12 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Пешвои миллатро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу ва хизматҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон таъкид карданд.
Сипас, масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти равобити дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардуми ҳар ду кишварро, ки пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хоса таъкид карданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
12 октябри соли 2020 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Сарвари Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданашон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба ӯ беҳтарин таманниёти худро баён намуданд.
Қосим-Жомарт Токаев саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ба таври хоса таъкид карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табрикоти самимӣ ба Президенти Қазоқистон изҳори миннатдорӣ ва аҳамияти иқдомҳои муштараки минбаъдаро дар роҳи таҳкиму таъмиқи муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду давлат арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Пешвои миллатро даъват карданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд. Замони сафар аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.
12 октябри соли 2020, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ баргузор намуданд.
Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаи сермасъули давлатӣ, ба мардуми Тоҷикистон некуаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу намуда, саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризояти миллӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ махсус таъкид кард.
Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона атрофи вазъи кунуниву ояндаи робитаҳои ҳар ду кишвар мубодилаи афкор ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро бар нафъи мардуми ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
www.president.tj