Модари 76-сола Ҳакима Шерова соҳиби 9 фарзанд аст, ки 7-тоаш писаранд. Бачаи калонӣ Амиралӣ дар деҳаи Бӯстон (Шулдуқ), се нафари дигар дар Шаҳритуз, се писараш дар ҳавлии падарианд. Падари хонадон амаки Нуралӣ касби киномеханикӣ дошта ва барвақттар фавтида буд. Аз ин хонадон фарзандони солеҳу баору номус баромаданд. Амиралӣ ва дигар фарзандон 4 ҳазор доллар барои ҳаҷравии модарашон Ҳакима ғун карда доданд. Вале модар дигар амали некро анҷом дод.
Ба ҳавлии онҳо Шарифхон Музаффаров ном ҷавоне аз кӯчаи Чорсу рафтуо дошт. Ба корҳои писари хурдӣ Абдуллои тоҷир ёрӣ медод. Оилаи Шарифхон аз камбизоатҳо буд. Бибии Ҳакима қарор дод, ки Шарифхонро хонадор кунад. Оқибат арӯсро аз хонадони хубе аз деҳаи Алака бо номи Ҳакимабону ёфтанд. Ҳамаи хароҷоти тӯйро бибии Ҳакима кард.
Арӯс ба хонадон пайи қадами нек овард. Зиндагӣ ранги дигар гирифт. Акнун Шарифхон қариб ҳар рӯз ба ҳавлӣ даромада, ба бибӣ «оча, чӣ тавр астӣ, хубӣ, бардамӣ»- гуфта аҳволпурсӣ мекунад. Бибии Ҳакима ҳамеша навҷавононро зери сарпарастӣ қарор дода, насиҳат мекунад. Зиҳӣ, чунин модарони дарёдиле, ки ба чунин амалҳои хайр даст мезананд.
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод