14 сентябри соли 2020
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғози сухан ҳамаи шумо – намояндагони мардуми сарбаланду меҳмоннавоз, бонангу номус ва созандаву ободкори ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати бистунуҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷашни фархундаи 5500 — солагии Саразми бостонӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, нишонаи таърихи бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, табрик мегӯям.
Воқеан истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад.
Маҳз истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мову шумо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги халқи худро ба таври шоиста қадрдонӣ кунем, анъанаву оинҳои миллатамонро эҳё намоем, санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бузурги халқамонро гиромӣ дошта, мероси бузурги маънавии гузаштагонро дар хизмати ҷомеа гузорем ва барои тарбияи наслҳои ояндасоз равона созем.
Ба шарофати истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мардуми мо дар шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, имрӯз Ватани азизамонро хеле ободу пешрафта гардонидаанд ва ба хотири фардои боз ҳам ободтар сарҷамъона заҳмат кашида истодаанд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, хусусан, дар зарфи солҳои охир рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон хеле беҳтар гардид.
Рушди устувори иқтисоди миллӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла, фарҳанг ва бунёду азнавсозии иншооти соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Моҳи марти соли 2016 ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки зимни сафари корӣ ба ноҳия баргузор гардида буд, хотирнишон карда будам, ки мардуми ноҳияи Мастчоҳ пас аз кӯч бастан ба мавзеи нав ва бунёд намудани диёри сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои қадимаи аҷдодиро бо ифтихор ва садоқат ба оинҳои ватандории худ ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини навбунёд оварда, онҳоро то кунун идома медиҳанд.
Сокинони Мастчоҳ дар ҳақиқат меросбарони асили тамаддуну фарҳанги чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо оинҳои навини даврони соҳибистиқлолии кишварамон омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд.
Бо дарназардошти ҳамин масъала, Ҳукумати мамлакатро вазифадор карда будам, ки ба хотири рушди фарҳанги ғании аҷдодӣ, тайёр кардани ҳунармандони касбӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ дар маркази ноҳия қасри замонавии фарҳангро бунёд карда, ба хизмати мардуми ноҳия ва аҳли санъату ҳунар супорад.
Ин Қасри навбунёди фарҳанг, ки дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад ва аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба маблағи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардид, имрӯз бо тамоми таҷҳизоту шароити муосир ба истифода супорида шуд.
Бовар дорам, ки ба истифода додани ин Қасри фарҳанг дар доираи эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пешрафти боз ҳам бештари санъату ҳунари мардуми Мастчоҳ ва ҳифзу гиромидошти суннатҳои қадима мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин умед дорем, ки аз ҳисоби ҷавонону наврасони соҳибзавқи ноҳия ҳунармандони номвари мамлакат ба камол расида, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат хоҳанд кард.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки аҳли фарҳанги ноҳия минбаъд низ дар тараннуми ғояҳои меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватан ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ бояд пешсаф бошанд.
Ҳамчунин, Театри халқии ноҳия, Ансамбли фолклорию этнографии «Нақш», гурӯҳи рақсии кӯдаконаи «Садбарг», ки дар байни мардум маҳбубияти зиёд доранд, инчунин, дигар дастаҳои худфаъолияти бадеии мавҷуда бо истифода аз имкониятҳои беҳтарини муҳайёгардида бояд фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, дар баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии мардум, махсусан, наврасону ҷавонон, тарғиби санъату фарҳанги асили миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми сазовор гузоранд.
Шубҳае нест, ки шумо — мардуми бонангу номуси Мастчоҳи бостонӣ аз ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбуб неруи нав гирифта, дар оянда низ барои рушду тараққиёти Ватани азизамон аҳлона ва содиқона заҳмат мекашед.
Дар охир, ҳамаи шумо, сокинони бонангу номус ва заҳматдӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Мастчоҳро бори дигар ба муносибати 29 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва ифтитоҳи Қасри зебои фарҳанг табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракат ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!