Чароғи раҳнамои кинои тоҷик

№127 (4233) 13.10.2020

Табрикнома-2-724x1024Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба 100-солагии Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Борис ­Кимёгаров таҳти унвони «Саҳми Кимёгаров дар инкишофи кинои тоҷик» суҳбати гирди миз доир гардид, ки дар он олимон ва муҳаққиқони соҳаи кино ҳузур дош­танд.

Директори муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён қайд кард, ки саҳми Борис Кимёгаров дар пешрафт ва ташаккули кинои тоҷик шоёни таҳсин аст. Ба танаффуси 16-солаи кино ӯ хотима бахшид ва яке аз аввалин филмҳои бадеии миллӣ — «Дохунда»-ро (аз рӯйи асари ҳамноми устод С. Айнӣ, соли 1956) ба навор бардошт. Бинобар ин, ӯ чароғи раҳнамои кинои тоҷик маҳсуб меёбад.

Сипас, шоҳасарҳои кинои тоҷик — «Қисмати шоир», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш» ва ғайраҳо таҳия шуданд, ки дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши бориз доранд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, киношинос Тилло Некқадамов доир ба «Саҳми филмҳои ҳуҷҷатӣ дар эҷодиёти Борис Кимёгаров», сармуҳаррири Идораи дубляжи ТВ «Синамо» Малоҳат Абдуллоева — «Таҳлили таҷрибаи барқарорсозии таърихӣ дар эҷодиёти Борис Кимёгаров», декани факултети санъати театрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сангов — «Мактаби Борис Кимёгаров», доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов — «Руҷӯъ ба Кимёгаров» изҳори андеша карда, Артисткаи халқии Тоҷикистон Майрам ­Исое­ва ва Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон Заур Дахте аз ҳамкориашон бо Борис Кимёгаров ёдовар шуданд.

Баъд барои иштирокчиёни чорабинӣ филми ҳуҷҷатии «Поси хотира»-и Елизавета Кимёгарова намоиш дода шуда, китоби нави фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов — «Очерки истории и теории таджикского кино: этапы идентификции» муаррифӣ гардид.

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»