Парвозҳои мунтазам ба хатсайри Душанбе – Истанбул — Душанбе оғоз ёфтанд

№128 (4234) 15.10.2020

somonair-small_0Аз 8-уми октябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул — Душанбе барқарор кард. Парвозҳо ҳафтае як  маротиба, рӯзҳои панҷшанбе, иҷро мешаванд. Парвозҳо аз Душанбе соати 06:00, аз Истанбул соати  10-у 45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ сурат мегиранд.

Масъулони парвоз мусофиронро даъват менамоянд, ки талаботро вобаста ба пешгирии бемории COVID-19  риоя кунанд, ҳатман ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсус (the Passenger Locator Form)-ро пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Инчунин, маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 96 соати пеш аз вуруд дода шудааст, бояд дошта бошанд. Ашхоси мубталои СOVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанберо доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вуруд ба қаламрави кишвар, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 96 соати пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»