Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ «Тоҷик Алмос» Хайриддин Бобоев дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, оид ба пешбурди фаъолият дар МОИ «Кӯлоб» бо ҶДММ «Тоҷик Алмос» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Масъулини «Тоҷик Алмос» нақша доранд дар давоми 1,5 соли оянда корхонаи истеҳсоли қисмҳои мошинро бунёд намоянд. Сохтмони он дар 1 гектар замин ба нақша гирифта шуда, бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал масъулин ният доранд истеҳсоли ҳавотозакунак (ҳавоӣ ва равғанӣ) – ро барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монанд. Баъди бунёди корхона 20 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар 309 гектар замин ба қайд гирифта шуда, соли равон ба фаъолият оғоз намуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»