Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб

№118-119 (4224-4225) 26.09.2020

50376431882_7ccbc2d01d_o

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб!

Ҳар дафъа ҳангоми сафар ба шаҳри Кӯлоб ва мулоқот бо шумо – сокинони заҳматпешаи ин диёри зебо яке аз хислатҳои деринаву писандидаи халқамон – эҳтирому меҳрубонӣ ва самимияти хосаи тоҷиконаро ҳамеша эҳсос менамоям.

Бинобар ин, ба ҳамаи шумо барои пазироии самимиатон, ки пеш аз ҳама, нишонаи дастгирии сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, изҳори сипос карда, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Шаҳри Кӯлоб аз баракати соҳибистиқлолӣ, суботу оромии кишвар, азму талоши пайваста ва заҳмати ободгаронаи сокинонаш имрӯз ба як шаҳри зебову замонавӣ табдил ёфтааст, ки ин, албатта, боиси қаноатмандӣ ва ифтихор мебошад.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони он ҳамеша эътибори хоса зоҳир карда, барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат беш аз як миллиарду 200 миллион сомонӣ равона намудааст.

Дар натиҷа, рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои ин минтақаи Ватани азизамон таъмин гардида, ҳоло симои шаҳр ба куллӣ дигаргун шудааст ва сатҳу сифати зиндагии сокинонаш сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

Дар баробари ин, дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 406 миллион сомонӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, ҳоло татбиқи 15 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда 280 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии зикршуда сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тақвияти таҳсилоти касбӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард, беҳгардонии низоми интиқоли барқ ва кам кардани талафоти он, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳтар намудани фаъолияти бахши хизматрасониҳои коммуналӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ва дастгирии оилаҳои осебпазир дар муқовимат ба вируси COVID – 19 амалӣ гардидааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми як миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, ба маблағи умумии беш аз якуним миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расонида шудаанд.

50375568393_d51d9d0841_oДар ин муддат 52 корхонаи саноатии нав бунёд гардида, фондҳои асосӣ ба маблағи зиёда аз якуним миллиард сомонӣ ба кор андохта шудаанд. Илова бар ин, барои сохтмони манзили истиқоматӣ 741 гектар замин ҷудо гардида, то ба имрӯз 640 гектари он ба 4800 оилаи эҳтиёҷманд тақсим карда дода шудааст. Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб ба масоҳати 545 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардидаанд.

Илова бар ин, дар ин давра даҳҳо иншооти фарҳангу фароғат, аз қабили Муҷассамаи 2700 – солагии Кӯлоб, амфитеатр, Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ, Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат, бинои телевизиони шаҳри Кӯлоб, се Боғи фарҳангу фароғат ва гулгашти ба номи Сафар Амиршоев бунёд гардида, Театри вилоятии мусиқиву мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода ва Боғи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пурра азнавсозӣ карда шуд.

Ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳоло бисёр корҳои ободониву бунёдкорӣ амалӣ шуда истодаанд.

Тибқи нақша, дар шаҳр ва деҳоти он бунёду азнавсозии 873 иншоот пешбинӣ шудааст, ки аз онҳо то имрӯз кори бунёду азнавсозии 391 иншоот анҷом ёфтааст. Ин нишондиҳанда 45 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Барои амалӣ намудани нақша то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 229 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Аз ҷумла, 27 иншоот дар арафаи ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуда, корҳо дар 348 иншоот идома доранд.

Дар доираи сафари қаблӣ ҳангоми таҷлили 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода будем.

Қобили зикр аст, ки аз 391 иншооти ба истифода додашуда қисми зиёдашро иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ташкил медиҳад. Масалан, дар доираи нақшаи амалигардида шаш муассисаи томактабӣ, 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 47 муассисаи тандурустӣ, 11 дорухона, 13 китобхона, 14 муассисаи соҳаи фарҳанг ва боғу гулгаштҳо, 36 толору майдончаи варзиш, 4 меҳмонхона, 7 коргоҳи дӯзандагӣ, 13 дӯкони ҳунармандӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматкаши шаҳр якҷо бо соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша то рӯзҳои ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ободу зебо гардонидани маҳали зисти худ кӯшиши бештар мекунанд.

Дар ҳашт моҳи соли 2020 барои сохтмони иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 92 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони он Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 – 2025»-ро қабул намудааст, ки дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҷода, ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ кардани чорабиниҳои барнома ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дуруст ба роҳ монда, иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар барнома пешбинишударо дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.

Таъмини рушди устувори соҳаи саноат, бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва ба ин васила таъмин кардани рушди минтақаҳои кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки имкониятҳои шаҳри Кӯлоб дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳар чӣ бештар ҷалб карда шавад.

Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр 122 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, вале бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам кам мебошад.

Мувофиқи маълумот, ҳоло 45 корхонаву коргоҳҳои саноатии мавҷуда бо иқтидори пурра фаъолият накарда истодаанд ва талаботи афзояндаи аҳолиро ба ҷойи корӣ қонеъ карда наметавонанд.

Дар баробари ин, соли сипаришуда аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар 16 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шуда, нуҳ корхона тамоман фаъолият накардааст.

Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти истеҳсолии аксари корхонаҳо ташвишовар буда, андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

Дар шаҳри Кӯлоб дар майдони 309 гектар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис дода шудааст, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаву коргоҳҳои дар ҳудуди он бунёдшаванда аз пардохти тамоми андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Ҳадафи мо аз ташкили ин минтақа таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ҳоло корҳо дар самти таъсиси силсилаи корхонаҳои истеҳсолӣ идома дошта, аллакай, нахустин корхона оид ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва дигар вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати бунёд ва барқарор намудани корхонаҳои наву пуриқтидори саноатӣ, бахусус, дар минтақаи озоди иқтисодӣ, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои самарабахш бояд солҳои наздик ба рушди шаҳри Кӯлоб ва минтақа такони ҷиддӣ бахшида, боиси таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва баланд шудани некуаҳволии сокинон гардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати беҳтар намудани вазъи боркашонӣ ва рафтуомади одамон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд иҷро гардидаанд. Аз ҷумла, роҳи Душанбе – Данғара – Кӯлоб таҷдид ва роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Кӯлоб 110 километр роҳи мошингарди дохилишаҳрӣ пурра таъмиру таҷдид гардид. Илова бар ин, барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани хизматрасонӣ ба мусофирон Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб пурра таҷдид гардида, ба он мақоми байналмилалӣ дода шуд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии миллӣ, яъне ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон имрӯзҳо дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалисозии марҳалаи 3-юми таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии Бохтар ва Кӯлоб ва қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб — Муъминобод ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва азнавсозии ду пул амалӣ гардида истодааст.

То ба ҳол аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат ва соҳибкорони саховатпешаи шаҳр 18 километр роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти он таъмиру таҷдид ва 32 километр роҳҳо сангфарш карда шудаанд.

Илова бар ин, таъмиру барқарорсозӣ ва таҷдиди 22 километр роҳ, аз ҷумла, 10 километр роҳ ва як пул дар доираи таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин оғоз гардидааст.

Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, зимни сафари кории қаблӣ ба шаҳри Кӯлоб масъулинро ҷиҳати дар моҳи марти соли 2020 оғоз намудани татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб» вазифадор карда будам. Ҳоло лоиҳа таҳия шудаааст, ки барои татбиқи он 183 миллион сомонӣ равона мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Кӯлоб лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи он сохторҳои хизматрасон бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд. То имрӯз дар доираи ин лоиҳа 8,5 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Вобаста ба ин, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилии коммуналӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш дода мешавад, ки ҷиҳати сари вақт оғоз намудани амалисозии лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб» ва татбиқи босифати лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 220 километр хатҳои интиқоли барқии ҳавоӣ, зиёда аз 8 километр хатҳои интиқоли барқи кабелӣ, 98 трансформатори иловагӣ ва 5 зеристгоҳи барқӣ сохта, ба истифода дода шуда, 820 трансформатор таъмир гардид.

Инчунин, ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ ва таъсис додани шабакаи ягонаи барқии кишвар барои минтақаи Кӯлоб лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 – киловолтаи «Лолазор – Хатлон» ба маблағи умумии 687 миллион сомонӣ татбиқ гардид.

Дар маҷмӯъ, дар ин давра барои таҷдиду азнавсозии низоми барқтаъминкунии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб зиёда аз 700 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб» ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи татбиқи ин лоиҳа ҷудо намудани 427 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб сохтмони зеристгоҳи барқии нав барои Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо насби ду трансформатор, таҷдиди зеристгоҳи барқии «Кӯлоб», иваз кардани хатҳои интиқоли барқ ба дарозии 7 километр ва дигар корҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Лоиҳаи мазкур барои ҳалли масъалаҳои энергетикии шаҳр, бахусус, аз ҳолати садамавӣ баровардани инфрасохтори соҳа, аз ҷумла, зеристгоҳи барқии «Сомонӣ», ки 70 фоизи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои маркази шаҳрро бо сарбории зиёд бо барқ таъмин мекунад, хеле муҳим мебошад.

Вобаста ба ин, вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳар чӣ зудтар оғоз намудани лоиҳаи зикршуда чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли 2020 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 231 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар баробари ин, то ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳо барои таъмин кардани рушди соҳа истифода шудаанд. Махсусан, истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.

Бинобар ин, ба роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дар самти истифодаи ҳар як ваҷаб замини корам, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳрро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамеша пешоҳанг ва пешбарандагони соҳаҳои мактабу маориф ва фарҳанги миллӣ буданд ва ин рисолати худро дар замони соҳибис­тиқлолӣ низ идома дода истодаанд.

Хусусан, саҳми онҳо дар раванди ташаккул ва пешрафти соҳаҳои муҳими иҷтимоии кишвар, яъне маорифу фарҳанг, инчунин, тарбияи насли наврас хеле назаррас мебошад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди онҳо бо 12200 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 108 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло дар ҳудуди шаҳр 58 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии қариб 49 ҳазор хонанда фаъолият дорад. Илова бар ин, ба ҳисоби миёна ҳар сол дар шаҳри Кӯлоб беш аз 1000 хонанда зиёд мешавад.

Чунин вазъ ба нарасидани ҷойи нишаст ва дар се баст таҳсил кардани хонандагон сабаб мегардад ва зарурати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро ба миён меорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар чор муассисаи таълимии рақамҳои 19, 30, 35 ва 53 таҳсил дар се баст ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои таълимии рақами 2, 14, 28, 33 ва 39 бо сабаби таъмирталаб будан ба сохтмони бинои иловагӣ ниёз доранд.

Имрӯз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 бо 480 ҷойи нишаст, ки аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ ба маблағи қариб 3 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ шудааст, ифтитоҳ гардид ва сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ бо 400 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 –и деҳаи Зарқалъа аз ҳисоби маблағҳои ҷалбнамудаи Ҳукумати мамлакат дар ҳаҷми 2,5 миллион сомонӣ рӯзҳои наздик ба истифода супорида мешавад. Илова бар ин, ҳоло аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёди 12 муассисаи таълимӣ барои 8600 хонанда идома дорад.

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» дар шаҳр ҳамагӣ се муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ (15 фоизи барнома) сохта, ба истифода дода шудааст, ҳол он ки ҳамагӣ 11 фоизи кӯдакони аз 1 то 6 — сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Вазъи татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020» низ нигаронкунанда мебошад, зеро ҳамагӣ дар сатҳи 19 фоиз иҷро гардидааст.

Бинобар ин, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ карда, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.

Ҳоло ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб 70 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, 7 беморхона ва 63 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, хизмат мерасонанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади мустаҳкам гардонидани базаи моддиву техникии муассисаҳои тиббии шаҳр, аз ҷумла, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хеле корҳо амалӣ карда шудаанд.

Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ 42 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, шаш беморхона, панҷ маркази саломатӣ, 31 бунгоҳи тиббӣ сохта, бо таҷҳизот зарурӣ ва шароити муосир ба истифода супорида шудааст.

Танҳо дар даҳ соли охир муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ бо маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардидаанд.

Имрӯз дар муассисаҳои тиббии шаҳр 378 табиб ва 1775 корманди миёнаи тиб фаъолият дошта, меъёри таъминот бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ нисбат ба соли 1992 – юм 14 ва 70 фоиз зиёд мебошад.

Дар даҳ соли охир аз шаҳри Кӯлоб ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1915 нафар дохил шуда, 351 нафари онҳо (аз ҷумла, 26 нафар бо Квотаи президентӣ) таҳсилро хатм кардаанд.

Ҳоло дар донишгоҳи зикршуда ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 403 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб таҳсил доранд, ки 56 нафарашон тибқи Квотаи президентӣ донишҷӯ шудаанд.

Бо вуҷуди ин, муассисаҳои тиббии шаҳр ба 220 табиб ва 61 нафар кормандони миёнаи тиббӣ эҳтиёҷ доранд, ки андешидани чораҳои иловагиро талаб менамояд.  Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки дар байни сокинони шаҳри Кӯлоб ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла, заргарӣ, чармгарӣ, чӯбкорӣ ва дигар намудҳои косибӣ аз замонҳои хеле қадим ривоҷ доштанд ва зарур аст, ки дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба масъалаи эҳё кардану тараққӣ додани ин ҳунарҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад. Бо дарназардошти мавҷудияти ёдгориҳои нодири таърихӣ ва дигар имкониятҳои мусоиди сайёҳӣ фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими роҳбарону масъулони шаҳр ва Кумитаи рушди сайёҳӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло мову шумо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

Дар ин давра ҳамаи роҳбарону фаъолон, соҳибкорону тоҷирон ва аҳолӣ бояд тамоми имконияту неруи худро ба корҳои созандаву ободгарона сафарбар намоянд.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон ҳар рӯзро барои рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодӣ ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ самаранок истифода барем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем ва барои дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил кардани санаи муқаддаси таърихӣ — сисолагии истиқлолу озодии Ватани азизамон саъю талош намоем. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисориҳои ҷавонмардони далеру ғаюри шаҳри Кӯлобро ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва сулҳу оромӣ ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизмати воқеан таърихии онҳоро ҳамеша ба некӣ ба ёд меоранд. Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти шаҳр дар оянда низ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватани аҷдодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати озоди тоҷикон дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.

Барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои созанда ба кулли сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Кӯлоб барору муваффақият, саломатӣ ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!