10 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти сарварии Олег Мелниченко ҷиҳати иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар ташриф оварданд, мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масоили гуногуни марбут ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои пешазинтихоботӣ, баробарии имкониятҳои таблиғотии номзадҳо, истифодаи воситаҳои ахбори давлатӣ, ҷараёни омодагӣ ба чорабинии муҳими сиёсиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки айни замон участкаҳои интихоботӣ дар кишвар барои баргузории интихобот омода гардидаанд ва бо мақсади мушоҳида аз ҷараёни он мушоҳидони байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ба меҳмонон оид ба номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Маҳмадтоир Зокирзода бо итминон иброз дошт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 258 намояндаи ВАО ва 122 мушоҳиди байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои Россия, Беларус, Қазоқистон ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон