17 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот намуданд.
Зимни он доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, татбиқи муштараки лоиҳаҳои зерсохтории дорои аҳамияти минтақавӣ, ҳамчунин масъалаҳои мубрами амниятӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт. Президенти мамлакат таъкид карданд, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шуда, ба густариши ҳамкориҳо бо кишвари ҳамҷавор пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Ҷонибҳо ҷиҳати таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори ақида намуда, ба сатҳи навини ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҳунар ва иттилоот низ таъкид карданд. Вобаста ба ин Пешвои миллат идомаи таълиму тадриси касбии мутахассисону коршиносони Афғонистонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоиёти он дар қатори самтҳое номбар карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ба таври хосса пайгирӣ менамояд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, аҳамияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавӣ, ки омили ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбад, баррасӣ шуд.
Мавзӯъҳои дигари меҳварии мулоқот вазъи ҳозираи амниятии Афғонистон ва минтақа, инчунин оғози музокироти сулҳи байниафғонӣ буд. Роҷеъ ба онҳо ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо COVID-19 ва рафъи оқибатҳои он зикр намуданд.
Дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳаомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфият ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам талош мекунанд, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он, бо дарназардошти манофеи мардуми афғон, саҳм гузорад.
www.president.tj