Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) протоколи фазаи сеюми санҷиши клиникии доруҳоро, ки аз гиёҳҳои африкоӣ барои муолиҷаи COVID -19 тайёр карда шудаанд, имзо намуд. Тибқи иттилои сомонаи ин ниҳод, қаблан коршиносони СҶТ дар Африқо пешниҳод карда буданд, ки давоҳои мардумӣ барои муолиҷаи сирояти нави коронавирус омӯхта шавад.
Ин пешниҳод баъди он садо дод, ки Президенти Мадагаскар Андри Радзуэлин ба коршиносони байналмилалӣ маслиҳат дод, то ки нӯшобаи дар асоси тахач тайёркардашударо дар беморони гирифтори COVID-19 санҷанд. Қаблан ин нӯшоба дар муолиҷаи зидди вараҷа (малерия) самарабахшиашро нишон дода буд. Ҳоло он зери унвони COVID — Organics ё CVO дар бархе аз кишварҳои африқоӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Фазаи сеюми санҷиши нӯшоба барои баҳодиҳии пурраи самаранокии даво нақши ҳалкунанда дорад. Агар давои гиёҳӣ бехатар, самаранок ва кафолатнокӣ нишон диҳад, СҶТ онро барои истеҳсоли миқёсан бештар тавсия хоҳад дод.
Моҳи майи соли равон дорусози маъруфи тоҷик, сарвари ҶДММ «Авитсенна» Сайидвалӣ Ҳикматов истеҳсоли нӯшдоруи сиёҳдона ва маҳлули пошандаи «Антиковид-19»-ро ба роҳ монд. Истифодабарандагон самаранокии онро барои пешгирии сироятёбӣ аз бемории вирусӣ тасдиқ намуданд. Агар ниҳодҳои масъул онҳоро ба коршиносони СҶТ пешниҳод мекарданд, шояд дар ҷаҳон маъруф мегашт. Шояд ҳоло ҳам дер нашуда бошад?
С. АМИНИЁН,
«Садои мардум»