Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва аз баракати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар беш аз пеш беҳбудӣ меёбад. Яке аз нишондиҳандаҳои некуаҳволии мардум қариб дар ҳар хонадон мавҷуд будани автомобилҳои гуногунтамға маҳсуб меёбад, ки дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ на барои ҳама муяссар мешуд. Далелу арқоми мавҷуда шаҳодат медиҳад, ки он айём дар деҳаи калон, ки то 1000 нафар сокин дошт, ҳамагӣ 1-2 автомобил мавҷуд буду халос. Ҳоло бошад, тибқи маълумоти расмӣ, дар мамлакат теъдоди нақлиёти шахсӣ зиёда аз 500000 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои нақлиёт тамоми шароит, аз ҷумла заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва маҳз ҳамин омил боиси тамоюли афзоишро касб намудани шумораи автомобилҳо дар кишвар гардид. Дар ҳоле ки аксари кишварҳо барои воридоти воситаҳои нақлиёт, вобаста ба соли истеҳсолашон, як силсила маҳдудият ҷорӣ намудаанд, Роҳбари хирадсолори давлатамон бо такя ба арзишҳои раиятпарварӣ ин пешниҳодро рад намуд. Табиист, ки дар ин замина, яъне афзоиши бесобиқаи теъдоди воситаҳои нақлиёт, масъулият ва вазифаҳои кормандони Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат зиёд гардида, аз онҳо тақозо мешавад, ки фаъолияташонро дар сатҳи хуб, сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳони муосир роҳандозӣ намоянд.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки давоми солҳои охир, хоса баъд аз сардори БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ таъин гардидани мутахассиси кордону поквиҷдон Маҳмадсаид Саидов марҳилаи нави пешрафти соҳа шурӯъ гардид. Ҳанӯз чанд сол пеш номбурда дар суҳбате бо банда, замони вазифаи сардори шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳонотии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишварро ба зимма доштанаш, нақшаҳояшро бобати ҷорӣ намудани навгониҳо дар ин сохтор иброз дошта буд. Ин нақшаҳо ташкили низоми мутамарказ бо истифода аз технологияҳои ҷадиди соҳа, бунёди равзана ва утоқҳои алоҳида барои сари вақт хизмат расонидан ба шаҳрвандон, таъмини шаффофият дар раванди фаъолият ва ғайраро дар бар мегирифт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки бо гузашти муҳлати на он қадар зиёд номбурда бо дастгирии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба амалӣ намудани нақшаҳои неки худ ноил гардид. Баъд аз таъин гардидани Маҳмадсаид Саидов ба вазифаи боз ҳам пурмасъулият – сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар фаъолияти созандаи ӯ ба нафъи миллату меҳан густариш ёфта, самараи он ба аҳли ҷомеа маълум аст. Мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои инноватсионии омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ, марҳилаи якуми Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар», рақамҳои ҷадиди воситаҳои нақлиёт, ки дорои чип мебошанд, сода гардидани раванди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ва ғайра аз ҷумлаи навгониҳое мебошанд, ки рӯйи кор омаданашон далели возеҳи бемайлон рушд ёфтани ин бахш маҳсуб меёбад. Ҳоло тибқи иттилои мо, дар ҷумҳурӣ чор Маркази инноватсионии омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ фаъолият дошта, ояндаи наздик чунин мактабу майдонҳои инноватсионии ронандагӣ боз як адад дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Данғара ва водии Зарафшон бунёд мешавад.
Дар ин муассисаҳо омӯзиш ва имтиҳоноти назариявию ва амалии ронандагӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоми дарсҳо, имтиҳонҳои назариявӣ ва ҳар ду марҳилаи санҷиши амалии маҳорати ронандагӣ, яъне ҳам дар майдони таълимӣ ва ҳам дар роҳҳои шаҳрӣ таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои электронии пайваст ба шабакаи ягонаи мутамарказ ҷараён мегирад ва касе ба ин раванд дахолат карда наметавонад. Имтиёзҳо барои супоридани ҳар як банду саволи имтиҳоноти назариявию амалӣ ва ҳам баҳои умумии довталаб аз ҷониби барномаи махсуси компютерӣ гузошта мешавад. Дар сурати зиёд шудани хатоҳо дар ҷараёни имтиҳон компютер таври автоматӣ хабар медиҳад, ки довталаб аз санҷиш нагузашт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббус изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошта буд, ки «барои кам кардани шумораи қоидавайронкуниҳо, садамаҳои нохуши нақлиётӣ, коҳиш додани ҳолатҳои фавтидану осеббардории шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани маданияти ронандагон дар роҳҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бояд бурд».
Ба наздикӣ аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ боз як иқдоми хуб – ҷорӣ шудани намуди нави шаҳодатномаҳои ронандагӣ амалӣ гардид, ки дастоварди арзандаи кормандони соҳа маҳсуб меёбад. Дар маросими муаррифии шаҳодатномаҳои фавқуззикр муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-майори милитсия Искандар Раҷабов, сардори раёсати БДА ВКД, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидов ба ҳозирин зарурат ва ҳадафи иқдоми мазкурро таври муфассал шарҳ доданд. Зимни суханронии худ Маҳмадсаид Саидов минҷумла гуфт: «Тибқи талаботи Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки соли 1968 қабул шудааст ва ислоҳоти солҳои 2004 ва 2006 қабулнамудаи Комитети нақлиётии Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои аъзои Конвенсия дар қаламрави кишварашон бояд бланкаҳои шаҳодатномаҳои ронандагии биометриро, ки ба талаботи Конвенсияи фавқуззикр ҷавобгӯ аст,ҷорӣ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1994 ба Конвенсияи мазкур шомил мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз зарурат пеш омадааст, ки дар қаламрави кишвар ҳуҷҷатҳои нав, ки дорои дараҷаҳои баланди муҳофизат аз қаллобӣ ва андозаи на чандон калон, ки барои нигоҳдорӣ қулай мебошад, ҷорӣ карда шавад.
Шаҳодатномаи ронандагии (биометрӣ) ва шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт андозаашон- 54х86 мм, дорои 10 дараҷаи муҳофизат буда, аз маводи поликарбинат омода гардида, қобилияти фарсуданашавандагӣ доранд».
Бино ба гуфти Маҳмадсаид Саидов, бартарии шаҳодатномаи намунаи нави ронандагӣ (биометрӣ) дар он аст, ки минбаъд он ба системаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ворид мегардад. Муҳимтар аз ҳама шаҳодатномаҳои нав дар зиёда аз 200 давлати дунё, ки аъзои Конвенсияи зикршуда мебошанд, эътироф мешаванд. Яъне, барои ҳамватанони мо шароит фароҳам меояд, ки қариб дар тамоми олам воситаҳои нақлиётро идора намоянд. Шаҳодатномаи нави бақайдгирии воситаи нақлиёт бошад, барои пайваст шудани системаи мазкур бо воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотӣ, шуъбаҳои БДА дар шаҳру ноҳияҳо, нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникӣ ва маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» имкон фароҳам меорад, ки вобаста ба шахсияти воситаи нақлиёт дар боби дар кофтуков қарор доштани молики мошин ё воситаи нақлиёташ маълумот диҳад. Метавон гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани шаҳодатномаҳои нави ронандагӣ дар кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ баҳри беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати фаъолият ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ роҳандозӣ намудани он собитқадаманд.
Нуктаи муҳим ва ҷолиби маросими муаррифии шаҳодатномаҳои фавқуззикр иштироки муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал- майори милитсия Курсан Асанов маҳсуб меёфт. Тавре ӯ иброз дошт: «Ҳадаф аз иштирок дар чорабинии мазкур омӯзиш ва минбаъд мавриди амал қарор додани навгониҳои зикргардида дар Ҷумҳурии Қирғизистон аст». Ба андешаи инҷониб, намунаи ибрат арзёбӣ гардидани навгониҳои ҷоринамудаи Бозрасии давлатии автомобилии кишварамон боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Суратгир А.ИСОЕВ