Бонги изтироб!

Чаро масофаи иҷтимоӣ риоя намешавад?

№127 (4233) 13.10.2020

Имрӯзҳо дар бисёре аз нақлиёти мусофирбар овезаи «Бе ниқоб даромадан манъ аст. Масофаи иҷтимоиро риоя намоед!» навишта шуда бошад ҳам, талаботи он риоя намешавад. Модоме ки ронандагон нақлиётро аз мусофирон пур менамоянд, «масофаи иҷтимоӣ» гуфта чиро дар назар дошта бошанд?

Ё магар ба мусофирон саломатӣ азиз нест, ки ба қоидаҳо риоя намекунанд? Интизор мешинанд, ки кай кормандони БДА ронандаҳоро ҷазо медиҳанд?

Агар масофаи иҷтимоиро дар мусофирбар ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя нанамоем, истифодаи ниқоб фоида надорад. Ҳоло ки дер нашудааст, биёед, муқаррароти мавҷударо риоя намоем!

С. АБДУЛЛОЕВ,

рӯзноманигор