КМИР: 4221076 кас раъй доданд

№127 (4233) 13.10.2020

ИНТИХОБОТ12 октябри соли равон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ки 11 октябри соли ҷорӣ доир шуд, эълон кард.

Бино ба гуфти ӯ, 4221076 нафар дар интихобот иштирок намудаанд, ки 85 дарсади аҳолии қобили раъйро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда эътироф гардад. Аз ин шумора, 49212 нафар (1,17 дарсад) ба Абдуллоев Мироҷ Санонович — номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, 62835 нафар (1,49 дарсад) ба Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ — номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, 127746 нафар (3,3 дарсад) ба Латифзода Рустам Барот — номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 90587 нафар (2,15 дарсад) ба Раҳматзода Рустам — номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва 3837927 нафар ё 90,92 дарсад ба ­Эмомалӣ Раҳмон — номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикис­тон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон овоз додаанд.

Бахтиёр Худоёрзода изҳор дошт, ки барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 ҳавзаи интихоботӣ, 3375 участкаи интихоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 39 участкаи интихоботӣ дар 29 давлати хориҷӣ ташкил гардида буд.

- Интихобот дар фазои озод, шаффоф ва демократӣ баргузор гардида, аз рафти он арзу шикоят ба қайд гирифта нашудааст, — гуфт раиси КМИР.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»