Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Маркус Мюллер

№24 (3170) 11.03.2014

DSC_1846

7 марти  соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо  (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллерро ба ҳузур пазируфт.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Шукурҷон Зуҳуров  Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо Маркус Мюллерро пазироӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти кишвар ва ҳамкориҳо бо ин созмони бонуфуз суҳбат намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба масъалаи равобити дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва САҲА дахл намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки кумакҳо ва ҳамкориҳои ин созмони бонуфуз дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз гардид ва соли 1994 миссияи вай ба фаъолият шурӯъ намуд, ки соли 2008 Бюрои САҲА дар Тоҷикистон ном гирифт.

-Дар тамоми ин муддат мо дасти ҳамкориҳои САҲА-ро эҳсос менамудем. Ҳоло дар панҷ минтақаи кишвар дафтари ин созмон фаъолият менамояд. Ҷойи қаноатмандист, ки ҳамкориҳои Бюрои САҲА дар кишвари мо сол то сол рушду нумӯъ меёбад.  Дар таи ин солҳо Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар бахши бунёди ҷомеаи демократӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кишвари мо тамоми принсипҳои марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, озодии дин ва озодии сухан риоя ва иҷро карда мешаванд.

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон асосан дар се самт фаъолият менамояд, ки инҳо ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва амнияти шахс ба шумор мераванд. Масъалаҳои системаи идораи сарҳадҳо ва таъмини амнияти ҳифозати аслиҳа дар анбори аслиҳа, тозакунии минтақаҳо аз минаҳо, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати таҳия ва тақвияти қонунгузорӣ дар соҳаи экология, дастгирии принсипҳои баробарии гендерӣ, таҳияи стратегия ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия барои давраҳои аз соли 2013 то 2020, волоияти қонун ва ғайра аз шумори масъалаҳое мебошанд, ки Дафтари САҲА бо ҷумҳурии мо ҳамкорӣ менамояд.

Доир ба бахшҳои мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагон як силсила қонунҳо қабул гардида, тамоми санадҳои байналмилалии ба ин мавзӯъҳо бахшидашуда ба тасвиб расидаанд, — иброз намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ҳамчунин дар бораи зарурати дар оянда низ расонидани кумакҳои САҲА ба ҷумҳурии мо оид ба таҳкими сарҳадҳо бо Афғонистон, тоза намудани баъзе минтақаҳои сарҳадӣ аз минаҳо, масъалаҳои экологӣ ва мавзӯъҳои дигар суҳбат намуд.

Роҳбари Дафтари Созмони Амният ва  Ҳамкорӣ дар Аврупо Маркус Мюллер аз пазироии Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори хушӣ намуда, роҷеъ ба нақшаи ояндаи ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон сухан ронд. Хусусан дар бораи ҳамкориҳои оянда дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, башардӯстӣ, демократикунонии ҷомеа ва дигар масъалаҳо изҳори андеша намуд.

Ӯ бо итминон зикр кард, ки дар оянда ин ҳамкориҳо боз ҳам тавсеа хоҳанд ёфт. Дар суҳбат дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории миёни САҲА ва Тоҷикистон низ  мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А.ИСОЕВ