Нуқтаи назар

Раиси ҲСДТ бо кадом мақсад бо ҷанги нави шаҳрвандӣ таҳдид мекунад?

№116 (4222) 22.09.2020

Пас аз баёния ва эътирозҳои шифоҳии Раҳматулло Зойиров дар хусуси  интихоботи президентӣ дар кишвар, ки қарор аст 11 октябри соли 2020 баргузор гардад, тасмим гирифтам ба ӯ ҷавоб бидиҳам. 

Ҳаргиз ин мақоларо наменавиштам, агар «бофтаҳои пуршӯру ҳаяҷоновари» сиёсатмадорони гумроҳ дар бораи хатари ҷанги нави шаҳрвандӣ интишор намеёфтанд. Шахсан ман, дар қатори миллионҳо ҳамватан, аз ин ҷанг наҷот ёфтаам.

Аммо касоне, ки аввалин шуда киштии ғарқшавандаро тарк карданд (медонем, ки кӣ аввалин шуда киштии ғарқшавандаро тарк мекунад) боз моро бо ҷанг метарсонанд ва  бидуни ихтиёр дар зеҳнам фикре омад, ки чаро «бузҳо моро бо карам метарсонанд?» Бо вуҷуди ин дар ин бора бо тартиб.

Аз моҳи августи соли 2020 раиси ҲСДТ Р. Зойиров  фаъолиятро якбора шиддат бахшид ва пай дар пай чанд изҳороти тавтиаангезро интишор намуд. Нахустин изҳоротро ӯ 7 августи соли 2020 пахш кард ва дар он қонунӣ будани интихоботи президентиро 11 октябри соли 2020 зери шубҳа гузошт.

1. Раиси ҲСДТ Р. Зойиров дар изҳорот қайд мекунад, ки таъини интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 11 октябри соли 2020 «як моҳ пеш аз муҳлати муқарраршуда», ғайриқонунӣ ва мухолифи  қонунгузории нофизи интихоботӣ мебошад. Ин нодуруст аст, чунки мутобиқи қисми 1-и моддаи 6-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳ то хатми муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор ва Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кард. Мувофиқи моддаи 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯзи ёд намудани савганд, мутобиқи матни пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 67) дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  метавон дар муддати ду моҳ, то 16 ноябри соли 2020 таъин намуд.

Дар мавриди изҳороти муаллиф дар нохунак «Интихоби дубораи президент қабл аз хатми муҳлати ваколаташ аққалан то панҷ сол, то як сол, то як моҳ барвақттар иҷозат дода намешавад …», ин ишора ба меъёри қонун нест, зеро дар Қонуни конститутсионии нофизи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин меъёр пешбинӣ нашудааст. Ва аз ин рӯ, ин фарзияи муаллиф мебошад.

Бояд дар хотир дошт, ки байни мафҳумҳои «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ба фаъолият шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тафовути бузург вуҷуд дорад. Ва бо ҳамин сабабҳо то сатҳи мутлақ баровардани муқаррароти моддаи 6 Қонуни конститутсионӣ ҷоиз нест, ҳол он ки Р. Зойиров дар ин маврид ду мафҳумро иваз кардааст: «интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро. Мутобиқи мантиқи Зойиров, интихоби дубораи Президент дар ин ҳолат танҳо пас аз 16 ноябри соли равон имконпазир аст ва ин мустақиман хилофи моддаи 6 Қонуни конститутсионӣ мебошад.

Сабабҳои ба вақти дигар гузаронидани интихобот метавонанд гуногун бошанд, аз ҷумла хатари бадтар шудани вазъи вобаста ба пандемияи COVID — 19, аммо ҳақиқат ин аст, ки меъёри дар боло зикршудаи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот бо ба вақти дигар гузаронидани рӯзи овоздиҳӣ вайрон нашудааст.

2. Р. Зойиров изҳороти баъдии худро 21 августи соли 2020 иблоғ ва ошкорову бепарда роҳбарияти Тоҷикистонро бо ҷанги нави шаҳрвандӣ таҳдид намуд. Тааҷҷубовар он аст, ки ин мард худро зиёии равшанфикр меҳисобад, вале бо вуҷуди ин, дар бораи ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо суҳулат суҳбат мекунад. Шояд барои Р. Зойиров хуни рехташуда дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки солҳои дароз шарики Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон буд, кам бошад.

Раиси ҲСДТ дар изҳорот эълон мекунад, ки 10 ташкилоти ибтидоии қалбакии ҲСДТ «бонги изтироб мезананд, ки агар номзадии Рустами Эмомалӣ пешниҳод шавад, пас дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз меёбад». (Мо бо камоли майл мехостем ба он изҳорот, албатта, бо имзои аъзои он 10 ташкилоти ибтидоии қалбакии ҲСДТ, агар онҳо воқеан вуҷуд дошта бошанд, шинос шавем).

Ҳар фарди солимақл пас аз мутолиаи ин таҳдиди ошкорои Р. Зойирови ҳангоматалаб бонг мезанад:

- Не, наход чунин бошад! Шумо дастури киро иҷро мекунед? Ин ҳазёни  шахси гирифтори бемории рӯҳист. Шояд андеша кунед, иғвогарӣ ва дурӯғпароканиро дар ҷомеа бас кунед!

Р. Зойиров, шахсе, ки дар сиёсат ҳуқуқшинос ва дар ҳуқуқшиносӣ  сиёсатмадор аст, наметавонад мустақилона ба ин фикр биояд! Сатҳи зеҳниаш камӣ мекунад! Пас пушти ин паём, ки аз номи Р. Зойиров ба роҳбарияти олии Тоҷикистон ирсол шудааст, кӣ истодааст?

Раис Р. Зойиров муаллифон ва фои­дахӯрони асосии ин муроҷиатномаро нишон медиҳад — «мухолифин (ТЭТ ҲНИ — ро дар назар дорад) ва зиёда аз нисфи дастгоҳи давлатии кунуниро, алалхусус собиқадорони хидмати давлатӣ, муқобил хоҳанд буд».

Агар рости гапро бигӯям, пас аз хондани чунин изҳорот, хоҳиши зикри номи ин шахс аз байн меравад. Бо вуҷуди ин, ман қарзи шаҳрвандӣ медонам ва ба Р. Зойиров хотиррасон мекунам, ки — шояд вақти он расидааст, ки аз ақл кор бигирӣ? Охир, шумо таҷрибаи кофии ҳаётӣ, синну соли шоиста доред, аз гуфтани суханҳои пуч ибо варзед, бо пахши изҳорот дар бораи гӯё ғайриқонунӣ будани интихоботи қарибулвуқӯи роҳбарияти кишвар, дар бораи коронавирус, ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайра худро шарманда накунед.

Р. Зойиров дар бораи кадом як «собиқадорони хадамоти давлатӣ», ки бояд кайҳо ба нафақа бираванд, менависад. Ва дуруст аст, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд ба кадрҳои ҷавони Тоҷикистон роҳ бидиҳанд. Ва яке аз чунин «собиқадорон» худи Р. Зойиров аст, ки ҲСДТ наметавонад таҳти раёсати ӯ рушд кунад ва дар ҳолати рукуд қарор дорад. Ғояҳои хаёлии Р. Зойиров, ки бо арзишҳои демократияи иҷтимоӣ рабте надоранд, рушди ҲСДТ-ро кунд мекунанд. Дар тамоми давраи мавҷудият ҲСДТ ҳатто дар маҷлисҳои маҳаллӣ намоянда надорад, чӣ расад ба парлумон. Саволе ба миён меояд, ки ин аз лутфу баракати кист? Шояд Зойировро мебоист, ки кайҳо инони раёсатро ба ҳизбиёни ҷавон бисупорад, агар онҳо воқеан дар ҳизб вуҷуд дошта бошанд?!

Р. Зойиров ва мисли ӯ ёвагӯён хуб медонанд, ки на вай ва на ҲСДТ ҳеҷ гоҳ дар ҷомеа эътибори баланд надоштанд ва нахоҳанд дошт. Р. Зойиров маъмултарин сиёсатмадор аст, вале аз боварии халқ бархӯрдор нест. Ӯ бо изҳороти нима найрангбозона чизе ба даст наовардааст ва нахоҳад овард, зеро ӯ ҳамон тавре ки ҳангомаҷӯй буд, ҳамон тавр боқӣ монд. Магар фаҳмиши он ки барои сазовори эҳтиром ва эътибор шудан шабу рӯз ба нафъи халқ кор бояд кард, худро дар амал нишон бояд дод ва ҳангоми интихобот даст ба шарҳпароканӣ ба чапу рост набояд зад. Агар ӯ ва ҳамфикронаш ба ин умед бошанд, ки бо роҳи пахши  маълумоти бардурӯғ метавонанд эътимоди халқи тоҷикро ба даст биоваранд, пас ин ёваи комил аст.

Бо дарназардошти вазъи кунунии кишвар, Р. Зойиров ҳамчун роҳбари ҳизб барои пахши иттилооти ҷаълӣ дар ҷомеа дар бораи оғози эҳтимолии ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти комил ба дӯш дорад. Бинобар ин, мақомоти ваколатдор бояд ба изҳороти охирини Р. Зойиров, ки ҳадафмандона ва қасдан  мехоҳад бо дурӯғпароканӣ ҷомеаро ноором кунад, вокуниш намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини такя задан ба курсии Раёсати ҷумҳурӣ ба такрор изҳор мекунад, ки мутахассисони ҷавон ояндаи кишваранд. Кишвар ба роҳбарони босалоҳият ва масъулиятшиноси ҷавон ниёз дорад. Дастгоҳи давлатӣ бояд доимо таҷдид шавад, бо мутахассисони нави бомаҳорат ва воқеан касбӣ, ки қобилияти кории худро исбот кардаанд ва метавонанд ҷавобгӯи ангезаҳо ва мушкилоти навин, ки кишвар бо онҳо мувоҷеҳ аст бошанд, такмил шавад. Эҳтимолан, вақти он расидааст, ки ба дастгоҳи давлатӣ роҳбарони ҷавони бомаҳорат, ҷавонони боистеъдод, ки дар соҳаҳои гуногун дониши хуб доранд, ворид шаванд.

Р. Зойиров эҳтимолан бо Конститутсияи Тоҷикистон шинос нест, ки дар он барои чунин ҳуқуқдонҳои амсоли Р. Зойиров, бо ранги сиёҳ рӯи варақи  сафед навишта шудааст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз расидан ба синни дахлдор, метавонад номзадиашро ба мансаби Президенти Тоҷикистон пешниҳод кунад ва танҳо халқ ҳангоми овоздиҳӣ метавонад роҳбари  кишварро интихоб кунад ва ҳаллу фасли ин масъала ба салоҳияти Р. Зойиров ва «собиқадорон»-и ӯ, ки моро бо ҷанги нави шаҳрвандӣ метарсонанд, шомил нест.

Рустами Эмомалӣ дувумин сиёсатмадори маъруфи Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи конститутсионӣ дорад, ки номзадии худро пешниҳод намояд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад. Вай амалан собит намуд, ки роҳбари ботаҷрибаи давлатӣ мебошад ва дар мавриди масоили рушди кишвар дидгоҳи стратегии худро дорад. Ҷавонони Тоҷикистон аз ӯ ибрат мегиранд. Вай умеди насли ҷавони тоҷик аст. Ба истилоҳ, «собиқадорон» бояд билохира дарк кунанд, ки оянда ба ҳар ҳол ба ҷавонон тааллуқ дорад ва ин амри ногузир аст.

Ҳоло ҷавонони то 30-солаи мамлакат 70 фоизи шумораи умумии сокинони кишварро ташкил медиҳанд. Кӯр аст касе, ки аз дидани  ин далели аён оҷиз аст.

3. Р. Зойиров изҳороти сеюми худро, ки комилан бемаънӣ ва оганда бо далелҳои таҳрифшуда буд, 31 августи соли 2020 пахш намуд. Вай менависад, ки ҷамъ намудани 250 ҳазор имзо ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ғайриимкон аст, зеро 50 фоиз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳастанд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат варзанд. Саволе ба миён меояд, ки Р. Зойиров ин маълумотро аз куҷо дарёфт кардааст, ки 50 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хориҷи кишвар аст? Ба кадом омори эҳсоиявӣ Р. Зойиров барои тасдиқи хаёлоти дурӯғин ва сиёсии худ такя мекунад? 50 фоиз аҳолӣ ин 4,5 миллион сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин маълумот аз куҷо гирифта шудааст? Устоди дасисабозӣ ва найрангбозии сиёсӣ Р. Зойиров бори дигар шаҳрвандони кишварро гумроҳ менамояд. Ва гузаш­та аз ин, байни дар хориҷи кишвар будани 50 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва  ғайриимкон будани ҷамъоварии 250 ҳазор имзо чӣ робитае вуҷуд дорад? Аҳолии Тоҷикистон ҳоло беш аз 9 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи мантиқи  Р. Зойиров, агар ҳатто 50 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз кишвар қарор дошта бошад ҳам, тақрибан 4,5 миллион нафар дар дохили кишвар боқӣ мемонад. Магар аз ин шумораи сокинони боқимонда ҷамъоварии 250 ҳазор овоз душвор аст, агар ҳизб аз эҳтироми ҷомеа бархӯрдор  бошад?

4. Р. Зойиров менависад, ки Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ асосан аз ҷонибдорони ҳизби ҳоким иборат аст. Ин ҳам даъвои беасос аст, зеро бо далелҳо тасдиқ нашудааст. Барои раиси ҲСДТ беҳтар аст сари он андеша кунад, ки ӯ ва ҳизбаш барои ободии кишвар кадом кореро анҷом додаанд. Ба ҷуз аз нолидан ва шикоятҳои доимӣ, Р. Зойиров ва аъзои ҳизбаш кори дигаре надоранд. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солимақли кишвар ҳаргиз ба дунболи аҳзобе чун ҲСДТ нахоҳад рафт.

5. Р. Зойиров минбаъд менависад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд роҳбари ҳизби сиёсӣ бошад, зеро ин низоми бисёрҳизбиро вайрон мекунад. Вай бо кадом асос ин изҳоротро пахш мекунад? Барои чунин изҳорот ӯ чӣ далели ҳуқуқӣ меорад? Дар куҷост он санади ҳуқуқӣ, ки ӯ ҳангоми изҳороти навбатии худ ба он такя мекунад? Ин танҳо андешаи шахсии ӯст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ маънои дуруст будани онро надорад.

6. Р. Зойиров шикоят мекунад, ки комиссияҳои интихоботӣ ва субъектҳои пешбарии номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Боз як дурӯғи мутлақи дигар, ки Р. Зойиров гуфтааст. Вай бо ин изҳорот низоми бисёрҳизбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, таҳқир мекунад. Агар дигар ҳизб­ҳои сиёсӣ ҳукумати кунуниро мисли ҲСДТ танқид накунанд, ин маънои онро надорад, ки онҳо тарафдори ҳукуматанд. Ҳар як ҳизби сиёсии Тоҷикистон барнома ва доираи интихобкунандагони худро дорад.

ҲСДТ — ин ҳизби бахтбаргаштагон, мисли худи Р.Зойиров аст. Бахши умдаи ҳизбро ҳангоматалабон ташкил медиҳанд. Р. Зойиров ҳангоматалаб аст ва гумон мекунад, ки танҳо ӯ ҳақ аст ва танҳо ӯ медонад, ки Тоҷикистон чӣ гуна бояд рушд кунад.

Рафиқ Зойиров, бедор шав, ба сурати худ дар оина бинигар ва на ба ҷомеа, балки ба худатон бигӯед, ки шумо ҳангоми пандемияи коронавирус ба чанд нафар кумак кардед? Ба кадом ятимхона кумак расонидед, киро бо ҷои кор таъмин кардед ва ғайра.

Дар ҷанги муосири иттилоотӣ хонандае, ки тавони мутамарказ шудан сари як мушкилиро надошта бошад, ногузир шарҳи ба ӯ талқиншудаи ҳодисаро — интихобот ғайриқонунӣ аст, ура, онро зиддихалқӣ эълом менамоем, таҳрим мекунем, ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайраву ҳоказоро, қабул менамояд.

Инсон аллакай ғайри ихтиёри худ омода аст, ки ҳангомаро ҳамчун воқеият қабул кунад — бале, Р. Зойиров дар ин бора мегӯяд, пас ин рост аст. Аммо, пас аз мутолиаи муфассал, мебинем, ки маълумоти ҳангомасози пешниҳодшуда на шарҳи таҳлилӣ дар бораи паҳлуҳои ҳуқуқии ҳодиса, балки «мурғобии» навбатии идеологӣ  мебошад. Ба мо далелҳоро якҷо бо андешаи раиси як ҳизб дар бораи ин далелҳо пешниҳод намудаанд. Аммо фикр ҳанӯз ҳақиқат нест. Маъмулан тафовути ҳақиқат аз фикри шахсӣ дар ин аст, ки алайҳи он эътироз намудан ғайриимкон аст.

Ҳол он ки эътироз ва саволҳо аз ҳад зиёд шуданд!

Сайёфи МИЗРОБ,

журналист