Раиси Маҷлиси миллӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт

№127 (4233) 13.10.2020

2V9A027510 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ — раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои шимолӣ Олег Владимирович Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакат ташриф овар­даанд, ба ҳузур пазируфт.

Тарафҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Марҳилаи муҳим оид ба рушд бахшидани ҷараёни назорати байналмилалии интихобот дар кишварҳои ИДМ тасдиқи «Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ» аз ҷониби кишварҳо — иштирокчиёни Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз соли 2003 ҳамроҳ мебошад.

4.1Тавре таъкид шуд, таҷрибаи Ассамблеяи байнипарламентӣ аз соли 1994 дар анҷоми мониторинги интихобот бахши муҳими фаъолияти он ба шумор меравад.

Бо итминон изҳор гардид, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихобот, бидуни ягон шак, ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ, шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

www.majmilli.tj