Суҳбатҳои телефонӣ

№124 (4230) 06.10.2020

5 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи стратегии ду кишвар ва як қатор масъалаҳои байналмилалиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Владимир Путин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро баён дошт.

Президенти Федератсияи Россия саҳми шахсии Пешвои миллатро дар рушду таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар, инчунин, афзун гардонидани робитаҳои судманди ҷонибҳо дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври хоса қайд карданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо азми худро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаашон аз рӯи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ иброз доштанд.

 Панҷуми октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати зодрӯзашон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.

Сипас, масоили марбут ба ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти равобити амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки ҳамчун пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз ҳам хизмат карда истодаанд, ба таври хоса таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо пешорӯи давлатҳои мо ҳадафҳои зиёди умумӣ истодаанд ва Тоҷикистон омодааст, ки ҷиҳати ноил шудан ба онҳо бо ҷониби Ӯзбекистон минбаъд низ ҳамкориҳои зичи созанда дошта бошад.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

 Панҷуми октябр, ҳамчунин, байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарвари давлати Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзашон самимона муборакбодӣ намуд.

Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати дурандешона ва фаъолияти самараноки сулҳофарии Роҳбари давлати мо қайд намуд.

Президенти Тоҷикистон барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон ибрози сипос ва қайд карданд, ки бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар қолаби шарикии стратегӣ минбаъд низ тавсеа ёфта, қуллаҳои навро фатҳ хоҳанд намуд.

5 октябри соли 2020 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.

Сарвари давлати мо ба Нурсултон Назарбоев ҷиҳати табрикоти гарм ва таманниёти некаш ба унвони Пешвои миллат ибрози ташаккур намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистон дар айёми мо ба таври муваффақиятомез рушд ёфта истодаанд ва дар пешбурди ин раванд нақши Нурсултон Назарбоев бузург мебошад.

Инчунин, аҳамияти муносибатҳои дерини бародарона ва дӯстии наздики ду Пешво – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ҷиҳати рушди бемайлони муносибатҳои муосири дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистон таъкид гардид.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳанд ёфт.

www.president.tj