Зиёда аз 13 сол боз дар минтақаҳои Шоҳон – Зиғар, Хирманҷой ва мавзеи Кишт ронандагону мусофирон ҷиҳати вайрону валангор будани роҳ ва пулҳои мошингузар дар азоб буда, дар давраи зимистону баҳор ба мушкилиҳои зиёд дучор мешуданд. Ҳатто баъзан мошинҳои калонҳаҷм ва мусофирбар ҳафтаҳо дар зери селу об монда, бо чандин мушкилӣ аз ин минтақаҳо мегузаштанд.
Хушбахтона, сохтмони давраи сеюми роҳи Шоҳон-Зиғар идома ёфту, 34 километраш аллакай васеву бехатар гардонида шуд. Ҳоло 25 километри он мумфарш гашта, ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй гардидааст. Имрӯзҳо кор дар нуҳ километри дигар бо сифату суръати баланд идома дорад.
Ҳамзамон дар мавзеи Хирманҷойи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дарозтарин пули мошингузари шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ –Кулма сохта, ба истифода дода шуд. Ин пул 306 метр дарозӣ дорад.
Он имкон медиҳад, ки садҳо мусофирон ва ронандагони шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз мушкилоти гузаштан дар мавсими обхезӣ раҳо ёбанд. Роҳсозон ҷаҳду талош доранд, ки моҳи марти соли равон боз як пули дигарро дар мавзеи Кишт ба дарозии 298 метр ба истифода диҳанд. Анҷоми сохтмони пули сеюм аз болои дарёи Оби Ниёв тобистони ҳамин сол дар назар дошта шудааст. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин се пул, тибқи стандарти ҷаҳонӣ, тарҳрезӣ шуда, бори нахуст дар ҳамин минтақа сохта мешаванд.
Умуман, тибқи нақша, аз Кӯлоб то Дарвоз бояд 11 пул сохта шавад ва тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сафари баъдияш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо мардум перомуни ин пулҳо иброз дошт: «Иншооллоҳ, дигар чархи ягон мошини Бадахшон дар ин обҳо тар нахоҳад шуд».
Аз ин ғамхории Сарвари давлат мусофирону ронандагон, тоҷирони ватанию бурунмарзӣ, бахусус мардуми Бадахшон, басо миннатпазир мебошанд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»