Яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди интихоботи муосир муайян намудани хусусияти технологияҳои он мебошад. Дар шароити нав шакл ва моҳияти интихоботҳои классикӣ вобаста ба талабот ва эҳтиёҷоти ҷомеа мунтазам дигаргун мешавад. Аз ин рӯ, ба инобат гирифтани зарфиятҳои фаъолият зимни интихобот дар ҷомеаи иттилоотӣ амри зарурист.
Ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаест, ки аксарияти одамон ба истеҳсолот, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани иттилоот машғуланд. Нишонаҳои он чунин аст:
- авҷгирии нақши иттилоот дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
- зиёд шудани шумораи коргарони ба технологияҳои иттилоотӣ машғулбуда, истеҳсолкунандагони маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ;
- авҷгирии иттилоотонии ҷомеа тавассути истифодаи телефон, радио, телевизион, шабакаҳои интернетӣ ва ВАО;
- дастрасӣ ба ахбори умумиҷаҳонӣ;
- ташаккули иқтисоди электронӣ, ҳукумати электронӣ, бозорҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва интиқоли бехавфи иттилооти муҳим ба раванди ташкил ва рушди интихобот низ таъсир мерасонад. Масоиле, ки дар масири интихобот дар ҷомеаи иттилоотӣ ба вуҷуд меоянд, чунинанд:
- имкониятҳои истифодаи овоздиҳии электронӣ;
- истифодаи технологияи муосир дар рафти интихобот, пайомадҳои мусбат ва манфии он;
- нигоҳ доштани махфияти овоздиҳӣ ва аҳамияти бақайдгирии ҷуғрофӣ ҳангоми ташкил намудани интихоботи умумихалқӣ.
Ба инобат бояд гирифт, ки интихобот падидаи мураккаб буда, механизми муқаррар намудани иродаи шаҳрвандон ва тайёрии пешакиро барои баргузор намудани он дар назар дорад. Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои автоматизатсия метавонанд бисёре аз масъалаҳоро ҳал намоянд, инчунин бархе аз мушкилиҳоро ба бор оваранд.
Масъалаи дигаре, ки айни замон дар ҷомеаи муосир ба вуҷуд омада истодааст, истифода аз технологияи муосир, аз ҷумла, овоздиҳии электронӣ ба ҳисоб меравад. Он ниҳоят ҷолиб аст, аммо кафил шуда наметавонад, ки аҳолӣ аз он истифода бурда метавонад ё ин ки принсипи овоздиҳии пинҳонӣ вайрон намегардад, чунки барои ҷорӣ намудани овоздиҳии электронӣ бояд рӯйхати интихобкунандагон дар шакли электронӣ ва ба талабот ҷавобгӯ тайёр шуда бошад. Оё интихоби шаҳрванд махфӣ мемонад ё ин ки дигар карда мешавад, чунки дар ҳолати мавҷуд будани бюллетен аллакай далели шайъӣ мавҷуд аст, дар шакли электронӣ бошад, сари ин масъала баҳс ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс эҳтимолияти аз нав ҳисоб кардани бюллетенҳо пеш меояд. Бюллетен далели он аст, ки интихобкунанда воқеан вуҷуд дорад. Дар овоздиҳии электронӣ бошад, он метавонад муаммои зиёд дошта бошад.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи истифода аз овоздиҳии электронӣ дар се шакл ба роҳ монда мешавад:
- муайяннамоии оптикии бюллетенҳо;
- низоми бевоситаи баҳисобгирӣ;
- интернет-овоздиҳӣ.
Муайяннамоии оптикӣ дар як қатор штатҳои Америка истифода мегардад. Он аз шакли классикӣ тафовут надорад, танҳо бюллетенҳоро на ба қуттии интихобот, балки ба мошинаи баҳисобгирии овозҳо ворид менамояд. Ҳоло аз ин технология бархе аз давлатҳо, ба монанди Канада, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин истифода мебаранд. Олмон ва Британияи Кабир, ки пештар аз он истифода мебурданд, айни ҳол даст кашидаанд.
Шакли дуюми истифодаи овоздиҳии электронӣ аз шакли аввалин дар мавҷуд набудани бюллетен тафовут дорад. Ба мисли шакли аввалин овоздиҳанда бояд ба участка ҳозир шавад. Истифодабарандагони ин технология Бразилия, Ҳиндустон ва Венесуела ба ҳисоб мераванд. Он дар як қатор давлатҳо ҳамчун шакли тестӣ (озмоишӣ) истифода мегардад. Давлатҳои ба монанди Белгия, Франсия, Нидерланд, Олмон ва Япония аз истифодаи ин технология даст кашидаанд.
Интернет-овоздиҳӣ айни замон танҳо дар Эстония дар шакли умумиҷамъиятӣ истифода гаштааст.
Ҷомеаи иттилоотӣ ҷузъиёти интихоботро зери назар гирифта, ба рафти маъракаи сиёсӣ баҳои мусбат ё манфӣ медиҳад.
Технологияи интихоботӣ бояд барои ҳалли саволҳо ва мушкилоте, ки дар назди комиссияи интихоботӣ меистад, мусоидат намояд. Инчунин, роҳҳои нав ва самараноки гузаронидани интихоботро бояд ошкор намояд.
Интихоботи демократӣ — риояи махфияти интихоб аст. Дақиқан, истифодаи технологияи интихоботӣ равиши муқаррарӣ ба ҳисоб меравад ва бо мурури замон камбудиҳои мавҷудбуда аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор бартараф мегарданд, аммо ба кадом арзиш? Пурра ҷорӣ намудани технологияи муосир дар рафти интихобот таҷрибаро тақозо мекунад. Аз таҷрибаи давлатҳои дигар низ комилан истифода бурдан мутмаинкунанда ба ҳисоб намеравад, чунки Тоҷикистон ба хусусиятҳои анъанавӣ ва шуури ҳуқуқиву сиёсӣ аз он давлатҳо тафовут дорад. Истифода бурдани услубҳои дигар оё ба арзишҳои мо мувофиқат мекунад ё на?
Бояд ёдрас шуд, ки истифода аз воситаҳои муосири технологӣ дар асоси таҳлилҳои пайваста ва назари шаҳрвандон ба он ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин, мақомоти қонунгузор бо дарназардошти пазироии падидаҳои нав аз ҷониби аҳолӣ ин ё он василаи навро дар рафти маъракаи сиёсӣ ҷорӣ мекунанд.
Бояд ёдрас шуд, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» технологияи интихоботӣ дар шакли классикӣ ва то ҳадди имкон содакардашуда истифода бурда мешавад. Раванди мазкур аз барӯйхатгирии интихобкунандагон ва шинос намудани интихобкунандагон бо ин рӯйхат, бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ, бюллетенҳои интихоботӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва муайянкунии натиҷаи интихобот иборат аст.
Таъминоти иттилоотӣ дар раванди интихобот яке аз шаклҳои муҳими фаъолият мебошад, ки бояд аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ва ё субъектҳои дар раванди интихобот иштироккунанда амалӣ карда шаванд. Аз ин рӯ, ҳангоми тайёрӣ ба интихобот Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияи ҳавзавӣ ва участкавӣ бояд ба масъалаи ташвиқи моҳияти интихобот диққати ҷиддӣ диҳанд, нақши онро дар ҳаёти ҷомеа шарҳ диҳанд, интихоботро ҳамчун василаи таъмини муттаҳидӣ маънидод намоянд, қонунгузории интихоботро таҳлил намуда, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон аҳамияти онро расонанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон ва дигар иштирокчиёни маъракаи сиёсиро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Ин шакли фаъолият сирф хосияти ташвиқи интихоботро дошта, дар раванди он набояд ба ягон номзад афзалият дода шавад ва ё барномаи сиёсии ӯ ташвиқ карда шавад.
Таҷрибаи интихоботи моҳи марти соли 2020, яъне интихоботи парлумонӣ ва интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, нишон медиҳад, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд аз дастовардҳои охирини технологияҳо истифода мебарад. Ҳамчунин, бо дарки масъулият барои таъмини шаффофият дар раванди ташкил ва баргузор намудани интихобот, Комиссияи марказии интихобот сомона фаъол гардонида, дар он мунтазам ахбори зарурӣ дар бораи фаъолият ва умуман раванди интихобот ҷой дода мешаванд.
Таҷрибаи коркарди замимаҳои мобилӣ ҳам яке аз навовариҳое мебошанд, ки соли 2020 дар раванди интихоботи парлумонӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ амалӣ шуд. Он баҳри дастраси оммаи васеи мардум гаштани иттилооти зарурӣ дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳамияти хосса дорад. Ҳар шахс метавонад онро дар телефони мобилӣ насб карда, дар дилхоҳ маврид истифода барад.
Навоварии дигаре, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар раванди интихоботи президентии дарпешистода амалӣ намуд, кушодани саҳифаи алоҳидаи «Интихоботи Президенти Тоҷикистон-2020» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мебошад, ки тавассути он иттилооти зарурӣ васеъ паҳн карда мешавад. Ин аст, ки то ҳол дар фазои маҷозӣ маъракаи ташвиқоти интихобот бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.
Ҳамчунин, таҷрибаи истифодаи алоқаи мобилӣ бо мақсади огоҳ намудани интихобкунандагон дар бораи рӯзи овоздиҳӣ тавассути равон намудани СМС-паёмак низ василаи муосири истифода аз технологияҳои мобилӣ мебошад. Ин таҷриба низ бори аввал дар интихоботи 1 марти соли 2020 истифода шуд. Боварӣ дорем, ки он дар интихоботи дарпешистода низ истифода мешавад.
Ҳамин тариқ, таҳлили масъалаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ташкили дурусти фаъолият дар ин самт баҳри таъмини шаффофият дар раванди интихобот муҳим аст. Инъикоси фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ошкоро будани корбарии онҳоро таъмин намуда, эътимоди ҷомеаро ба онҳо афзун мегардонад.
Шокарим ШАБОНОВ,
коршиноси КМИР