Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоев таъсис ёфт

№ 28.09.2020

ВАОЧанде пеш дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Академияи ВАО»-и Тоҷикистон бахшида ба ҳаштодсолагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев ҳамоиш дар мавзуи «Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид, ки дар он журналистону пажуҳишгарон аз нашрияҳову макотиби олии шаҳри Душанбе, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Дилафрӯз ширкат варзиданд.

Директори Академияи ВАО, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ ёдрас шуд, ки осори публитсистӣ дар инъикоси паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ нақши мондагор мебозад. Асадулло Саъдуллоев на танҳо муҳақиқи барҷаста, балки соҳибқаламе ҳастанд, ки дар равнақи публитсистикаи тоҷик саҳми шоиста доранд. Ин олими намоён, ҳамчунин, шогирдони зиёдеро тарбият кардаанд, ки имрӯз дар воситаҳои ахбори омма ва ҷодаи илм чеҳраҳои маълуму машҳур мебошанд.

Устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон, профессор Мурод Муродӣ низ дар мавзуи «Публитсистика дар таҳқиқи Асадулло Саъдуллоев» маърӯза намуд. Ӯ таъкид кард, ки профессор Саъдуллоев чун муҳақиқи барҷаста бо таҳқиқи ашъори публитсистии Мирзо Турсунзода аҳамияти илмии ин жанрро собит сохт ва барои таҳқиқоти минбаъда дар ин самт равзанаеро боз намуд.

Профессор Ҷовид Муқим, дотсентон Сангин Гулов ва Бахтиёр Қутбиддинов низ дар баробари мақоми илмии Асадулло Саъдуллоев аз шахсияти таъсиргузор будани ӯ сухан гуфтанд. Таъкид шуд, ки мавсуф мактаби хоси илмии худро ба вуҷуд овардааст, ки имрӯз шогирдонаш бо муваффақият онро идома медиҳанд. Серталабӣ, пуркорӣ, дақиқназарӣ, масъулиятшиносӣ аз хислатҳои хоси ин устоди журналистони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд.

Асадулло Саъдуллоев солҳо дар нашрияҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон»(ҳоло «Омӯзгор»), «Тоҷикистони советӣ» (Ҷумҳурият) ва Кумитаи телевизион  ва радио кор кардааст. Номбурда чанд соле дар Донишгоҳи Кобул низ ифои вазифа намудааст. Яъне, ӯ ҳам дар амалия ва ҳам дар назария ба ҳадди устодӣ расида, соҳиби обрӯву эҳтиром гаштааст.

Зиннатулло Исмоилзода ба иштирокчиёни ҳамоиш хабари хуши таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Асадулло Саъдуллоевро расонд ва зикр кард, ки он ҳар сол ба беҳтарин нашрияҳои маҳаллӣ супорида мешавад.

ВОРИС,

«Садои мардум»