Шашуми октябри соли 2020 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) Бахтиёр Худоёрзода ҷаласа доир гардид, ки дар он мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзида, ҳисоботи раисони ҳавзаҳои интихоботии Шоҳмансур, №3, Ваҳдат, №5, Бӯстон, №33 ва Бохтар, №44-ро дар бораи вазъи омодагӣ ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуниданд.
Зикр шуд, ки омодагӣ дар асоси қонунгузорӣ ва Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби КМИР тасдиқ гардидааст, амалӣ мешавад. Дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагон омода ва ба онҳо дар бораи рӯзи интихобот ва ширкат дар он хабарномаҳо фиристода шудааст. Инчунин, дастур ва дигар лавозимоти иттилоотӣ ба миқдори зарурӣ ба ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дастрас гардидааст. Айни замон тарғибот дар бораи моҳияти интихобот ва тартиби иштирок дар он идома дорад. Барои шахсони дорои имконияти маҳдуд ва таъмини ҳуқуқи онҳо дар участкаҳои интихоботӣ утоқи алоҳидаи овоздиҳӣ ташкил ва дар роҳравҳо пандусҳо насб гардидаанд. Инчунин, бо мақсади риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавирус участкаҳо бо захираи зарурии маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин шудаанд.
«Садои мардум»