21 сентябри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси он кишвар Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.
Зимни он масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, солҳои охир равобити миёни ҳар ду ҷумҳурӣ ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев густариш ёфта, уфуқҳои нав касб менамояд.
Дар мулоқот ба рушду инкишофи ҳамкориҳо, дар аксар соҳа, бахусус парламентаризм диққати хоса равона шуд. Аз фарох будани самтҳои ҳамкорӣ дар бахши парламентаризм ёдовар шуда, иштирокчиён таъкид карданд, ки он сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳангро фаро мегирад. Инчунин, зикр шуд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳар ду кишвар ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд афзоиш меёбад. Вобаста ба ин, бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад.
Иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, имконият ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.
www.majmilli.tj