Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз буда, бешак, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки роҳи фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Инчунин, рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Соҳибистиқлолӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастан мебошад. Ҳоло сокинони кишвар аз он ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллиро гузоштанд ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.
Пас аз як соли эълони Истиқлолияти давлатӣ, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он вакилон сиёсатмадори ҷавону дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд.
Халқи тоҷик аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳти роҳбарии сарвари тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар раванди барқарорсозӣ ва таҳкими пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, ба хотири ободии Ватан раванди созандагиро пеш гирифт. Дар фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Баъди он ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакат қабул гардид, аз ҳамон сол барои кишвар марҳилаи нави инкишоф фаро расид. Дар партави ин санади зиндагисоз, таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд шуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозорӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити ҳозира асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, нахустин иқдоми Ҳукумати мамлакат оғоз бахшидан ба сохтмони нақбҳо буд.
Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои замонавии мошингард ва даҳҳо иншооти азими иҷтимоӣ ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардидем. Дастовардҳои намоёни Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоду ягонагии халқ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ таҳти роҳнамоии Президенти маҳбуби кишвар боиси нороҳатии душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик гардидааст. Инро дар амалу рафтори роҳбарону аъзои ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебинем, ки феълан дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ қарор дошта, кӯшиши ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд. Вале, дигар ин талошу найрангҳо натиҷа нахоҳанд дод, зеро ташкилоти террористӣ — экстремистӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ба нафрати халқ гирифтор шудааст.
Дар марҳалаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир бошад, халқи шарафманди тоҷик ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид менамоянд, ки: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд дар якҷоягӣ хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».
Яъне, дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи сокинони кишвар метавонем Истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаю шукуфон гардонем ва нақшаву ҳадафҳои миллиро амалӣ намоем.
Пешрафт ва монеаҳои пешрафт доимо ҳампаҳлуи якдигаранд. Бо вуҷуди монеаҳои гуногуни инкишоф Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти сиёсӣ қадамҳои устувор мегузорад. Тоҷикистон, ки зинаҳои аввали инкишофро бо мувафақият паси сар намуда истодааст, дар ояндаи на чандон дур ба давлати тарақикардае метавонад табдил ёбад. Инкишофи ботадриҷ ва пешрафти зина ба зина Тоҷикистонро аз банди хатару таҳдидҳои мавҷудаи нисбат ба истиқлолияти сиёсӣ озод менамояд.
М. АСОМАДИНОВ, У. РАҲМАТОВ,
дотсентони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур