Мусаллам аст, ки матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад.
Хушбахтона, дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам дар тамоми таҳаввулоти ҷомеа фазо ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мутобиқи моддаи 30- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равшан ифода ёфтаанд. Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳанӯз 14 марти соли 1992 қабул шуда буд. Худи ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002-юм ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, онро такмил доданд.
Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул карда шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва худи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид.
Дар натиҷаи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма шароити мусоид ба миён омад. Аз ин рӯ, ҳамасола теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо ва корхонаҳои нашриётӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳоданд. Айни ҳол дар кишвар 551 рӯзномаву маҷалла, 52 нашриёт ва 275 матбаа фаъолият дорад, ки аксарияти онҳо ғайридавлатӣ мебошанд. Аз ҷумла, 244 рӯзнома, 181 маҷалла, 42 нашриёт ва 253 чопхона ғайридавлатӣ, яъне ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд.
Ҳоло ба дӯши аҳли қалам масъулияти бузурги ташаккули афкори ҷомеа гузошта шудааст ва мо дар баробари ҳуқуқҳоямон бояд уҳдадориҳо ва масъулиятро фаромӯш насозем. Ҳанӯз ниёгони бузурги мо таъкид намуда буданд:
Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.
Биноан, ин ҳикмати ниёгон бояд дастури фаъолияти ҳар қаламкаш бошад. Воқеан, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад.
Соли гузашта Созмони «Журналистони бидуни марз» тадқиқоти худро дар робита ба вазъи озодии баён дар солҳои 2012–2013 нашр карда, Тоҷикистонро миёни 179 давлати дунё дар ҷойи 123-юм мавқеъ дода буд. Бар асоси баҳогузории «Журналистони бидуни марз» Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён ҳатто аз Федератсияи Россия пеш гузаштааст. Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ аз Тоҷикистон ақиб монда, мутобиқан дар ҷойҳои 164, 160 ва 177-ум буданд.
Дар арзёбии нави Созмони «Журналистони бидуни марз» – «Озодии матбуот – 2014» Тоҷикистон дар мақоми 115-ум қарор гирифтааст, ки ин шаҳодати дар Тоҷикистон торафт тавсеа ёфтани озодии сухан мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эҷод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, аслан ба Ҳукумат рабте надошта, як таҷрибаи амалии тамоми давлатҳои демократӣ мебошад.
Вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи намояндагони воситаҳои ахбори омма имрӯз ин расидан ба қадри озодии сухан, бидуни сӯиистифода кардан аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба сӯиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шаванд.
Дар шароити ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма, тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳизаҳои гуногун, мусоидат кардан ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният, ваҳдати миллӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, 11 марти соли 2012, таъкид намуда буданд: «Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт — матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». Ҳамин суханони раҳнамунсози Сарвари давлат бояд дастури кори ҳар як рӯзноманигор ва ҳар як қаламкаш бошад.
Бешак, хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан суннати аҷдодии мост ва ин ҷавҳари ҳастии миллатро чун гавҳараки чашм ҳифз кардан зарур аст. Аҳли соҳаи табъу нашр ва матбуоти кишвар ҳамеша баҳри он кӯшидаанд, ки бо каломи чопӣ моҳияту аҳамияти арзишҳои миллиро ба мардум фаҳмонанд. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳар сол садҳо номгуй китобу ҷузва, албому маҳсулоти чопии дигари мусаввар ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расида, дастраси мардум мегарданд.
Бо вуҷуди он ки то ҳанӯз иқтидори истеҳсолии корхонаҳои табъу нашри кишвар дар сатҳи зарурӣ нест ва дар ҳоле ки бисёр матбааҳои ноҳияҳо аз фаъолият бозмондаанд, кормандони соҳа кӯшиш менамоянд талаботи бо китоб, рӯзномаю маҷалла ва дигар маводи чопидоштаи аҳолиро қонеъ ва сатҳу сифати хизматрасонии иттилоотиро мунтазам беҳтар гардонанд.
Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг оид ба дастгирии соҳа ҳамасола тадбирҳо меандешанд. Мисоли равшан он аст, ки дар доираи татбиқи амалии «Барномаи компютерикунонии муассисаҳои давлатии нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, давоми солҳои 2010-2013 барои муассисаҳои давлатии нашриявии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии як миллиону дусаду нуҳ ҳазору дусаду наваду чор сомонӣ, дар маҷмӯъ 282 компютер, 98 принтер, 86 сканер, 152 диктофон, 76 дастгоҳи суратгирии рақамӣ харидорӣ ва тақсим шуд.
Дар баробари рушди матбуоти даврӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти соҳаи китобдорӣ ҳамчун як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Аз соли 2007 инҷониб аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чопи китобҳои адибони гузаштаву муосири тоҷик панҷ миллиону 968 400 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки дар ин замина теъдоди асарҳои баландғояи шоирону нависандагони ҷаҳоншумул, классикон ва муосири тоҷик нашр шуданд.
Дар ин доира дар 24 ҷилд ашъори адибони классики тоҷику форс таҳти унвони «Ахтарони адаб» аз нашр баромад. Ҳамчунин ҷилдҳои 1 ва 2-юми «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» ва 36 ҷилд китоб аз силсилаи «Китобхонаи мактаб» ба табъ расиданд, ки бемуболиға, нашри чунин силсилакитобҳо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ кам андар кам буд. Бо мақсади татбиқи Барномаи «Рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафари «Корвони китоб» анъана гардидааст, ки тавассути он китобхонаҳои оммавӣ бо адабиёти зарурӣ таъмин мегарданд.
Умедворем, таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар нахустин рӯзҳои фасли баҳори нозанин сарчашмаи илҳоми қаламкашон мегардад ва онҳо илҳому неруи ақливу зеҳнии хешро минбаъд ҳам барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватани азизамон ва таҳкими неъмати бебаҳотарин барои миллати соҳибтамаддуни мо – сулҳу ваҳдат равона менамоянд.
Иди касбӣ муборак, ҳамқаламони муҳтарам!
Шамсиддин ОРУМБЕКОВ,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон