Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ илова ворид карда шуд

№126 (4232) 09.10.2020

Мувофиқи он минбаъд муҳокимаи судии парванда наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад

DSC_9907Ҳаштуми октябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 54 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Назарзода Рустам ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф Аҳмадҷон иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд

2. Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода

3. Дар бораи тасдиқи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID -19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд 21 сентябри соли ҷорӣ бо риояи расмиёти амалкунанда ва бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемияи бемории сироятии COVID -19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба имзо расонида шудааст. Он ҳаҷми маблағи 50, 0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҳисоби маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар шакли қарзи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.

Тибқи шартҳои созишнома, маблағҳои қарзӣ ба муҳлати 20 сол бо муҳлати имтиёзии 10 сол ва меъёри хизматрасонӣ 0,25 фоиз барои соли аввал ва 1,0 фоиз барои солҳои минбаъда ҷалб мегардад. Ва барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ, бахусус барои маблағгузории хароҷоти буҷет, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла бо бартарият барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, инчунин хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории соҳаҳои дигари иқтисоди миллӣ, равона мешавад.

Татбиқи созишнома дар шароити вазнини иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, ки бо сар задани пандемияи COVID -19 ба миён омадааст, барои ҳаллу фасли мушкилоти молиявии давлат, таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъалаи зикргардида сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он саҳми молиявӣ дошта, дар шароити тағйирёбии иқтидори иқтисодиёти ҷаҳон, ки онро бемории сироятии COVID-19 ба вуҷуд овард, барои ҳалли мушкилоти молиявии давлат, таъмини музди меҳнат, уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тавассути дастгирии буҷети давлатӣ равона гардида, барои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.

Татбиқи созишнома аз нигоҳи молиявӣ ва иқтисодӣ барои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар буда, маблағҳои ҷалбгардида пурра дар ҳаҷми 50,0 млн. доллари америкоӣ ҳамчун қисми даромад ба буҷети давлатӣ ворид карда мешавад. Маблағи пешбинишуда барои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ равона мегардад.

Созишнома расмиёти лозимаро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад. Созишномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Шашуми октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардид.

Аз шумо хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID -19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

(Идома дорад)

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ