Таърихи навини тоҷикон дар тӯли қарни гузашта саҳифаҳои дурахшон зиёд дорад, ки дар рушду инкишофи минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир бозидаанд. Дар ин замина таъсисёбии аввалин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ, ки ба соли 1939 рост меояд, барои мардуми тоҷик яке аз воқеаҳои муҳимтарини асри гузашта маҳсуб ёфта, тадриҷан ба маркази асосии омодасозии мутахассисони соҳаи тиб табдил ёфт. Ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз бонуфузтарин муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатӣ боиси ифтихори миллат аст.
Солҳои 70-80-уми асри гузашта ДДТТ шуҳрати байналмилалӣ пайдо карда, на фақат барои кишвар, балки дар омодасозии мутахассисон барои дигар давлатҳои дунё саҳм гузошт. Хатмкардагони он дар рушди илми тиб, мукаммал намудани ташхису табобат низ саҳмгузор буданд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати бунёди низоми таҳсилоти тиббии миллӣ ва инкишофи мактабҳои илми тиб пеш омад. Мутаассифона, дар давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти сангини гузариш ва нооромиҳои сиёсию иҷтимоии кишвар ба фаъолияти донишгоҳ низ таъсир расонид.
Хушбахтона, дар даврони истиқлолият бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам омад. Дар ин замина, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат боргоҳи илму хирад аз марҳилаҳои барқарорсозиву созандагӣ ба марҳилаи рушд расида, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолият ва устувор гардонидани мақом дар арсаи байналмилалӣ, моҳи октябри соли 2019 ДДТТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт.
Он дар тӯли 80 соли фаъолият зиёда аз 45 ҳазор мутахассис тайёр кардааст, ки 66,5%-и он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост омада, аз ҷумла 1572 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Канада, Яман, Сурия, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистони Саудӣ, Латвия, Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар маҷмӯъ 37 давлати хориҷӣ) мебошанд. Дар 11 соли охир ба донишгоҳ 1569 нафар донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ қабул шуда, аз онҳо 1201 нафар хатм карданд.
Дастпарварони донишгоҳ алҳол на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар зиёда аз 50 давлати дунё бомуваффақият фаъолият доранд.
Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули неруи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот (дар ташхису табобати беморон) назаррас аст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби онҳо1162 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 186 рисолаи докторӣ ва 976 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.
Яке аз сарватҳои арзишманд захираи кадрӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон, ҳайати профессорону омӯзгорони асосии донишгоҳ 704 нафарро ташкил дода, аз ҷумла 372 (52,8%) нафар зан мебошанд. Аз ин шумора, 318 нафар соҳиби дараҷаи илмӣ буда, дараҷанокии илмӣ дар донишгоҳ 49,7%-ро ташкил медиҳад. Аз онҳо 4 нафар академик, 2 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 84 нафар доктори илм, профессор, 234 нафар номзади илм, дотсент ва 339 нафар муаллими калон ва ассистент мебошанд. Синни миёнаи омӯзгорон 47,5 солро ташкил дода, то 35-солаҳо 207 нафар (29,4%)-анд.
Соли таҳсили 2019-2020 теъдоди донишҷӯён дар донишгоҳ 10509 нафарро ташкил дода, якҷо бо муҳассилини баъдидипломӣ, шумораи умумии таҳсилкунандагон 12106 нафар мебошад. Теъдоди донишҷӯдухтарон 4350 нафар буда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 41,4%-ро ташкил медиҳад.
Донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда 986 нафар (9,4%) буда, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ 1534 нафар (14,6%) мебошад. Дар донишгоҳ панҷ факултет фаъолият дорад, ки миқдори зиёди онҳо дар факултети тиббӣ таҳсил мекунанд (8457 нафар ё (80,5%). Дар бахшҳои педиатрӣ 644 нафар (6,1%), стоматологӣ – 757 (7,2%), тиббӣ-профилактикӣ — 297 (2,8%) ва фармасевтӣ 354 (3,4%) донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Теъдоди муҳассилини қисми илмӣ 209 нафар, муҳассилини қисми муолиҷавӣ — 810 ва шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ 412 нафар буда, сол ба сол меафзоянд.
Соли 2020 донишгоҳро 180 донишҷӯ аз 7 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 153 нафар аз Ҳиндустон, 1 — Федератсияи Россия, 2 — Ӯзбекистон, 10 — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 8 — Қирғизистон, 3 — Қазоқистон ва 3 нафар аз Туркманистон хатм намуданд.
Дар донишгоҳ 142 донишҷӯи ятим ва маъюб (80 нафар ятим ва 62 нафар маъюби гурӯҳи II ва III) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки зери назорату сарпарастӣ қарор доранд. Ба онҳо кумакпулӣ ба тариқи идрорпулии ҳармоҳа дода шуда, ройгон бо хобгоҳ таъмин гардидаанд.
Таълиму тадриси донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломӣ дар 61 кафедраи донишгоҳ ба роҳ монда шуда, аз он 38 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраи тибби назариявӣ, 7 кафедраи умумитаълимӣ мебошанд. Дар кафедраҳо таҷҳизоти муосири раванди таълимӣ дастрас буда, бо озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ муҳайё мебошанд. Бояд зикр кард, ки 38 кафедраи клиникии донишгоҳ дар 27 пойгоҳи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии пойтахт ҷойгир шудаанд. Дар онҳо барои баргузор намудани дарсҳои амалию лексионӣ шароити мусоид фароҳам аст. Ҳамчунин, 12 шуъба, 11 марказ, 11 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият доранд (озмоишгоҳҳо ҳам дар пойгоҳҳои кафедраҳо ва ҳам дар пойгоҳи Озмоишгоҳи марказии илмӣ — таҳқиқотӣ).
Тайи се соли охир бинои сохтмонаш нотамоми таълимии донишгоҳ ба истифода дода шуд, ки он замонавӣ буда, зиёда аз 5500 метри мураббаъ аст. Инчунин, ҳашт бинои таълимии донишгоҳ, ки таъмирталабу фарсуда буданд, аз таъмири асосӣ бароварда шуда, синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ ва озмоишгоҳҳои дар онҳо воқеъбуда ба талаботи муосири сохтмонӣ ва таълимӣ ҷавобгӯ ва бо таҷҳизоту лавозимоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Навсозӣ ва ба истифода додани ду бинои сохтмонашон нотамоми таълимии воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш» бо масоҳати умумии 9 400 м2 ва масоҳати муфиди таълимии 6056,77 м2 бо ҷойгиркунии Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бунёд шуда, бо технологияи муосири симулятсионӣ (симуляторҳо, муляжҳо, фантомҳо, таҷҳизоти тиббӣ) ва таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуд. Дар марказ шароити муфиди таълимӣ барои омӯзишу сайқал додани зиёда аз 400 малакаи амалӣ ва муоширатии касбӣ муҳайё гардид.
Бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар шаҳраки «Шифобахш» санги асос гузошта шуд, ки сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ бомаром идома дошта, дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳашт бинои таълимии Маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш» пурра аз таъмири асосӣ бароварда ва бо таҷҳизот таъмин шуданд.
Бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 баён доштанд, ҷиҳати тақвият бахшидан ба тайёр кардани мутахассисони ниёзи соҳаи тандурустӣ (микробиологҳо, вирусологҳо, табибон-сироятшиносон), бо қарори Шӯрои олимон аз 27 августи соли 2020 таҳти №1 факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии донишгоҳ ба факултети тиббӣ-профилактикӣ табдил дода шуд.
Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаи олии касбӣ фаъолияти байналмилалӣ ва эътирофи он аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад. Айни замон, ДДТТ бо беш аз 138 муассисаи олии таълимию илмии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии бонуфуз шартномаи ҳамкорӣ дорад. Илова бар ин, ДДТТ ба феҳристи Таҳсилоти байналмилалии тиббӣ (FAIMER), Комиссияи таълимии хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии хориҷӣ (ECFMG) ва директорияи донишгоҳҳои тиббии Ташкилоти умумиҷаҳонии тиббӣ (ТУТ) шомил аст. Бинобар ин, хоҳишмандони таҳсил дар он аз ҳисоби шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ сол ба сол меафзояд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ва зиддиэпидемикӣ гузаронида, барои тайёр кардани табибони сироятшинос аз ҳисоби табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаю марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳурӣ тавассути курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат саҳм гузоштанд.
Минбаъд низ раёсати донишгоҳ зимни фаъолият дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқ намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд, инчунин, солимгардонии ҷомеа аз ҳама имконият самаранок истифода хоҳад бурд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин боргоҳи ҳунари дорои неруи бузурги созанда анъанаҳои миллиро ҳифз ва малакаҳои тиббиро ташаккул дода, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ муваффақият ба даст оварда, аз муассисаи таълимӣ ба Маҷмааи илмӣ-инноватсионии таълимӣ табдил ёфта, дар таъмини таҳсилоти пурсамар, тайёр кардани мутахассисони баландсифати сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматрасонии инноватсионии табобатӣ дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ мавқеи намоён пайдо хоҳад кард.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон,
ректори ДДТТ, доктори илмҳои тиб, профессор