Эмомалӣ Раҳмон рӯи мавҷҳои азими ҳодисаҳои талху сангини ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба баҳри хурӯшони сиёсати бузург ворид шуд. Аз ду роҳи ҳатмӣ ҷуз яке пеши рӯи ӯ бештар қарор надошт ё бояд сӯхтори бунёдсӯзро тавонмандона хомӯш мекард ё дар алангаи оташи он месӯхт. Осон набуд ҷангидан бо ҷанге, ки дар таърихи фоҷиабори мамлакат яксаду панҷоҳ ҳазор ҳаётро бо худ бурд, ҷанге, ки аз ҳаштоду панҷ ҳазор кӯдак падару модарашонро гирифт, ҷанге, ки бисту панҷ ҳазор наварӯсро бева кард ва ниҳоят ҷанге, ки паёмадаш қалбҳои шикаста буду хонаҳои вайрон ва корхонаҳои муфлису иқтисоди фалаҷ.
Ӯ замоне роҳбарии давлатро бар дӯш гирифт, ки сиёсатмадорони ба қавле, «чашмикордон», ки теъдодашон хеле зиёд буду аз ҳар минбар барои изҳори тавоноии фардӣ ва дилсӯзии халқ фурсату баҳра меҷустанд, аз пазируфтани мақоми баланд худро канор мекашиданд. Зеро сиёсатбозиву майдонкашии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсие, ки дар даврони демократисозӣ ва ошкорбаёнии горбачёвӣ дар солҳои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ворид шуданд, миллатро ба ду ҷабҳаи комилан мухолиф тақсим карданд. Ваҳдати миллӣ дар назму низоми давлат дигар на маъние дошт ва на ҷойгоҳе.
Нуқтаи авҷи низоъҳои дохилии неруҳои ба ҳам мухолифи кишвар дар ду майдони пойтахти мамлакат — «Шаҳидон» ва «Озодӣ» хулоса мешуд. Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа саркардагон тарафдоронро мусаллаҳ карданд ва ҷанги дохилӣ шурӯъ гардид. Ва хеле возеҳ буд, ки ҷараёни воқеаҳо аз хориҷи кишвар идора мешуд, ки ин вазъияти бе ин ҳам сангини кишварро боз ҳам мураккабу печидатар кард. Силоҳбадастон Президенти қонунии ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро, ки мехост ба таври пинҳонӣ аз Душанбе ба Хуҷанд бираваду ҳукуматро аз он ҷо идора намояд, дар фурудгоҳ таҳти фишор аз мансаб ронданд. Ҳукумат бе роҳбар монда, фалаҷ шуд. Пойтахт ба дасти сарони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи давлат афтод, аммо ҳеҷ як аз вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳозир набуд, ки ҳукумати онҳоро ба расмият бишносад ва ба онҳо итоат намояд. Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона хавфи парокандагӣ таҳдид мекард ва тавре дар баъзе аз пойгоҳҳои интернетӣ дида мешавад, нақшаи онро дар хориҷи кишвар аллакай кашида буданд. Бале, нестии кишвар дигар ногузир буд, агар он воқеаи таърихии тақдирсоз ба вуқӯъ намепайваст – баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Он, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 доир гардид, шахсиятеро ба арсаи сиёсат овард, ки бо тамоми масъулият донишу таҷриба ва кӯшишу тавоноиро барои барқарор намудани сулҳу салоҳи оммавӣ дар мамлакат бахшид.
Вазъи рӯзҳои аввали ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани хешро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқотҳояш бо ҷавонони лаёқатманд, ки ҳамон кӯдакони солҳои ҷанг буданд, соли 2013 ин тавр баён намуда буд: «Дар рӯям гуфтанд: Туро баъди ду ҳафта мекушанд. Ман як чиро дарк мекардам, ки дар ҳамон вақт роҳбаре даркор буд, ки фидоии миллат бошад, худашро қурбон кунаду миллатро сарҷамъ».
Сарвари давлат корро аз гуфтушунид бо тарафҳои даргир шурӯъ намуда, 8 декабри соли 1992 ба мардум муроҷиат кард:
«Халқи мо имрӯз душвортарин ва фиҷианоктарин давраи таърихи худро аз сар гузаронида истодааст. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона барқарор шудани сулҳ равона карда, барои Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».
Банда, муаллифи ин сатрҳо ҳамроҳ бо Абдуфаттоҳ Шарифзода — сардори Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрмаҳмад Аралев — коргардони синамо ва ҳамкасбону дӯстони дигар тайи солҳои 2012-2013 филми мустанади дуқисматиро таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт» дар бораи ҳаёту фаъолияти Пешвои миллат таҳия мекардем. Табиист, ки кор аз пайдо кардани ошноии комил бо бойгонии филмҳо ва наворҳои сабтшуда аз воқеаҳои таърихӣ оғоз мешуд. Чизеро, ки ман бештар аз ҳама мехостам бубинам, бархӯрд ва эҳсосоти тарафҳо ҳангоми мулоқоту музокироти сулҳ буд. Бинобар ин, ҳангоми тамошои наворҳо ба ин ҷанбаи масъала диққати бештар медодам. Аҳамият медодам, ки онҳо чӣ тавр бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, чӣ тавр салом мекунанд, чӣ тавр сухан мегӯянд ва чӣ тавр ба чашми ҳамдигар менигаранд? Ман як чизро дидам, ки агар ҳангоми гуфтушунидҳо бо раҳбарони мухолифин дилҷӯӣ, хушхулқӣ, садоқату ростқавлӣ ва азму иродаи қавию самимонаи Эмомалӣ Раҳмон ошкору возеҳ намебуд, ҳеҷ гоҳ ба сулҳу салоҳу амният намерасидем. Зеро хунсардӣ ва нобоварӣ дар чашмҳо ва гуфтору рафтори намояндагони ҷониби муқобил хеле равшан намоён буд. Бале, бовару итминон нисбат ба якдигар дар музокироти сулҳ нақши хеле ҳалкунанда дошт. Онҳо оҳиста-оҳиста ба нияти неки сулҳхоҳӣ, азми қавӣ, иродаи устувор ва ростқавлию ҷавонмардии ӯ бовар карданд, ҳарчанд медонистанд, ки дар паҳлуи Сарвари давлат қумондонҳои худсар ва сиёсатбозоне низ ҳастанд, ки сулҳу салоҳро на танҳо намехоҳанд, балки ҳозиранд бо тамоми неру онро маҳв намоянд.
Амри дигари муҳим барои расидан ба сулҳу салоҳи комил баргардонидани фирориён аз дохилу хориҷи мамлакат ба макони аслии зист ва хонаву дарашон буд, ҳарчанд дар маҳалҳои ҷангзада дигар хонаву даре ҳам намонда буд. Аммо Сарвари давлат тавассути радио ва телевизион ба ҳамватанон муроҷиат кард:
«Ман муроҷиат мекунам ба тамоми ҳамватанони худам, ки имрӯз дар хоки Афғонистон истиқомат доранд, фирорӣ ҳастанд, ба ватани худ баргарданд. Ватани ҳамаи тоҷикони дунё — ин Тоҷикистон аст, пеш аз ҳама, он тоҷикони муқимие, ки имрӯз дар асари он задухӯрдҳо аз ватани худ беватан гаштаанд. Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти вазнини иқтисодӣ қарор дошта бошад ҳам, мо ҳамаи кафолат, ҳамаи шароитҳоро медиҳем, то ҳар чӣ зудтар онҳо ба масканҳои доимии худ баргарданд. Ҳамаи шахсоне, ки дар ин ҷанги бардоркушӣ даст зада бошанд, дар даст силоҳ дошта бошанд, онҳоро ҳам авф мекунем. Чунки ман дар назди мардуми ҷумҳурӣ ваъда додаам: «То гурезаи охирин ба ватани худ, ба маскани доимии худ барнагардад, ман ҳамчун Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олӣ худро ором ҳис намекунам ва аз фаъолияти кории худ низ қаноатманд намешавам».
Эмомалӣ Раҳмон пас аз 9 моҳу 12 рӯзи интихоб шудан ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ бо даъвати собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ ҷиҳати боздиди расмӣ ба Кобул сафар кард. Ҳалли ҳар чӣ зудтари ду масъалаи асосӣ — баргардонидани фирориҳои тоҷик ба ватан ва дуюм, ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳар ду давлат аз мақсадҳои аслӣ ба шумор мерафт. Сарвари давлат аз он сафари пурхатар пирӯзу муваффақ баргашт.
Ҳарчанд дар ин миён дар ноҳияи Рӯшон мухолифони сулҳу оштӣ ба ҷони вай суиқасд анҷом доданд, вале ӯ дигар худро фидоии ҳадафи олии хеш карда буд – расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ!
Вохӯрии аз ҳама пуршиддату хатарнок, вале пурмаҳсулу бомуваффақият 11 декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон баргузор шуд. Ба давлате, ки он ҷо ҷанги дохилӣ дар авҷ буд, парвоз кардан хатари бузург дошт. Дар ҳамон вазъият музокироти ҷонибҳо дар рустои Хосдеҳ баргузор шуд. Пешвои миллат порае аз суханони хешро бо сарварони мухолифин дар он вазъияти ҳассос ин гуна ба хотир меоварад:
«Дар сурате ки мову шумо ба ифоқа наоем, ҷанги шаҳрвандӣ давом кунад, миллати тоҷик пароканда мешавад. Кишварҳое ҳастанд, ки кумак карда истодаанд, бо ҳар роҳу восита давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз байн меравад ва мову шумо дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун миллаткуш боқӣ мемонем, ки фарзандону наберагону аберагони мову шуморо ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик дигар намебахшад. Ана ҳаминро ба инобат гирифта, ман назди шумо барои сулҳ кардан омадаам».
Мухолифони сулҳу созиш бо ҳар роҳу восита кӯшиш карданд, ки ҷараёни музокироти сулҳро халалдор намоянд. 30 апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суиқасди навбатӣ сурат гирифт, вале ин таҳдиди ҷонӣ низ азму иродаи меъмори сулҳро суст накард ва ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва Тоҷикистон амалан аз марҳалаи ҷангу даргирӣ ба марҳалаи нави рушд – созандагии бузург ворид гардид, ҳарчанд ки баъд низ аз сӯи баъзе аз қумондонҳои худсар ошӯб ва нооромиҳо ба вуқӯъ пайваст. Ба шоҳкории бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ мекунаму шукри сарнавишт мекунам. Шукр мекунам, ки Худо ба миллат дар сарҳади ҳаёту мамоти давлат шахсияти некуният, қавиирода ва фидоии миллату давлатро ато кард. Ӯ буд, ки ҷон дар кафи даст сулҳ овард, миллатро сарҷамъ ва мамлакатро обод кард. Агар ба сулҳу салоҳ намерасидем ва ҷанг мисли ҳамсоякишвар идома меёфт, яқин буд, ки дигар расидан ба сулҳу амният ба хобу хаёли руъёӣ табдил мешуд. Зеро воқеаҳои ахири кишварҳои Ховари Миёна – Ироқ, Сурия ва Яман ин ҳақиқати талхро ошкор сохт, ки то тақсимоти ҷаҳон дар байни абарқудратҳо ба поён нарасад, дар оташи ҷангу низоъҳои дохилии кишварҳо ба ҷои об равған рехта мешавад. Ман шукр мекунам, ки мо қабл аз ба ин ҳолати вахим расидани ҷаҳони муосир аз он вартаи ҳалокат ва вазъи хатарнок берун омадем ва он ҳам ба шарофати азму иродаи қавӣ, нияти нек, ақлу заковати расо, садоқату ҷоннисорӣ ва донишу таҷрибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дастони созанда ва роҳбарии муваффақонаи ин шахсияти ватанпарвару давлатсоз Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амни ҷаҳон табдил ёфт, соҳиби артиши миллии муҷаҳҳаз гардид, аз бунбасти иртиботӣ берун омад, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ таъмин шуд, ба ҳадафҳои стратегӣ пай дар пай даст ёфт, шаҳру деҳот рӯ ба рушд ниҳода, ободу зебо гардид ва нуфузу эътибор дар арсаи байналмилал бамаротиб боло рафт. Аз ин рӯ, мардуми шарифи кишвар чун ҳалқаи фӯлод дар гирди Пешвои миллат муттаҳид гаштааст ва ин иттиҳоди муборак бешак, ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави саодату хушбахтӣ хоҳад расонд.
Раҳмоналӣ ШЕРАЛИЕВ,
сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг