Танҳо ба насли аҳди шӯравӣ маълум аст, ки кинотеатру театрҳо чӣ нақше дар ҳаёти ҷомеа доштанд ва чӣ ҷою маконе буданд. Он макони дӯстдоштанӣ на танҳо ба хотири тамошои филму намоишнома, балки барои мулоқоту дидорбинӣ, суҳбатҳои самимӣ низ ба шумор мерафт.
Рӯзгоре кинофилм, намоишномаи наверо бо бесабрӣ, ҳафтаю моҳҳо интизорӣ мекашиданд. Чун дар рӯзҳои ид либосҳои зебо ба бар карда, ба худ атрҳои хушбӯй мепошиданд, ки накҳаташон толорро низ муаттар месохт. Бо баромада рафтан аз толор баъди анҷоми намоишҳо, озодона, бидуни хаёлу изтироби барзиёдатие сайр дар хиёбону гулгаштҳо оғоз мегардид ва ин ҳама басанда буд, ки кӯфту хастагии кору рӯзгор рафъ гардад ва одамон бо табъи болида, тавони тозаи зиндагиро идома бубахшанд. Ана, ҳамин буд ҳақиқати ширини он рӯзгор ва бошад, ки театрҳои дар ҳоли буҳрон қарордоштаи тоҷик, аз ҷумла Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шуҳрати пешинаро эҳё созанд.
Барои соҳаи худ касе месӯзад, ки онро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад ва дар орзуи пешрафташ мебошад. Яке аз чунин ҷавонмардони дилбохта Муҳаммадулло Табаров, театршинос ва мунаққиди шинохтаи театр маҳсуб меёбад, ки дар ин самт фаъолияти густурда дорад. Номбурда дар асари тозанашраш «Театри ҷавонони Тоҷикистон» бурдубохти дастаи театрии ҷавононро ҳамвора бо равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии охири асри ХХ ва оғози асри ХХ1 ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Аз дебочаи китоб мехонем, ки «Оғози нимаи дувуми асри ХХ барои ҳамаи бахшҳо ва навъҳои ҳунар дар Тоҷикистон давраи расидани мавҷе тоза аз неруи офаринанда буд. Дар он солҳо гурӯҳҳои хатмкардагони Донишгоҳи давлатии ҳунари театрии ба номи А. В. Луначарскийи Федератсияи Россия (шаҳри Москва) ва Донишгоҳи театри бадеии ба номи Островскийи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (шаҳри Тошканд) ба радифи ҳунарпешагони театрҳои Тоҷикистон пайвастанд.
Солҳои 1960 ва 1971 дар Донишгоҳи давлатии ҳунари театрии ба номи А. В. Лунчарский (ГИТИС) студияҳои тоҷикӣ давраи таҳсилро хатм намуданд. Аз соли 1972 таҳсили ҳирфавии ҳунармандони театр ва кино дар Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзод роҳандозӣ гардид.». Ин ҳама боис ба ташаккули як зумра ҳунармандони асилу шинохтаи тоҷик мусоидат намуд.
Китоби тозанашри «Театри ҷавонони Тоҷикистон» иборат аз чор боб буда, ба масъалаҳои рушду рукуд, мушкилоту ояндабинии ин кохи бузурги маънавиёт дахл менамояд, ки барои муҳаққиқони соҳаи ҳунар, коргардонҳо, актёрону рассомони театр, донишҷӯёни риштаи ҳунарӣ, журналистон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»