(Идома аз шумораи гузашта)
Дар деҳоти «Симиганҷ»-и шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои таълим дар он шинос шуданд.
Дар он, ки аз ҷониби оилаи Зокировҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд гардидааст, ҷавонон аз рӯйи хизматрасониҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва туризм соҳиби ихтисос мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат аз рӯйи ҳашт ихтисос 500 нафар ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.
Бинои муассисаи таълимӣ дорои 23 синфхона ва се озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ мебошад. Онҳо таълимгирандагон нозукиҳои хизматрасониву оростани дастурхон, тарзи омода кардани шириниву дигар анвои хӯрданиро азбар менамоянд. Барои таҳсилгирандагони системаи компютерӣ ва интернет-технология синфхонаи алоҳида, бо компютерҳои ҳозиразамону дигар ҷиҳози зарурӣ ташкил гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, дар литсей шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои ошпаз, ошпаз — қаннод, роҳбалад, туроператор — турагент, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ва дӯзандагӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи соҳибкасб намудани духтарону занони хонашину бешуғл низ зоҳир гардидааст. Дар ин замина, дар муассисаи нав курсҳои кӯтоҳмуддати думоҳа таъсис дода шудааст. Феълан аз ҳисоби нафарони бешуғл панҷ гурӯҳ барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Барои омӯзонидани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба кор ҷалб гардидааст.
Иншооти нав дорои китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад. Фонди китобхонаи он аз 2300 нусха адабиёти гуногун иборат аст.
Муҳлати таҳсил дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар заминаи маълумоти миёнаи асосӣ ду сол ва дар заминаи маълумоти миёнаи пурра як солро ташкил медиҳад. Рафти таълиму тарбия дар он мутобиқ ба стандартҳои муосири таҳсилот роҳандозӣ гардидааст.
Дар марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар литсей хобгоҳ бо 350 кати хоб, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, ошхона ва боғ дар назар дошта шудааст, ки то соли таҳсили 2022-2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Литсейи касбӣ, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, имконият медиҳад, минбаъд мутахассисони касбӣ барои расонидани хизмати босифат ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳиву муаррифии имкониятҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон омода карда шаванд.
Президенти мамлакат ба касбомӯзон маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамовардаро самаранок истифода бурда, нозукиҳои касби интихобкардаашонро ҳамаҷониба азхуд намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти «Чӯянгарон»-и шаҳри Ваҳдат шинос шуда, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузаронданд.
Аз майдони умумии заминҳои кишти ин хоҷагиҳо, ки 6 гектарро дар бар мегирад, ҳар сол аҳли заҳмат бо дарки баланди маданияти истифодабарии замин аз як то чор ҳосил ба даст меоранд.
Заҳматкашони хоҷагиҳо соли равон дар майдони 4 гектар гандум, 0,60 гектар картошка, 0,55 гектар помидор ва 0,65 гектар беда барои хӯроки чорво кишт намуда буданд. Зимни кишти такрорӣ низ дар заминаи талошҳо дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Аҳли заҳмати хоҷагиҳо дар кишти такрорӣ дар майдони зиёда аз 2 гектар ҷуворимаккаи дон, 2,35 — мош, 0,45 гектар бодиринг, сабзӣ, карам ва қулфинай коштаанд.
Кишоварзони хоҷагиҳо парвариш ва кишти зироатро дар асоси маслиҳату машварати мутахассисон бо интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда, дастовардҳои меҳнатиро сол аз сол беҳтар карда истодаанд.
Кишти тирамоҳӣ низ дар хоҷагиҳо бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст. Кишоварзон аллакай дар майдони 0,40 гектар пиёзи барвақтӣ ва 0,10 гектар сирпиёз кориданд.
Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти нашъунамои зироат дар хоҷагиҳо иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти «Чӯянгарон» майдони умумии заминҳои корам 548 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин 170 гектараш лалмӣ ва 478 гектари дигараш заминҳои корами обӣ мебошанд.
Соли равон кишоварзони деҳот аз майдони умумии 220 гектар гандум беш аз 41 сентнерӣ ва аз 280 гектар сабзавот 340 сентнерӣ ҳосил рӯёндаанд. Ҳоло нақша доранд, ки дар кишти тирамоҳӣ дар майдони 180 гектар гандум, 20 — ҷав, 70 — пиёзи бехӣ ва 10 гектар пиёзи баҳорӣ кишт намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти нашъунамои зироат дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» таҷрибаи кишоварзони деҳоти «Чӯянгарон»-ро дар самти кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ намуна арзёбӣ карда, барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи пурсамару мақсадноки ҳар як ваҷаб замини корам ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар ҳамон ҷо Роҳбари давлат бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат шинос шуданд. Кишоварзони шаҳр баҳри таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, пайваста талош меварзанд ва сол то сол бо кишту парвариши зироати гуногун дар ин самт саҳми назаррас мегузоранд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳои маҳсулоташонро, ки ҳар сол дар кишти асосӣ, такрорӣ ва тирамоҳӣ парвариш мекунанд, ба тамошо гузошта буданд.
Ҳамчунин, дастранҷи занбӯриасалпарварони шаҳр ба тамошо гузошта, иқтидори истеҳсолӣ дар ин самт муаррифӣ шуд.
Тавре таъкид гардид, гулу гиёҳҳои шифобахш ва майдони васеи ҷангалзори шаҳри Ваҳдат барои таъмини рушди соҳа мусоидат мекунад.
Шумораи оилаҳои занбӯри асал феълан дар шаҳр ба 15 ҳазору 522 адад мерасад. Занбӯриасалпарварон соли равон 1234 тонна асали хушсифат ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва маҳсулоти занбӯри асали ин минтақа бо таъму мазаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад.
Бо дарназардошти зиёд будани талабгорони асали табиии шаҳри Ваҳдат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои бандубасти он бо шаклу усулҳои хоси миллӣ дар минтақа ва истифодаи мақсаднок аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Шаҳри Ваҳдат дорои имконоту иқтидорҳои зиёд дар самти рушди соҳаи парандапарварӣ низ мебошад. Теъдоди паранда дар ин шаҳр соли равон ба 810 ҳазору 880 сар расонида шудааст.
Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, дастоварди ҷангалпарварони шаҳр, аз ҷумла, хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар растаниҳои дар ҷангалзори ин минтақа парваришёфта муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалзори шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳи шифобахш мерӯяд ва ҷангалпарварон барои ҷамъоварии беталафи онҳо аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.
Дар гӯшаи дигар зиёда аз 20 намуд ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар шаҳри Ваҳдат 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият дорад, ки дар таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузоранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону ниҳолпарварони шаҳр барои истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз ва таомҳои гуногуни миллӣ машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.
Занону бонувони шаҳри Ваҳдат дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлатро дар самти омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани таомҳои миллӣ сармашқи кор қарор додаанд.
Роҳбари давлат бо дарназардошти вазъи феълии ҷаҳон таваҷҷуҳи масъулон ва хоҷагидорони шаҳри Ваҳдатро барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ ҷалб намуда, ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тавлиди маҳсулот, ба гардиш даровардани заминҳои нав, роҳандозии усулҳои муосири бандубасти маҳсулот ва захираи озуқаворӣ барои давраҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ ва хатти интиқоли барқи 04 киловолтаро ба масофаи 53 километр барои нуҳ деҳаи деҳоти «Ромит» мавриди истифода қарор доданд.
Зеристгоҳи барқӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳоти «Ромит» — деҳаҳои Қоху, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан, Дашти мазор, Ғускеф ва Пичеф, дар маҷмӯъ, 9 деҳа иборат аз 3100 нафар аҳолӣ аввалин бор дар ин мавзеъ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Маблағи умумии гранти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 60 млн. сомониро ташкил дода, он барои корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ «Ромит», хатҳои интиқоли неруи барқи 110, 20 кВ ва 0,4 кВ, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ва хизматрасониҳои мушовирӣ ҷиҳати назорати татбиқи лоиҳа равона гардид.
Мардуми шукргузори шаҳри Ваҳдат, бахусус, сокинони деҳаҳои деҳоти «Ромит» ба Сарвари давлат барои ин туҳфаи арзишманд изҳори сипос намуданд, зеро акнун бо шарофати истиқлолият ва сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар равшанию гармӣ ба хонадони ҳар як сокини деҳаҳои ин минтақа ворид шуд.
Корҳои сохтмониро ғолиби озмуни сохтмонӣ — ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба анҷом расондааст. Дар рафти татбиқи лоиҳа 46 нафар корманд бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Дар доираи лоиҳа трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқии ба бунёди инфрасохтори зикргардида алоқаманд аз коргоҳҳои бонуфузи истеҳсолии ширкатҳои «Чинт Электрик», «Ҷинагсу Ругао Ҳиг Волтеҷ Электрик Аппартус»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, «Алимар Генератор» ва «Метранак»-и Ҷумҳурии Туркия ва «Южноуралский арматурно-изоляторный завод»-и Федератсияи Россия ворид шудааст.
Ҳамчунин, баҳри дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, харидории такягоҳҳои хатҳои интиқоли барқи 20 кВ ва 0,4 кВ ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Поянда» ва зиёда аз 49 тонна ноқилҳои навъи гуногун аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ харидорӣ ва дар лоиҳа истифода гардидааст.
Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит», ки барои таъмини иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд), пешбинӣ гардида буд, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) солҳои 2016-2017 ҳамкориро ба роҳ монд.
Дар доираи лоиҳа, бо маблағгузории Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, барои барқтаъминкунии 9 деҳаи деҳоти «Ромит» сохтмони зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 МВА), сохтмони тахминан 500 метр хатти интиқоли барқи 110 кВ, сохтмони 46,75 км хатти интиқоли барқи 20 кВ бо насби 810 адад такягоҳи оҳанубетонӣ, сохтмони 15 км хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ бо васлу насби 428 адад такягоҳ дар деҳаҳои зикргардида, насби 9 адад нуқтаи трансформатории 20/0,4 кВ бо насби низоми ҳисоби неруи барқ иҷро гардид.
Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ назорати саривақтии татбиқи лоиҳа аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ, инчунин ширкати мушовирии кореягии «KEPCO», таъмин карда шуд.
Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шабакаҳои барқӣ дар деҳоти «Ромит» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро қадами муҳиме дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ номиданд.
Дар мавзеи Олучадараи деҳоти «Ромит» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаро ифтитоҳ намуданд.
Ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст.
Аз соли 2019 дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), моҳиҳои дарёгӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний) парвариш карда мешаванд.
Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадара сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад. Соҳибкор ният дорад, ки бо дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин ва оянда барои содирот моҳӣ истеҳсол намояд.
Соли 2020 дар ин ҳавзҳо 30 тонна моҳӣ парвариш ёфта, ба фурӯш бароварда шуд. Соли 2021 бошад, дар нақша аст, ки беш аз 60 тонна моҳӣ ба фурӯш бароварда шавад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» -и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки роҳбариашро соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо Ширкати «Алераква»-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Зимни сохтмони Маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии «Баҳор» зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд. Ҳоло, баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Масолеҳи сохтмонии дар ин маҷмаа сарфшуда пурра истеҳсоли ватанӣ мебошанд.
Дар даромадгоҳи мавзеъ аз тарафи соҳибкор боз иншооти сеошёнаи дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд шудааст.
Дар даромадгоҳи маҷмааи моҳипарварию истироҳатӣ ба Сарвари давлат лоиҳаҳои иншоот ва дурнамои кори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон соҳибкор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 800 нафар хонанда 16 синфхонаи иловагӣ бунёд карда истодааст.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхонаи навро мавриди истифода қарор доданд. Он аз ду ошёна ва 50 ҷой барои меҳмонон иборат ва бо шароити зарурӣ таъмин мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» барои обод кардани диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои корӣ изҳори сипос карданд.
Соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов уҳдадор шуд, ки оянда бо бунёди ҳавзҳои дигари моҳипарварӣ ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад.
8 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Олучадараи деҳоти «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат ҳавзҳои моҳипарвариро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.
Иншооти мазкур дар соҳили дарёи Кофарниҳон дар мавзеи ноободу санглох бунёд гардидааст.
Бояд гуфт, ки қабл аз ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ба дарозии зиёда аз 1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро карда, ба ҳамин масофа бо воситаи қубурҳои оҳанӣ барои пур кардани ҳавзҳо об оварда шудааст.
Масоҳати умумии гирду атроф ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 7 гектарро ташкил медиҳад, ки дар масоҳати 3 гектари он дарахту бутта ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Ҳавзҳои моҳипарварӣ 30 ададро ташкил медиҳанд. Масоҳати онҳо аз 100 то 300 метри мураббаъ мебошад, ки дар онҳо имкони аз 30 то 70 тонна моҳӣ парвариш кардан мавҷуд аст.
Дар ҳавзҳо парвариши моҳиҳои навъи гулмоҳии шоҳона ва осётра аз тухми кирмина ба роҳ монда мешавад. Айни замон дар ҳавзҳо 5 тонна моҳӣ парвариш меёбад. Зикр гардид, ки дар оянда назди ҳавзҳои моҳипарварӣ коргоҳи коркарди моҳӣ низ ташкил карда мешавад.
Соҳибкор — роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» Комилҷон Ғаниев дар соҳаи моҳипарварӣ таҷрибаи хуб дорад. Ӯ аз соли 2019 дар кӯли Муъминобод фаъолияти моҳипарвариро оғоз намудааст, ки 25 сентябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти он шинос шуда буданд.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти моҳипарварӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» барои талошҳо баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.
8 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат мулоқот намуданд.
Президенти мамлакат бо изҳори қаноатмандӣ аз пешрафти мамлакат, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як хонадони халқ, ки бо талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ ба даст омадааст, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.
Аз ҷумла, барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар давраи соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона шудааст, ки беш аз як миллиарди он ба 7 соли охир рост меояд.
Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 3,4 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,4 млрд. сомонӣ сармояи мустақим равона ва 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Айни замон боз ҳафт лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст.
Зикр гардид, ки дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии кишвар бо саъю талоши мардуми ватандӯсти шаҳри Ваҳдат иншооту биноҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва дигар амалҳои хайру савоб анҷом дода шудаанд.
Дар доираи нақшаи ба истиқболи ҷашн тасдиқгардида, дар шаҳри Ваҳдат дар маҷмӯъ, бунёду азнавсозии 612 иншооту бино пешбинӣ шуда буд, ки кор дар 394 адади он ба анҷом расидаанд. Сохтмони 177 иншооти дигар идома дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 68 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки истеҳсоли маҳсулот дар онҳо нисбат ба 8 моҳи соли гузашта 25 фоиз афзудааст.
Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 86 фоиз, орд — 78, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ — 82 ва равғани растанӣ 51 фоиз коҳиш ёфтааст.
Вобаста ба истифодаи нокифояи захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ роҳбарону мутахассисон вазифадор гардиданд, ки тавассути ворид намудани технологияҳои муосир ва бунёди корхонаҳои нав ба истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, 107 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои зиёда аз 18 ҳазор нафар хонанда ба маблағи 94 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Соли ҷорӣ ба шаш бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 1100 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои соҳаи маориф чораҷӯӣ намоянд.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 125 табиб ва 90 корманди миёнаи тиббӣ, аз ҷумла аз рӯи ихтисосҳои табиби оилавӣ, сироятшинос, бемориҳои кӯдакона ва ихтисосҳои дигар намерасанд. Бинобар ин, Сарвари давлат масъулони соҳаи тандурустиро вазифадор карданд, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ҳимматбаланду заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат дар оянда низ бо саъю талоши ватандӯстона диёрро боз ҳам ободу зебо гардонида, дар пешрафти давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон, ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Сипас, сокинони шаҳри Ваҳдат омӯзгорон Асомиддин Сайёдӣ, Малоҳат Холиқова, донишҷӯ Фарзона Ҳалимзода, Фарида Ҳоҷиева ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Ваҳдат бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ доир ба пешрафти кишвар ибрози андеша намуданд.
www.president.tj