Хизмати аз ҳама бузургро барои фарзанд, миллат, Ватан , дар маҷмӯъ ҷомеа, Модар мекунад. Худованд инсонро тавассути модар ва падар ба дунё меорад ва дар оғӯши онҳо тарбия меёбаду сипас коргар-муҳандис, шоир, нависанда, духтур, вазир, сафир мешавад. Аз ин бармеояд, ки мо, новобаста ба касбу корамон, аз модарон қарздорем, зеро ба қавли шоир:
Якшаба ранҷе, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Аслан, қарзи модар он қадар гарон ҳам нест. Вай аз мо тангаю тилло, кӯҳи алмос намепурсад. Танҳо мехоҳад бо ӯ меҳрубон бошем, чун фарзанди сазовор дар ҷомеа хизмат кунем. Фарзандони солеҳ, ҳушёру кордон, некном боиси хушҳолӣ, розигӣ ва сарбаландии модар ва падаранд.
Вақте фарзанд бузург мешавад, модар ба пирӣ мерасаду қоматаш хамида мегардад. Ҳастанд бархе аз фарзандоне, ки дар чунин ҳолат ба модари хеш, ки боиси бузургии ӯ шуд, чандон аҳамият намедиҳанд ва заҳматҳои ӯро фаромӯш месозанд:
Чӣ хуш гуфт золеба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан:
«Гар аҳди хурдет ба ёд омадӣ?
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман,
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пиразан»
Ин панди шайх Саъдиро ҷавонмардони пилтан бояд ба гӯш ҳалқа кунанд ва модаронро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур намонад.
Имрӯз Рӯзи Модар аст ва таманно мекунем, ки ин сарчашмаи ҳаёту зинатфизои давру замон ҳамеша сарбаланду саломат ва хушҳол бошад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»