7 марти соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи Модар ва истиқбол аз қудуми мубораки фасли баҳор мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолзаноне, ки дар рушду нумӯи пойтахт саҳми арзанда доранд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоти тантанавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳоро бо туҳфаву мукофотпулиҳо қадргардонӣ намуда, дар шахси онҳо кулли модарон ва бонувони шаҳрро ба муносибати идашон табрик ва аз саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва минбаъд низ неру, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардида, бо тарбияи насли солиму дорои пешаи зиндагии қонунсолорӣ, бо ибрати шахсӣ риоя намудани танзими расму оин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо дар самти осоиштагии ҷомеа ва пешрафти шаҳр муваффақтар мегарданд.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе