зиёда 30 навъи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваю сабзавот, ғалладонагӣ, полезӣ ва маҳсулотӣ нонӣ ба намоиш гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як порча замин ва гирифтани ду — се ҳосил, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза тавсияҳои муфид доданд.

Дар ноҳияи Зафаробод ба рушд ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» заминаҳоро дар ин самт боз ҳам устувор кардааст.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, кашидадӯзӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ ва хӯрокҳои миллӣ муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат ба ҳунари волои кадбонугии занону бонувони Зафаробод ва саҳми арзандаи онҳо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таҳсин хонданд.

Ҳунармандони ноҳия дар дои­раи дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки дар омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, нонпазӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавондухтарон саҳмгузор бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» ба чиниши пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз бахшиданд. Тибқи иттилоъ, дар тавозуни хоҷагии ёрирасони «Ҷасур» 10 гектар замин мавҷуд аст.

Соли равон дар заминҳои хоҷагӣ пурра кишти пунбадонаи навъи «Хуҷанд — 67»-ро ба роҳ монданд, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад ва бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ, ҳосили фаровонро интизоранд.

Хоҷагии ёрирасони «Ҷасур», ки соли 2015 ташкил шудааст, 20 нафар саҳмдор дорад.

Дар мавсими кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ бошад, шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ ба корҳои саҳроӣ дар заминҳои хоҷагӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар ноҳияи Зафаробод, ки яке аз калонтарин ноҳияи пахтакор дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, соли равон дар масоҳати 14 ҳазору 382 гектар кишти пахта ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хоҷагии ёрирасони «Ҷасур»-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, пахтаи аълосифат, шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил дар як сол метавонад ба амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намояд.

14 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои миллатро самимона истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён Корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск»-ро ба истифода доданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори корхона ба барориши 2 миллиону 970 ҳазор чӯҷа баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро бо чӯҷаи якрӯза таъмин намояд. Ин дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ барои таъмин кардани талаботи корхонаҳои парандапарварии мамлакат аз хориҷи кишвар беш аз 3 миллион чӯҷаи якрӯза ворид карда мешуд.

Зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхона Сарвари давлат иқдоми соҳибкорони ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Самти асосии фаъолияти Корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва ба фурӯш баровардани чӯҷаи якрӯза мебошад. Зоти ин мурғҳо «Декалб Уайт» буда, аз Федератсияи Россия оварда шудааст. Ин зот ба ширкати ҳолландии «Хендрекс Дженетикс» тааллуқ дорад.

Зикр гардид, ки миқдори мурғи зоти падар-модар аз 15 ҳазор сар шурӯъ шуда, то охири сол ба 45 ҳазор расонида мешавад. Иқтидори нигоҳдорӣ ва нигоҳубини мурғи тухмгузор бошад, ба 141 ҳазор сар расонида шудааст.

Дар корхонаи парандапарварии навтаъсис муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, дастрас ва васлу насб гардидааст.

Корхона бо маблағи 15 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Дар баробари навсозӣ ва насби технологияи муосири соҳа, дар корхонаи чӯҷабарорӣ озмоишгоҳи замонавӣ ташкил карда шудааст, ки дар он мутахассисони варзида ба кор ҷалб гардидаанд. Инчунин, корхона дорои ошхона ва хати оби нӯшокӣ мебошад. Яъне, барои кормандон шароити хуби истироҳату фароғат муҳайёст.

Корхонаи муштарак дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҷониби соҳибкорони ҳар ду давлат бунёд карда шудааст.

Ҳамин тариқ, заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла, таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ, натиҷаҳои босамар дод. Ба ифодаи дигар, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуд ва талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи чӯҷабарорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуд.

Ҳудуди корхонаи парандапарварӣ ободу зебо карда, гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 ифтитоҳ бахшиданд.

Дар мактаб, ки барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Бинои муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дар таҳхонаи бинои нави таълимӣ синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон ҷойгир ва синфхонаҳо, утоқҳои корӣ бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба ­масъулон ва омӯзгорон барои тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муассисаи таълимӣ дорои толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бо 300 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо 280 ҷой ва ошхона бо 240 ҷойи нишаст мебошад.

Бинои нави муассиса, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст, беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони маҳаллаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба шумор меравад. Бинои муассиса бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ, ки ду сол идома ёфт, беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Ба ғайр аз толори барҳавои варзишӣ, дар шафати мактаб майдони варзишӣ низ бунёд карда шудааст, ки хонандагон имкон доранд, ба бозиҳои гуногун машғул шаванд. Ҳудуди муассиса ободу зебо гардонида, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис дар муассиса бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ доир намуданд.

Таъкид карда шуд, ки омӯзгорон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи хонандагон фаъолият намоянд, зеро дар муассиса тамоми шароит мавҷуд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Резгиф»-и деҳоти «Оббурдон»-и ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дастранҷи аҳли заҳмати ноҳия — номгӯйи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҳои тару тозаи табиӣ аз ҷумла, картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, бойимҷон, тарбузу харбуза, себу нок, ангуру шафтолӯ, ҳамчунин, маҳсулоти гуногуни нонӣ ва асал ба намоиш гузошта шуд. Ба илова, дар намоишгоҳ кадбонувони ноҳия таомҳои миллӣ омода ва пешниҳод намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Резгиф» бо ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Резгиф», ки ба Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Фирдавсӣ» шомил мебошад, соли 2003 таъсис ёфтааст. Он дорои 57 гектар замин аст, ки дар он кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла, чормағзи заминӣ, ба роҳ монда шудааст. Роҳбарии хоҷагиро, ки дар он 155 саҳмдор фаъолият мекунанд, деҳқони ботаҷрибаю кордон Мирзомаҳмад Собиров бар уҳда дорад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ соле аз 13 то 15 ҳазор тонна чормағзи заминӣ истеҳсол мекунанд. Майдони кишти чормағзи заминӣ сол то сол васеъ карда, истеҳсоли он афзоиш дода мешавад. Танҳо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Резгиф» бо меҳнати шабонарӯзӣ аз ҳар гектар замин то 4 тонна чормағзи заминӣ ба даст меоранд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи мамлакат зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон ҳидоят намуданд.

Хоҷагидорон пас аз рӯёнидани ҳосили кишти асосӣ, кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода мебаранд. Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳия ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагиро беҳтар намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 5 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Масоҳати замини корам бошад, 23 ҳазору 325 гектарро дар бар мегирад, ки 21 ҳазору 910 гектари он замини обӣ мебошад.

Айни замон масоҳати умумии кишти чормағзи заминӣ дар ноҳия 2 ҳазору 900 гектарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, сокинони ноҳияи Мастчоҳ, аз баракати заминдорӣ рӯзгори босаодат доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Оббурдон»-и ноҳияи Мастчоҳ ба Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Сафар» ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи коркарди шири «Нури Сафар» филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» дар ноҳияи Мастчоҳ мебошад, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар мегирад. Корхонаи коркарди шир дорои ду бинои асосӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади коркарди шири маҳаллӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ хатти нави технологӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст, дастрас ва васлу насб карда шуд.

Бояд гуфт, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ширро аз аҳолӣ харидорӣ намуда, аз он 15 намуди маҳсулот, аз ҷумла равғани маска, панир, қаймоқ, ҷурғот, чакка, кефир ва фаллаи шир истеҳсол менамояд.

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна ширро коркард намояд. Ҳамчунин, дар корхона, дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан, барои маҳсулоти ширии коргоҳ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти талабот ба зарфҳои гуногуни пластикии истеҳсолнамудаи корхона фурӯши он ба дигар ширкату коргоҳҳо низ ба роҳ монда шудааст.

Дар корхонаи коркарди шир 55 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гардидаанд.

Зимни суҳбат бо масъулон Сарвари давлат истеҳсоли маҳсулоти баландсифатро дар корхона махсус таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки шир аз ҷумлаи маҳсулоти зудвайроншаванда буда, муҳлати ками нигаҳдорӣ дорад ва маҳсулоти аз он омодашаванда бояд босифат бошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ имконият зиёд аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки захираи мавҷуда самаранок истифода гардида, ҳаҷми истеҳсоли он, бо дарназардошти талаботи аҳолӣ бамаротиб афзоиш дода шавад.

Минбаъд бозори истеъмолии ноҳияи Мастчоҳ ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маҳсулоти истеҳсолнамудани Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури Сафар» таъмин хоҳанд шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакис­тони хусусии «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои нави кӯдакистони хусусии «Ваҳдат» дуошёна буда, бо тарзи миллӣ ва муосир бунёд гардидааст.

Муассисаи хусусии томактабии мазкур дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст.

Бо дарназардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқ ба стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ки дар як рӯз қариб 200 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ маънидод карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон» иҷро гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз 8 утоқ барои гузаронидани дарс ва машғулиятҳо, 6 утоқи фароғатӣ, ҳуҷраҳои шустушуйӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Дар дохили кӯдакистон ҳавзи замонавии шиноварӣ низ сохта шудааст, ки яке аз бартариятҳои муассиса дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ҷиҳати ба кор ҷалб кардани мураббияҳои соҳибихтисосу дорои маҳорату малакаи баланди муошират бо кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли ояндаи миллат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Кӯдакистони «Ваҳдат» дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин муассисаи хусусии томактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо бунёди бинои нави кӯдакистони хусусии «Ваҳдат» шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба 12 адад расид, ки қариб 2 ҳазор кӯдак дар онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Соҳибкорони баору номус ва боҳиммати ноҳияи Мастчоҳ сиёсати созанда ва дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ, махсусан, бунёди иншооти соҳаи маориф, саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.

Дар муассисаи нави томактабӣ ҷиҳати сайругашт ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани кӯдакон майдончаи замонавӣ, ки бо таҷҳизоти нави дилхушкунанда муҷаҳҳаз гардидааст, мавҷуд аст.

Бо мақсади сабзу хуррам гардондани саҳн ва атрофи бинои навбунёд дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Нишастгоҳҳои замонавӣ ва айвончаҳо, ки дар саҳни ҳавлии муассиса гузошта шудаанд, имконият фароҳам меоранд, ки кӯдакон фориғ аз таълим истироҳати худро комил гардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои кӯдакистони хусусии «Ваҳдат» дар тарабхонаи «Бӯстон» бо ятимон мулоқоту суҳбати самимӣ баргузор намуданд.

50341086222_38935eda73_oТибқи иттилоъ, дар ноҳияи Мастчоҳ 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки 24 нафарашон ятими кулл мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан, забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар кӯдаки ятим, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.

Ятимон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ карда, ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Хушбахтона, дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа ҳоло худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис намекунанд. Онҳо бо шукр­гузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.

Бинои тарабхонаи «Бӯстон», ки дар маркази ноҳияи Мастчоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.

Иншооти мазкур, ки бо тарҳи меъмории муосир сохта шудааст, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намуд. Минбаъд сокинони ноҳияи Мастчоҳ имкон доранд тӯю маъракаҳоро дар тарабхонаи барҳавои назаррабо, ки дорои шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон аст, баргузор намоянд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои тарабхонаи «Бӯстон» имкон фароҳам омад, ки чанд нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин ва ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар гардад.

Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардидааст, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.

Утоқҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда дар ошёнаи якум барои кормандони Идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.

Толори бошукӯҳ ва замонавии ақди никоҳ ва толори машварати ҳуқуқӣ низ дар ошёнаи якум ҷой дода шудаанд. Дар толори машварати ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.

Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи дуюм шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм, ҳамчунин, барои қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон равзанаи ягона таъсис дода, дар он таҷҳизоти замонавӣ насб шудааст. Китобхонаи Маркази адлия бо китобҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ таъмин мебошад.

Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст. Зимни сохтмони бино 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Атрофи бино дар масоҳати беш аз 260 метри мураббаъ сафолакпӯш, 160 метри мураббаъ сабзазор ва зиёда аз 220 метри мураббаъ мумфарш гардидааст.

Гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз ва дигар зебоиҳои атрофи иншоот барои таъмини фароғати сокинон, сайругашт ва хотирмон баргузор намудани маросими оиладоршавии ҷавонон мусоид аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани бинои хуштарҳу замонавиро беҳтарин туҳфа барои кормандони соҳа ҳисобиданд.

Сарвари давлат таъкид дош­танд, ки шароити фароҳамгардида дар иншоот аз кормандони соҳа дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон масъулияти баланди вазифавиро талаб мекунад.

Дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёнаи дорои 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро дар даҳ моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба иҷро расондаанд. Он дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилоъ, аксар кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Мастчоҳ ҷавонон ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карданд.

Роҳбари ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд.

Он дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

Майдони Парчами давлатӣ, ки дар шафати бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст, ба зебоии ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозии матои он 14 ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,71 гектар бунёд карда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 80 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи дарахтони ин мавзеъ зиёда аз 100 бехро ташкил медиҳад. Масоҳати сабзазори майдон ба 3100 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар назди Парчами давлатӣ ду фаввора ва дар ду шафати он суҳбаткада бунёд ва даҳ адад нишасткурсӣ насб шудааст.

Ҳамин тариқ, дар маркази ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.

Майдони Парчами давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ низ мусоид мебошад.

Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 400 метри мураб­баъ сафолакпӯш гардидааст. Дар ин мавзеъ, дар сутунпояҳои зебои гуногунҳаҷм, 17 адад чароғаки ҳархела насб намудаанд, ки баробари равшаннамоӣ зебоиро дар майдон таъмин менамоянд.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, партавафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия нишони арҷу эҳтиром гузош­тан ба рамзҳои давлатӣ мебошад, ки боиси баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастии насли наврасу ҷавон мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифро ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба аҳли маориф ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб ёфта, аз се ошёна, 17 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Дар бинои шуъбаи маориф китобхона, Маркази технологияи иттилоотӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ ҷой гирифтааст, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон ва пешрафти ин самтҳои муҳими соҳаи маориф мусоидат менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф, ислоҳоти низоми таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ба комёбиҳои зиёд ноил гардид. Заҳмати омӯзгор ва кори пурмасъулияти аҳли маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани сифати хониш, азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дастуру супоришҳо доданд.

Таъкид гардид, ки кормандони соҳа бо истифода аз шароити фароҳамомада бояд баҳри пешрафти кори таълиму тарбия пурсамар фаъолият намоянд.

Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ барои таваҷҷуҳу ғамхории доимии Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маорифу кормандони соҳа изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри рушди маориф, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди таълиму тарбия донишу маҳорати худро равона месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» — ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд.

50341813446_353667b029_oМаврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Тоҷикистон» баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст. Масоҳати умумии он 4,5 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барқсохтмон» мебошанд. Корҳои сохтмонию навсозии боғ бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сифати баланд иҷро гардидааст. Барои навсозии боғи мазкур 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Даромадгоҳи асосии боғ бо санъати баланди меъмории миллӣ оро дода шудааст. Инчунин, барои назаррабо гардидани боғ беш аз 30 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонидаанд.

Бар илова, дар ҳудуди он дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, аз қабили санавбар, ёси ҳиндӣ, сӯзанбарг, магнолия, туя, палма, юка ва дигар навъҳои зебо, ки ба муҳити атроф ва саломатии инсон таъсири хуб доранд, шинонида шудааст.

Роҳравҳои боғ дар масоҳати 4 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш, 3 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст ва бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад. Барои равшаннамоии боғ 40 адад чароғ дар сутунпояҳои 9 — метра ва 20 адад дар сутунпояҳои 2,5 — метра насб гардидаанд.

Ҷиҳати хушу хотирмон сипарӣ намудани истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди боғ 2 айвон ва 40 адад нишасткурсӣ  мавҷуд аст.

Шаршара ва фаввораҳои назаррабою дилкаш ба зебоии боғ ҳусни дигар зам мекунанд. Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон бошад, майдончаи бозӣ  мавҷуд аст, ки дар он атраксионҳои гуногун насб гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин ҷо бо завқи баланди зебоиофарӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.  Ҷиҳати муаррифии либосҳои миллӣ дар як гӯшаи боғ пайкараи бонувон насб гардидааст, ки дар тан либосҳои миллӣ доранд. Ин макон бозгӯи фарҳанги қадимаи либоспӯшии бонувони тоҷик мебошад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ беш аз 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50341214023_f068ca1ded_oДар он, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё гардидааст. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари ин иншооти фарҳангӣ  Дирексияи  сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арзиши лоиҳавии он беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанг, ки соли 2018 оғоз гардид, дар муддати кӯтоҳ, бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ, аз ҷониби беш аз 100 нафар коргару мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-3» ба анҷом расидааст.

Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот, бо дарназардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик, кандакориву наққошӣ гардидааст. Девору сақфи бино низ бо нақшунигори миллӣ ороиш дода шудааст, ки  аз санъати волои меъмории миллӣ дарак медиҳад.

Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, раққосӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ ва китобхонаи бачагона, толори хонишу бозии шоҳмот мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ  Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд. Дар таҳхонаи бинои Қасри фарҳанг толори рақс, студияи сабти овоз, нуқтаи нигоҳдории либосҳои ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷой гирифтаанд.

Дар ҳамон ҷо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ 30 номгӯи сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бунёди Қасри муҳташами фарҳангиро туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуданд.

Дар баробари бунёди Қасри фарҳангӣ хонаҳои фарҳангии мавҷуда низ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Тибқи иттилои масъулин, бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳони маънавии сокинон то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти ноҳияи Мастчоҳ боз 6 хонаи фарҳанг ва 4 китобхона сохта, ба истифода дода мешавад.

Сипас, дар толори барҳавои иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ барномаи пурмуҳтавои ҳунарӣ пешниҳод гардид.

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қас­ри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро, ки аз рӯйи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзиш мавриди истифода қарор доданд.

50341289643_99df70fa8d_oҚасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла, гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзю-до, самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ бунёд ёфтааст.

Лоиҳаи иншооти мазкур, бо дарназардошти унсурҳои меъморӣ, ороишии хосаи замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.

Дар корҳои сохтмонӣ, ки моҳи майи соли 2018-ум оғоз гардидааст, даҳ нафар сохтмончии ватанӣ малака ва донишу таҷриба истифода намудаанд. Масоҳати умумии иншоот 880 метри мураб­баъро ташкил медиҳад ва аз як ошёна иборат мебошад.

Дар толори асосӣ ду ҷой барои тамрин, баргузории мусобиқаҳо мавҷуд аст. Барои тамошои машғулиятҳову мусобиқаҳои варзишӣ барои 200 нафар тамошобин ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои машғул шудани то 100 нафар варзишгар ба машқу тамрин шароит фароҳам гардидааст, ҳуҷраҳои истироҳатию либосивазкунӣ низ мавҷуд мебошанд.

Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» бо мақсади оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обутоби бадан бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз қаср ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 7 варзишгоҳ, 41 толори варзишӣ, 21 майдончаи муосири варзишӣ ва як ҳавзи шиноварӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 600 нафар варзишгар, дар қатори онҳо 55 нафар бону дар назди устодони соҳа аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин менамоянд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷавонону наврасон ба футбол, волейбол, баскетбол, гӯштин ва чавгон майлу рағбати зиёд доранд. Аз ин ҷост, ки дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, дар баробари дастовардҳо ба мақоми баланд комёб гардидаанд.

Сокинон ва ҷавонони ноҳия бунёди қасри зебою замонавиро ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли оянда арзёбӣ намуданд.

14 сентябри соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ бахшида, дар ҳамон ҷо бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил медиҳад. Варзишгоҳ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон», «Темурҷон» ва «Эъҷози ҳунар» сохта шудааст. Он аз чор минбари нишастгоҳ ва ҷойи махсус барои меҳмонони олиқадр иборат аст. Масоҳати майдон барои бозии футбол 105 бар 68 метр мебошад.

Дар ошёнаи якум утоқи кории директор, ҳуҷраи маъмурият, толори машқи бадан, тенниси рӯи миз, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраҳои назорати допингӣ, нигоҳи бозингарон, интизорӣ, либоскашӣ, утоқи мураббӣ, душхона, ҳоҷатхона, анбори таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраи техникӣ, ошхона, шустушӯйи зарфҳо, анбор, хол ва роҳрав ҷойгир аст. Дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи меҳмонон, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва санитарӣ ҷойгир шудааст. Дар минбари шарқӣ ҳуҷраи доварон, ҳуҷраи инспекторон, ҳуҷраи мураббӣ, либос­кашии варзишгарон, маҳс, ҳаммом ва ҳуҷраи техникӣ мавқеъ доранд.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ суханронӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланди вилояти Суғдро ба ифтихори бистунуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид карданд, ки дар вилоят раванди ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги халқамон сисолагии Истиқлолияти давлатӣ босуръат идома дорад.

Умуман, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то моҳи сентябри соли 2021 бунёду азнавсозии беш аз 7200 иншооту бино ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумот, дар вилоят то ба ҳол аз ҳисоби буҷет, соҳибкорону шахсони саховатманд ва сармоягузорони хориҷӣ сохтмон ва азнавсозии беш аз 5000 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, 254 муассисаи таҳсилоти умумиву томактабӣ, 74 иншооти соҳаи фарҳанг, 344 беморхона, бунгоҳи тиббӣ, маркази тиббӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, 731 маркази хизматрасониву савдо, 29 меҳмонхона, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 40 гулгашт, 335 толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон, 235 корхонаи истеҳсолӣ ва беш аз 2800 иншооти дигар ба итмом расидааст.

Соли 2020-ум бунёду таҷдиди қариб 1900 иншоот ба нақша гирифта шуд, ки аз ин ҳисоб дар 7 моҳ 986 иншоот ба истифода дода шуд.

Аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани иншооту корхонаҳои зикргардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Тибқи нақша, дар ноҳияи Мастчоҳ солҳои 2018-2021 бунёду азнавсозии 531 иншоот пешбинӣ шуд, ки то ба ҳол 369 адади он ба истифода супорида шудааст.

Дар 29 соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин муддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ 565 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.

Илова бар ин, дар ноҳия 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба барқарорсозии инфрасохтор ва рушди деҳот, сохтмону муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, бунёду таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои мошингард, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва кам кардани талафоти он, таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи зиёда аз 209 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст. Ҳоло дар ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 35 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 17 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи томактабӣ, 39 муассисаи тиббӣ, 30 иншооти соҳаи фарҳанг, 7 варзишгоҳ, 41 толори варзиш, 28 майдончаи варзиш, 2 меҳмонхона, 130 километр роҳи мошингард, 17 пойгоҳи обкашӣ ва 3 маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо зимни ин сафари кори Пешвои миллат 57 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бевосита дар маросими ифтитоҳи 17-тои он иштирок карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому самимият нисбат ба Пешвои миллат варзишгарони ҷавон барномаи ҷолиберо пешкаши ҳозирин карданд, ки бисёр хотирнишин буд.

15 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти «Понғоз» роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ, ки барои 1440 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари маорифпарвари мамлакат сохта, бо муосиртарин айёниятҳои таълимӣ таъмин карда шудааст.

defaultИн иншооти сеошёна дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон — соҳибкорон Махсудҷоновҳо сохта шудааст. Бинои қаблии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави муассисаи таълимӣ, ки моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфт, дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 барои аз бар намудани технологияи муосир синф­хонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ягона ба ҳисоб меравад.

Масоҳати умумии қитъаи замини мактаб 1,48 гектар мебошад. Бинои таълимӣ дар 928 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар таълимгоҳ барои илмомӯзии хонандагон муосиртарин шароит фароҳам гардидааст.

Мактаб аз 27 синфхона, аз ҷумла, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ барои 130 нафар, китобхона бо 8 ҳазор адабиёти гуногуни дарсию бадеӣ, толори хониш бо 30 ҷой ва ошхона иборат мебошад. Дар синфхона, утоқҳои корӣ, роҳрав ва саҳни бинои муассисаи таълимӣ камераҳои назоратӣ насб шудааст. Бинои таълимгоҳ бо системаи гармидиҳӣ таъмин гардидааст.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ, дар гирду атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, роҳравҳои саҳни мактаб сафолакпӯш карда шудаанд. Дар муассисаи таълимӣ 43 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс мегуянд.

Ҳамчунин, муассисаи таълимӣ дорои толори варзишӣ мебошад. Барои ҳунаромӯзии хонандагон дар ин ҷо маҳфилҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла, омода кардани хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рассомӣ ташкил карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Бародарон Махсудҷоновҳо нақша доранд, ки дар назди муассиса дар масоҳати 50 гектар хоҷагии ёрирасон низ ташкил намоянд.

Нақши бародарон дар дигар корҳои ободонии деҳоти «Понғоз», аз ҷумла, дар васеъ ва мумфарш кардани роҳи мошингарди миёни шаҳраки Шайдон ва деҳоти «Понғоз» назаррас аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 ба маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.

Шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷонибаи сокинонаш аз сиёсати бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдон майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.

Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,93 гектар замин сохта, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам шудааст.

Корҳои сохтмониро дар иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти «Ашти калон» ба анҷом расондааст. Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳраки Шайдон бо таҳкурсиаш, 52 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Атрофи иншоот гулкорӣ ва сабзазор карда, зиёда аз 20 ҳазор гулҳои рангоранги мавсимӣ, наздик ба 90 адад ниҳоли арча шинонда шудааст, ки майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 62 метри мураббаъ сафолакпӯш ва ду фаввораи зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бунёд карда шудааст.

Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 40 адад чароғак насб гардидааст, ки шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.

Хулоса, раванди созандагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бомаром идома дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият барои сокинон дар ин ҷо тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Инчунин, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ, бунёд, таъмир ва навсозии зиёда аз 300 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 237 адади он бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон барои сокинон, махсусан ҷавонону наврасони ноҳия, туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ошоба»-и ноҳияи Ашт токзори навбунёд ва боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Олами ангур»-ро аз назар гузарониданд.

111Онҳо аз ҷониби бародарон — соҳибкорон Зай­налобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Мақсудҷоновҳо дар доираи дас­туру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида бунёд карда шудааст.

Масоҳати боғи навбунёд 15 гектарро ташкил дода, дар се гектари он 1500 адад ниҳоли бодоми навъи аъло шинонида шудааст. Дар умум, теъдоди ниҳолҳои боғи нав 21 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки аз хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Россия, Украина, Туркия ва Чин дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа ворид шудаанд.

Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ иттилоъ дода шуд, ки аллакай соли дуюм 15 намуди ниҳол нишон додааст, ки ба иқлими минтақа мувофиқанд ва аз онҳо ҳосили зиёд ба даст овардан мумкин аст. Аҳли хоҷагӣ соли равон аз як бех ток то 10 килограмм ва дар маҷмӯъ 1,5 тонна ҳосилро интизоранд.

Дар токзори навбунёд зиёда аз 52 навъи ангур, аз ҷумла тоифӣ, ҳусайнӣ, кишмиши сиёҳ, шоҳона, эмир, ризомат ва ғайра парвариш меёбад, ки аксаран содиротӣ мебошанд. Обёрии боғи навбунёд бо усули қатрагӣ сурат мегирад ва бо ин мақсад чоҳи амудӣ кофта шудааст. Бино ба гуфти боғпарварон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бунё­ди боғҳои интенсивӣ дар шароити ҳозира барои сарфаи об ва боло бурдани сифату ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Дар боғи нави интенсивии хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 50 нафари дигар мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии бахши агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, иқлими мусоиди минтақаҳои мамлакат имконият медиҳад, ки майдони боғу токзор бо истифода аз ниҳолҳои серҳосил ҳар сол афзуда ва бо ин роҳ талаботи аҳолӣ ва корхонаҳо бо ашёи хом пурра таъмин гардад.

Дар ноҳияи Ашт майдони боғу токзор зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро ташкил медиҳад ва хоҷагидорон ҳар сол ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ масоҳати боғҳои содиротиро зиёд мекунанд.

Аҳли заҳмати хоҷагии «Олами ангур» бо дарки баланди маданияти истифодабарии замин дар зери ниҳолони ток кишти зироати гуногун, аз ҷумла тарбузро ба роҳ мондаанд. Инчунин, дар кишти такрорӣ дар ин заминҳо мош корида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки наздики 100 ниҳоли повлония, ки аз давлати Украина ворид шудааст, ҳамчун таҷриба дар боғ парвариш меёбад. Повлония соли аввали парвариш то 3-4 метр ва солҳои баъдӣ 8-9 метр қад мекашад ва ангурро аз гарду ғубор ҳифз менамояд. Ин навъи ниҳол баробари зебоӣ, ҳамчунин дар муддати кӯтоҳ барои истифода дар сохтмонҳо омода мегардад. Гулкунии повлония то як моҳ идома мекунад ва ба гуфти мутахассисон, аз 1 гектари он занбӯрпарварон метавонанд то 700 килограмм асал ба даст оваранд.

Соҳибкорони ватанӣ дар оянда нақша доранд, ки дар назди хоҷагӣ корхонаи коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монанд ва ба ин васила ҷойҳои кориро зиёд ва дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи навбунёд иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ намуна арзёбӣ намуда, барои истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт аз Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои ҳунармандон дидан намуданд. 

Дар он аҳли заҳмати ноҳия наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро, ки дар заминҳои ҳосилхез кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ карданд. Кишоварзон дас­турҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам сармашқи кор қарор дода, ҳар сол бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.

Дар ноҳия зиёда аз 6000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳар сол бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, тибқи маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоиши дастранҷи меҳнаткашон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иттилоъ доданд, ки тайи нуҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия  297 миллион сомониро ташкил додааст,  ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 35 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, ҳунари занону кадбонувони ноҳия, аз қабили пухтани анвои гуногуни нон, қалама, фатир ва кулча  муаррифӣ  гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ зиёда аз 5400 тонна ғалладона, 3690 тонна картошка, 5277 тонна сабзавот, 26656 тонна мева истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд мебошад.

Ашт яке аз маконҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу дар мамлакат буда, боғдорон ҳар сол майдони ин навъи меваи лазизу содиротиро бештар менамоянд. Майдони боғҳо дар ноҳия зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 12 гектар интенсивӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши анвои гуногуни зардолуи хушки боғпарварон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти мавҷуда, роҳандозии усули муосири бандубасти он ва содирот ба хориҷи кишвар ба масъулон дас­тур доданд.

Дар Ашт бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» ду сардхона бо имкони ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфтааст.

Ба рушди ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ҳунармандон дар доираи солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» талош мекунанд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамкардаи Ҳукумати мамлакат дар ҳифзи ҳунарҳои  миллӣ саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он ҳунари оҳангарӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва маҳсулоти аз пашми буз омодагардида муаррифӣ гардид, барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ ба ҳунармандон маслиҳатҳои судманд доданд.

Сокинони Ашт ба чорводорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳар сол истеҳсоли гӯшту шир ва пашмро зиёд мекунанд. Дар ноҳия муассисаи хоҷагии «Зотпарварӣ» ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов фаъолият дорад, ки дар он 10 ҳазор сар бузи серпашм парвариш меёбанд. Дар гӯшаи намоишгоҳ бузҳои серпашм, ки асосан барои истеҳсоли пашм парвариш мешаванд, ба маъраз гузошта шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иқлими Ашт барои парвариш ва зиёд кардани саршумори ин навъи буз мувофиқ буда, хоҷагидорон дар асоси дастурҳои Роҳбари давлат аз имконоти фароҳамгардида ҳамаҷониба истифода мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи кишоварзону чорводорони ноҳияро дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ва ашёи хом барои ҳунармандону корхонаҳои саноатии мамлакат шоистаи таҳсин хонданд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, гӯшту шир, пашм, анвои гуногуни мева ва полезиҳо ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, барои истифодаи имконоту иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамаҷониба талош меварзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ошоба»-и ноҳияи Ашт Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агроашт» ва ду сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

50344934711_a97f2b04ae_oНахуст Пешвои миллат дар маросими ба фаъолият пардохтани корхонаи навтаъсис, ки фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз ду навъи мева, тар ва хушк равона шудааст, ширкат варзиданд.  «Агроашт» дар паҳлуи сардхона таъсис дода шуда, беш аз даҳ намуди маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили қиёми зардолу, олу, ангур, каду, нок, себи биҳӣ, анҷир ва ғайра истеҳсол мекунад. Зикр шуд, ки дар рафти истеҳсолот ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он ҳамчун маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаву безарар ба кӯдакони аз синни сесола боло низ тавсия дода мешавад.

Коргоҳ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ таъсис дода шуда, дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ба кишварҳои хориҷа мусоидат менамояд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло дар коргоҳ беш аз 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти корҳои мавсимӣ шумораи онҳо то ба 150 нафар расонида мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз аз 5 то 6 тонна меваи тарро дар бар гирифта, техникаву таҷҳизоти зарурӣ маҳз барои истеҳсоли маҳсулот бо дархост ва маслиҳати соҳибкорони ватанӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ва ба кишвар дастрас шудааст.

Дар корхонаи замонавӣ истеҳсоли қиёми мевагиҳо дар нуҳ марҳила сурат гирифта, дар қуттиҳои коғазин бо шакл ва андозаҳои гуногун бандубаст мегардад. Раванди истеҳсолот бошад, аз тариқи компютер идора мешавад.

Мутобиқи маълумот, корхонаи «Агроашт» дар Осиёи Марказӣ ягона корхонае ба шумор меравад, ки аз меваҷоти тару тоза ва хушк маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол менамояд ва дар талаф наёфтани меваҷот саҳм мегузорад, зеро дар он баробари себҳои аввалиндараҷа, ҳамчунин, себҳои дуюминдараҷа аз хоҷагӣ ва аҳолӣ дастрас шуда, мавриди коркард қарор мегирад. 13 дастгоҳи истеҳсолӣ, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд, ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамояд. Масъулин нақша доранд, ки бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти маҳсулоти қаннодии қиёмро аз мевагиҳо бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷа, аз ҷумла ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монанд.

Соли 2019 Сарвари давлат ба роҳбарияти Корхонаи «Агроашт» дастур дода буданд, ки барои аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва ба муҳлатҳои дурудароз захира намудани мева дар назди хоҷагӣ сардхона бунёд намоянд. Супориши Роҳбари давлат то ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатӣ иҷро гардид. Ду сардхонае, ки бо дарозии 6 ба 18 ва 12 ба 18 метр сохта шудаанд, имкони ғунҷоиши то 150 тонна меваҷотро доранд ва баҳри захираи маҳсулоти кишоварзӣ бисёр мувофиқ мебошанд. Таъминоти сардхона аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон анҷом ёфта, танҳо барои нигоҳдории меваву сабзавоти дар хоҷагӣ истеҳсолшаванда пешбинӣ шудааст.

Лозим ба таъкид аст, ки хоҷагӣ дорои 12 гектар замини ангур ва 3 гектар бодом мебошад. Он дар заминҳое, ки аз соли 1992 аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, таъсис ёфта, ҳоло бо заҳмату талоши зиёди меҳнаткашон ба киштзори ҳақиқӣ мубаддал гардидааст. Дар заминҳои хоҷагӣ баҳри таъминоти фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин восита саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ аз як қатор кишварҳои хориҷа, аз қабили  Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Украина навъҳои серҳосили дарахтони ангур ва бодом ворид шудааст, ки ба иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.

Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, нақши онҳоро дар фаровонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳиму зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб гардидааст. Сардхонаи нав дорои анбори алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот буда, ҳамчунин, дар он барои кашонидани бор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тибқи нақша, дар оянда иқтидори сардхона ба 200 тонна расонида шуда, ҳамчунин дар дохили он сехи коркарди меваю истеҳсоли консерва ба роҳ монда мешавад, ки ба ин васила 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд. Дар он асосан молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, аз ҷумла, навъҳои гуногуни меваи хушк, се навъи мавиз, чормағз, бодом, шаш навъи зардолуи хушк, хуч ва дигар номгӯйи маҳсулот, ки дар шакл ва андозаҳои гуногун омода шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.

Дар саҳни ҳавлии коргоҳ таҷҳизоти зудхушккунандаи мева насб гардидааст, ки он ҳам ба сифати маҳсулот ва ҳам ба суръати истеҳсолот мусоидат менамояд.  Он имкон дорад, ки меваи тарро дар муддати то 8 соат хушк намуда, сифати онро то ду маротиба баланд бардорад. Ба андешаи масъулин, агар солҳои қаб­лӣ барои хушк намудани меваҷот тариқи офтоб то 6 рӯз сарф мешуд, ҳоло дастгоҳ кори онҳоро осон гардонидааст.

Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони бонангу номуси Ватан дар доираи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои созандаро рӯйи даст гирифта, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат саҳми босазо мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» ташриф оварда, ба маъракаи чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли 2009 ташкил гардида, феълан 562 гектар замини корами обиро дар ихтиёр дорад. Он дар ноҳия яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб рафта, дар пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хоҷагидорон бо тухмии хушсифати пахта, ҳамчунин, таъминоти дигар шаҳру ноҳияҳо саҳм дорад. Шумораи кормандони он 450 нафарро дар бар мегирад. Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 301 гектар кишти пунбадона гузаронидааст, ки бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуби майдони кишт айни ҳол ҳосили интизорӣ 35 — сентнерӣ муайян шудааст. Дар хоҷагӣ асосан навъи пахтаи «Дӯстӣ – 1», «Флеш», «Иншад – 2» парвариш мешавад, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошад. Аз ҳисоби кишти пахта хоҷагӣ ҳар сол фоидаи хуб ба даст меорад. Ҳамчунин, дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, дар масоҳати 140 гектар гандум, 60 гектар юнучқа, 21 гектар маккаи дон ва 40 гектар боғҳои навъи ҳархела парвариш мешавад.

Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёнидани якчанд ҳосил тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Тибқи нақша, бояд имсол дар масоҳати 150 гектар замин гандуми тирамоҳӣ кишт шавад. Дар қисми боқимондаи заминҳои дар ихтиёр­дошта кишоварзон ҷуворимакка корида, ҳамчунин ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯроки чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои фермаи хурди чорвопарварӣ буда, талаботи худро бо хӯроки чорво қонеъ мекунад ва ҳар сол хӯроки чорворо ба фӯруш низ мебарорад. Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии «Рахшона» ва рафти чиниши ҳосили имсолаи пахта, таъкид дош­танд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад ва ҳамин аст, ки ҳар сол тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти он зиёд карда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки масъулин ва аҳли кормандони хоҷагӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Хоҷагӣ се бошишгоҳи саҳроӣ дошта, онҳо бо таҷҳизот ва мошинолоти техникии корӣ таъмин мебошанд. Имкониятҳои фароҳамовардашуда ва таҷрибаи зиёди корӣ боис ба он гардидааст, ки ҳар сол бо густариш ёфтани фаъолияти хоҷагӣ номгӯй ва миқдори маҳсулоти соҳа зиёд гардад.

Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хоса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъу­намои хуби зироат муҳим фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулинро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими кишвар, кишти такрориро вусъат бахшанд. Зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили хуб буда, ба ин васила метавон маҳсулнокии заминро низ баланд бардошт.

Бо мақсади коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати шири худӣ соли 2019 дар назди хоҷагӣ сехи коркарди шир таъсис дода шуд, ки айни замон қаймоқ, ҷурғот ва равғани зард истеҳсол менамояд.

Самти дигари фаъолияти хоҷагии «Рахшона» он аст, ки ҳар сол барои қонеъгардонии талаботи худӣ, инчунин дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироатро истеҳсол менамоянд. Тибқи маълумот, аз ҳосили пахтаи соли гузашта ба миқдори 800 тонна тухмӣ гирифта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и ноҳияи Ашт ҳавзи моҳипарвариро ба истифода доданд.

33Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳама ҳавз 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад. Бино ба маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов, ҳавзи моҳӣ дар деҳоти «Ошоба»-и ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад.

Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳомии «Моҳии тоҷик» — и вилояти Суғд дастрас шудаанд. Дар кӯлҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар хоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 гектар боғи меваҳои гуногун, заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хӯроки моҳӣ ташкил карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ҷамъият барои ташкили дурусти кор, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва боғдорӣ, ки яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд, дастурҳои мушаххас доданд.

16 сентябри соли 2020 дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷии Хуҷанд» ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар саҳни коргоҳ намоиши ҳунарҳои мардумиро, ки ба ифтихори «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил гардид, аз назар гузарониданд. Дар он ҳунармандони чирадасти шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯс­тон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсули дастранҷашонро муаррифӣ намуда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифтанд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи  коргоҳро, ки аз сарулибоси мактабӣ, хилъатҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, матоъҳои безараркардашуда ва корҷомаҳо барои амалиёти ҷарроҳӣ иборат аст, диданд.

Дар коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷии Хуҷанд» навтарин таҷҳизот ва технология, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Италия мебошанд, насб гардидааст.  Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони «Нассоҷии Хуҷанд» коргоҳи нави дӯзандагиро, ки ба истеҳсоли либоси мактабӣ ихтисос шудааст, таъсис доданд. Мақсад аз бунёди он то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 60 ҳазор баста сарулибоси мактабӣ буда, аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол шудаанд ва ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар он дар ду баст 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки 90 дарсади онҳо занону бонувон мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳ  аввали соли 2020 оғоз ёфта, бо ҷалби 80 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расид. Масоҳати умумии иншоот 1 ҳазору 400 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ашёи хом асосан, аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба корхона дастрас гардида, то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад. Масъулони ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» нақша доранд, ки дар асоси шартнома содироти маҳсулоти истеҳсолнамударо ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ба роҳ монанд.

Маҷмӯъан, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷии Хуҷанд» ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангупардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли сарулибоси гуногун мавҷуд аст, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Роҳбарияти коргоҳ  барои дастгирии ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ сипосу миннатдорӣ намуда, азм доранд, ки  минбаъд низ ҷиҳати пешрафти иқтисоди миллӣ ва ба ин восита ташкили ҷойҳои нави кор  бештар талош  намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вилояти Суғд­ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳавост, ки бо тарҳи муосир сохта шудаанд. Дар ошёнаи аввали он дар масоҳати 200 метри мураббаъ Маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, буғхона ва тамизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. Ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири соҳа муҷаҳҳаз мебошанд. Дар таҳхонаи бино озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир буда, дар он таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Бинои истиқоматӣ барои ҳайати шахсӣ ва афсарони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз оилаҳо калиди хонаҳои истиқоматиро супорида, онҳоро барои соҳиби манзили истиқоматӣ шудан таҳният гуфтанд.

Ҳуҷраҳо дар бинои навсохт бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар шароити зист муҳайёст. Ҳамчунин, бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, барои дастгириҳои пайваста ва муҳайё намудани шароити арзандаи зист ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза»-ро мавриди истифода қарор доданд.

50348862836_9a287cbbd4_oИншооти хуштарҳу замонавӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Муқимҷон Ҳусейнов бунёд шуда, аз нуҳ ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва  дар он барои ширкатҳои ватанию хориҷӣ шароити мусоид барои кор муҳайё гардидааст. Сарвари давлат ба шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, истифодаи мақсадноку самарабахши имконоти мавҷударо ҳатмӣ ҳисобиданд.

Дар ошёнаи якуми иншооти навбунёд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020-2030 муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба дастовардҳои бузург ноил ва сатҳу сифати зиндагии сокинон бамаротиб баланд гардид. Ҳамчунин, дар ин давра коргоҳу корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва шумораи зиёди сокинон ба шуғли доимӣ таъмин шуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки барои соҳибкорону сармоягузорон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати мамлакат имконияти фарох фароҳам оварда шудааст.

Дар толори васею барҳаво ва дорои шароити хуби ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат бо натиҷаи кори олимон ва соҳибкорони ҷавони соҳаи технологияи иттилоот шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои соҳаи технологияи иттилоотии вилоят на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мебаранд. Сол то сол содироти барномаҳои технологӣ-коммуникатсионии мутахассисони тоҷик зиёд мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми олимони тоҷикро дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар назаррас ҳисобида, онҳоро барои дар оянда саҳми бештар гузоштан дар рушду тараққиёти ҷумҳурӣ ҳидоят карданд.

Корҳои сохтмонии бинои Маркази байналмилалии тиҷоратии «Сомон-Плаза» аз ҷониби коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон сохтмон ва К» бо сифати баланд ба итмом расидааст. Ҳангоми бунёди марказ усули хизматрасонии муосир ба назар гирифта шуда, дар он беҳтарин шароити кору фаъолият муҳайё мебошад. Дар маркази хизматрасонӣ, ки бо тарҳи хос сохта шудааст, барои қариб 100 нафар имконияти хуби кор фароҳам омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд.

Он аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, 200 кати хоб дорад ва ба маблағи 6 миллион сомонӣ ба тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо аз чор шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил иборат аст. Дар баробар ин, шуъбаҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил ва номураттабии кори дил, шуъбаи қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, шуъбаи ташхис, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузорӣ ва маҳс мавҷуд мебошад. Дар таҳхонаи он дармонгоҳи маслиҳатдиҳӣ, ҳуҷраҳои рентген ва ангиографӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил шудааст, ки истифодаи самарабахш аз 60 номгӯйи гулу гиёҳи шифобахши кишвар бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 40 номгӯйи ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад. Айни замон дар он беш аз 300 нафар корманди дараҷаи олӣ ва миёна кору фаъолият доранд.

Илова ба бунёди бинои нав, дар Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят се бинои дигар мавҷуд аст, ки онҳо низ пурра таҷдиду навсозӣ гардиданд. Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар муассисаи нави тиббӣ баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони бинои нави марказ дар асоси дас­туру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз моҳи августи соли 2018 оғоз гардид. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дар муддати кӯтоҳ гувоҳи татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ буда, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Масоҳати умумии муассисаи соҳаи тандурустӣ 3,5 гектарро ташкил дода, ҳудуди он ободу зебо гардонида шудааст. Тарҳи зебои бинои навсохт, роҳравҳои сафолакпӯш, фаввораҳои ранга, 10 айвон, нишасткурсиҳо ва саҳни он бо беш аз 400 ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва 58 ҳазор бех гулҳои ороишии мавсимӣ зинат ёфтааст, ки диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад.

Бо бунёд ва истифодаи бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ, ки қаблан аксари сокинон барои анҷом додани он ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, дар дохили ҷумҳурӣ бо истифода аз шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти нави соҳавӣ ва бо харҷи ками маблағ ба роҳ монда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар деҳоти «Ёва» аз «Хона-музей»-и Нозимҷон Усмонов дидан карданд.

50349072602_bd9154811c_o«Хона-музей» соли 2014 бо иқдоми шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст. Тибқи иттилоъ, нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рӯзгордорӣ аз асрҳои XVII-XVIII боқӣ мондаанд. Асбобҳои дар «Хона-музей» гирд овардашуда давраи зиндагонӣ ва урфу одати ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунад. Дар «Хона-музей» кӯзаҳои сафолӣ, мисӣ, асбобҳои мусиқӣ, асбобҳои кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикон, аз қабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Нозимҷон Усмонов барои ташкил кардани «Хона-музей» аз соли 2000-ум то ҳол аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори таърихиро ҷамъоварӣ намуда, дар хонаи истиқоматиаш макони аҳамияти таърихидоштаро таъсис додааст.

«Хона-музей» намои қадимаро ба худ касб карда, тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад. Аз замони таъсисёбии «Хона-музей» шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба он ҷо ташриф оварда, аз таъриху тамаддуни оламшумули халқи тоҷик воқиф гардида, таассуроти маънавӣ бардоштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи дубораи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ иқдоми пешгирифтаи сокини деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нозимҷон Усмоновро барои дар манзили истиқоматӣ ташкил кардани «Хона-музей» аҳсану офарин хонда, ин ташаббуси некро дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии он шоистаи таҳсин хонда, ин оиларо барои дигарон намунаи ибрат хонданд.

Оилаи Усмоновҳо дар ноҳия намунавӣ буда, маданияти баланди рӯзгордорӣ доранд. Бо дарназардош­ти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин оила маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гандум, лӯбиёгӣ, картошка ва ғайра ба таври кофӣ захира карда шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили донагӣ дар зарфҳои махсус ҷой карда шудааст, ки онро метавон то ду сол беталаф нигоҳ дошт. Соли равон бо ҳамроҳии фарзандон аз ҳосили дарахтони мевадиҳандаи ҳавлӣ мураббо, афшураи шафтолу, зардолу ва аз бодирингу помидор консерва омода карда, барои хонадон захира кардаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи «Хона музей» дар сатҳи баланд ташкил гардид, дидан карда, ба ҳунари волои занону духтарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд доданд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занони ҳунарманд зиёд буда, онҳо тарзи омода намудани хӯрок, пухтани нон, шириниҳо ва ғайраро ба ҷавондухтарон омӯзонда, ба ин васила дар рушди ҳунарҳои халқӣ саҳм мегузоранд. Инчунин, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин коргоҳи хурди қаннодӣ ташкил шуда, бештар аз 15 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Дар коргоҳи қаннодӣ номгӯйи зиёди кулчақанд, ширинӣ ва ғайра омода карда мешаванд.

Атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи бахшҳои рушдкардаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб мераванд.  Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» занону духтарон бештар ба ҳунаромӯзӣ, ривоҷу равнақ додани қолинбофии дастӣ ва эҳёи дубораи анъанаҳои миллӣ ҷалб гардидаанд. Ҳунармандон таъкид медоранд, ки аз ҳисоби маҳсулашон даромади хуб ба даст меоранд. Ҳоло дар ноҳия 3 ҳазор нафар занону духтарон ба ҳунармандӣ машғул буда, танҳо соли 2020 қариб 400 нафар ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардидаанд.

Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз полезиҳо ва дигар зароат, ки ба намоиш гузошта шуд, аз ҳосили фаровони имсола дар ноҳия дарак медиҳад. Соли равон кишоварзон дар натиҷаи оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам махсусан заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда, ҳам талаботи оиларо қонеъ гардониданд ва ҳам дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи анор ва ­нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуда, ҳамчунин дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзони меҳнатдӯст иштирок карданд.

50348231733_8862769bc7_oЗикр гардид, ки хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» дорои 8,22 гектар замин буда, саҳмдорон ба кишту парвариши зироат ва боғдорӣ машғул мебошанд. Боғи анор дар хоҷагӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Анорбоғи ҳосилдиҳандаи навъи «Мумтоз» дар хоҷагӣ соли 2009 ташкил гардида, аз он хоҷагидорон ҳар сол беш аз 10 тонна ҳосил ба даст меоранд. Роҳбари хоҷагӣ изҳор дошт, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил соҳибкорон ба сари замин омада, анорро харидорӣ ва ба бозорҳои мамлакат интиқол медиҳанд.

Ҷамъоварии ҳосили анорбоғ даҳаи дуюми моҳи октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳосил  имсол низ фаровон буда, тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, аз он бояд беш аз 10 тонна анор ҷамъоварӣ карда шавад. Майдони умумии боғ дар хоҷагии деҳқонии «Деҳқони нав» 4,02 гектарро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагӣ кишти такрории сабзӣ 0,35 гектар, бодиринг — 0,30, мош — 0,15, карам — 0,10 гектар ва сирпиёз 0,10 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи нашъунамо ҳосилнокии ҳама намуди зироат фаровон хоҳад шуд. Имсол дар кишти асосӣ кишоварзони хоҷагии деҳқонӣ дар масоҳати 0,70 гектар пиёз, 0,10 — картошка ва 2,50 гектар пахта кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Ҳосили пахта низ дар хоҷагӣ хуб буда, интизор меравад ба ҳисоби миёна 40 сентнерро ташкил диҳад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон инчунин намоишгоҳи дас­товардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расуловро аз назар гузарониданд. Дар он хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шумораи зиёди сокинони ба кишту парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ машғулбуда иштирок намуда, дар растаҳо маҳсули заҳмати хешро, ки давоми сол ҷамъоварӣ намудаанд, ба маъраз гузоштанд. Сифат ва фаровонии ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, лӯбиёгиҳо, полезӣ, зироати техникӣ, инчунин картошка, мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии ба намоиш гузошташуда аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва меҳнати пайвастаи кишоварзон дарак медод. Тибқи иттилоъ, соли равон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар масоҳати 17 994 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки назар ба соли 2019-ум 422 гектар зиёд мебошад. Имсол дар ноҳия ба миқдори 11277 тонна ғалладонагӣ, 14490 — сабзавот, 750 — полезӣ, 1579 — картошка, 3062 — ҷуворимакка ва 917 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин, дар масоҳати 1745 гектар кишти такрории зироатҳоро гузарониданд. Ин нишондод дар муқоиса ба як соли пеш 14 гектар зиёд мебошад.

Сокинон, хоса занону бонувон чанд номгӯи хӯроки миллии аз маҳсулоти кишоварзӣ омодашаванда ва нону дигар маҳсулоти нониро пухта, пешкаши меҳмонон гардониданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ошпазҳои ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзондани нозукиҳои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавонон ҳидоят карданд.

Дар ҳамон ҷо зоти чорвои калони шохдор, майдаи шохдор, асп ва парандаи дар хоҷагии «Деҳқони нав» парваришёбанда намоиш дода шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия чорвои калони шохдор ба 3674 сар, майдаи шохдор — 2935, асп — 90 ва паранда ба 263199 сар баробар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар 8 моҳи соли 2019 дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия ба андозаи 200,5 тонна гӯшт истеҳсол гардида бошад, пас дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондод ба 347 тонна баробар гардидааст. Ҳаҷми шири истеҳсолшуда бошад, 1766 тонна ё назар ба як сол пеш 17 тонна зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайваста ва истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва саҳми пайваста гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.

Сипас, Сарвари давлат майдони пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии «Мирҷалол» ва «Файзи нур»-ро диданд. Тибқи иттилоъ, хоҷагии деҳқонии «Мирҷалол» дорои 1,80 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдоронаш асосан ба пахтакорӣ машғул мебошанд.

Имсол кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 1,50 гектар кишти пахтаи навъи мутобиқ ба иқлими ноҳия гузарониданд. Дар боқимонда замин қаламфури булғорӣ кишт намуданд. Дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии «Файзи нур» бошад, 6,30 гектар замин мавҷуд мебошад. Аз ин масоҳат дар кишти асосӣ 4,50 гектар пахта, инчунин 0,50 гектар гандум ва 0,30 гектар қаламфури булғорӣ кишт намуда, дар кишти такрорӣ, ин ҳам баъди ҷамъоварии гандум, яъне дар масоҳати 0,50 гектар шолӣ кишт карда шудааст. Ба иттилои кишоварзон имсол масоҳати умумии пахтазор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қариб 6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки назар ба соли 2019 беш аз 170 гектар зиёд мебошад. 21 хоҷагии кишоварзӣ ба кишту парвариши пахта машғул мебошад.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтароне, ки ба пахтачинӣ машғул буданд, туҳфа тақдим карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гузош­тани санги асос ба  корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғд кварс» оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа он аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад. Дар хати истеҳсолӣ 80 номгӯйи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 грамм то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии зикршуда як сол буда, он ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмӯъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метри мураббаъ ё 150 тоннаро ташкил медиҳад. Ғафсии шишаи истеҳсолшаванда дар хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад, сайқалёфта буда, истеҳсоли он дар мамлакат ба роҳ монда нашуда буд.

Дар корхона ба роҳ мондани истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар дошта шудааст. Ҳудуди умумии коргоҳи «Суғд кварс» зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш аз 5 гектар сохта шуда, дар масоҳати боқимонда иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд ёфта, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ насб мегардад. Барои истеҳсоли маҳсулот асосан реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламит истифода шуда, пурра аз конҳои дохили мамлакат, аз ҷумла кони Қурғонча дастрас мешавад. Захираи ашёи хом дар ин кон беш аз 40 миллион тонна арзёбӣ мешавад.

Барои кашонидани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ даҳ техника, аз ҷумла шаш мошини калони боркаш ва се механизми истихроҷкунанда сафарбар мешавад. Инчунин, кашонидани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.

Бунёди корхона ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шуда, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки бо бунёд гардидани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот ва иқтисодиёти мамлакат боло бурда шавад, аз ҷониби дигар дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста мусоидат менамояд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парандапарвар»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд.

Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми «безостая» ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти тирамоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба андешаи мутахассисон, ҳосилнокии тухмии мазкур аз 80 то 100 сентнериро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад. Хоҷагии «Парандапарвар» ҳар сол дар заминҳои обӣ кишти сабзавот, полезӣ ва дигар меваю маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карданд.

Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ба ин восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.

www.president.tj