29 сентябри соли равон бо мақсади амалигардонии Нақшаи кори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2020, ки бо амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст, таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумазода дар мавзӯи «Иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ оид ба содироти молу маҳсулот» муҳокимаи парламентӣ доир гардид.
- Содирот аз омилҳои муҳими рушди соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус саноат ва кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, нақши он дар беҳтар сохтани сатҳу сифати зиндагии мардум назаррас мебошад, — гуфт дар оғоз Шарифҷон Ҷумазода ва афзуд, ки рушди содирот ба бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, васеъ намудани номгӯи молу маҳсулоти ниёзи мардум ва дар ин замина, барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт мусоидат менамояд. Илова бар ин, имконияти афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба вуҷуд меояд, ки метавонад рушди бемайлони кишварро таъмин намояд.
Ш. Ҷумазода, инчунин, иброз дошт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат номгӯи маҳсулоти содиротии кишвар зиёд шуда, ба он, дар баробари алюминий ва нахи пахта, боз сабзавоту мева, маъданҳо, семент, қувваи барқ, маҳсулоти тайёр аз пахта, шоҳӣ, пӯст, металлҳои сиёҳ ва дигар маҳсулоти нави ватанӣ зам гардиданд.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Бозоралӣ Одиназода аз он изҳори ташвиш намуд, ки содироти молҳои саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар мамлакат 15 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ кам аст.
- Аз байни даҳ маҳсулоти интихобшуда барои мамлакат алюминий, хӯлаи алюминий, пахта ва семент маҳсулоти дорои иқтидори бештари содиротӣ мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидори содиротӣ барои алюминий ва хӯлаи алюминий дар ҷумҳурӣ 333,7 миллион доллар ва иқтидори истифоданашуда тақрибан 164 миллион долларро ташкил медиҳад. Яъне, фақат 51 фоизи иқтидори содиротиро барои ин намуди маҳсулот истифода бурда истодаем, — гуфт Бозоралӣ Одиназода.
Мутобиқи таҳлили «Фазои маҳсулот»-и Маркази тиҷоратии байналмилалӣ иқтидори содиротии истифоданашудаи ҷумҳурӣ фақат барои даҳ намуди маҳсулоти интихобшуда бештар аз 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бозоралӣ Одиназода пешниҳод намуд, ки бо мақсади такмили сабади содиротии ҷумҳурӣ қонунгузории гумрукӣ бо Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи сода ва ҳамоҳанг кардани тартиботи гумрукӣ мутобиқ ва мувофиқ карда шавад. Ҳамчунин, кам кардани номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ба мақомоти гумрук ҳангоми сабт ва тавлиди молҳо, гузаронидани таҳлил доир ба ошкор намудан ва бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ ҳангоми содироти молҳо низ ба беҳшавии вазъият мусоидат мекунанд. Гузаргоҳҳои гумрукӣ ва сарҳадии назорати бор бояд ҳаракатро тавре таъмин кунанд, ки навбат ба амал наояд. Номбурда, ҳамчунин, таҳия ва тасдиқи «Дастурамал дар бораи содироти меваҷоту сабзавоти тоза, хушкшуда ва коркардашуда»-ро муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода гуфт, ки соли 2019 аз ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории гумрукӣ, 118, 4 ҳазор тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 14,1 ҳазор тонна хушкмева содирот гардид. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ танҳо 3,2 фоиз ба Қазоқистон, Россия, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои дуру наздик асосан пиёз, меваи тару тоза, лимӯ ва хушкмева содирот карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар баробари сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда, инчунин маҳсулоти меваи тару тоза ва хушк ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳар сол майдони боғу токзор дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани шароити гуногуни иқлим нисбат ба дигар кишварҳо дар истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва пешпаз бартарӣ дорад. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳо, аз ҷумла татбиқ намудани таҷрибаи соҳибкорони вилояти Суғд дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани хушконидани меваю ангур, амалӣ намудани механизми «Долони содагардонидашудаи гумрукӣ», ба субъектҳои истеҳсолӣ ва содироткунанда пешниҳод намудани имтиёзҳои ҳавасмандкунӣ, ба сатҳи давлатҳои ҳамсоя баробар намудани меъёри андоз аз арзиши иловашуда, зиёд намудани шумораи сардхона ва анборҳои замонавии нигоҳдории маҳсулот боис ба баландшавии нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ хоҳанд гашт, — гуфт Саъдӣ Каримзода.
Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз 101 банд иборат буда, беш аз 80 банди он (80 фоиз) ба солҳои 2016 -2019 рост меояд ва то ин дам чорабиниҳои зиёд аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор амалӣ шудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2019 нисбат ба соли 2015 содироти маъданҳои тозакардашуда, неруи барқ, газвори нассоҷӣ, матоъҳои пахтагин ва пилла зиёд шуда, содироти алюминийи аввалия, нахи пахта, меваи хушк ва абрешими хом кам гардид. Дар ин давра махсусан содироти семент зиёд гардида, соли 2019 ба 1,5 миллион тонна расид.
- Ҳоло дар мамлакат «Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025» ва «Барномаи рушди соҳаи металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» мавриди татбиқ қарор доранд. Гурӯҳи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ оид ба имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии 58 гурӯҳи молӣ, ки 2085 намуди молро дар бар мегирад, таҳлил гузаронида, 145 таклифу тавсия пешниҳод намуданд. Амалисозии онҳо ба рушди содироти маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард, — гуфт Ашӯрбой Солеҳзода.
Номбурда такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии рушди содирот, ташаккули кластерҳои асосии миллии содиротӣ, афзоиши содироти маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, ташкили низоми маблағгузорӣ ва суғуртаи қарзҳои содиротӣ, ташаккули механизми маблағгузории содироти мол ва хизматрасониҳо, таҳкими чораҳои ғайримолиявии дастгирии содирот барои соҳибкории хурду миёнаро аз самтҳои стратегии рушди содирот дар оянда арзёбӣ намуд.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода иброз намуд, ки аз ҷониби раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бартарии истифода аз «Долони содагардонидашудаи гумрукӣ» ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт гузаронида шуда, аз тариқи воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқот роҳандозӣ шудааст. Масалан, дар лоиҳаи «Долони содагардонидашудаи гумрукӣ» ҶСК «Абрикос ва компания» аз Тоҷикистон ва ҶСП «Алтайвитамины» аз Федератсияи Россия иштирок доранд, ки аз нимаи дуюми моҳи июни соли равон иҷрои амалиёти гумрукӣ бо истифода аз долони мазкур байни ҳар ду ширкат оғоз гардида, низоми «Долони сабз» дар шакли санҷишӣ фаъолият намуда истодааст.
- Инчунин, бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар бо дастгирии Ҳукумати мамлакат низоми равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар кишвар ташаккул ёфта, расман ҷорӣ гардид, — гуфт Азим Турсунзода.
Шоёни зикр аст, ки дар таҳияи низоми зикршуда таҷрибаи ягон мамлакат истифода нашуда, таъминоти барномавии он сирф маҳсулоти миллӣ мебошад. Чунин низом дар Осиёи Марказӣ нахустин маротиба ҷорӣ шуда, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятӣ таҷрибаи нодир арзёбӣ мегардад.
Тибқи баҳогузории намояндагони бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» ба раванди амалигардонии консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ, сода ва шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, инчунин, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни шарҳу тавзеҳи масъала, инчунин муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Одил Сангов, раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Ӯлҷабоева, роҳбари Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойи кор Парвиз Камолиддинов ва дигарон иштирок ва доир ба мушкилоти содирот ва роҳҳои ҳалли он андеша баён намуданд.
- Баррасии масъала бори дигар собит намуд, ки дар самти рушду истифодаи иқтидорҳои содиротии мамлакат то ҳол мушкилоту муаммоҳои дорои хусусияти объективию субъективие мавҷуд ҳастанд, ки ҳаллу бартарафсозии онҳо фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо дорад. Таҳлилу пешниҳодҳои баёнгардида шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат, то ҳол на ҳама имконияти афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар ҳолати рӯи кор омадани онҳо ба рушди савдои хориҷии мамлакат такони ҷиддӣ дода хоҳад шуд, ки барои таҳкими иқтисодиёти кишвар, баланд намудани сатҳи рақобатпазирию ба омилҳои буҳронӣ тобовар гардидани он ва баҳри таъмини зиндагии шоиставу босаодати шаҳрвандони кишвар мусоидат хоҳад намуд, — гуфт дар хотима Шарифҷон Ҷумазода.
Ҳамин тариқ, вобаста ба мавзӯи баррасишуда тавсияҳо қабул гардиданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ