Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ беш аз бисту нуҳ сол қабл аз ин ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашта, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд. Он халқи тоҷикро ба масъулиятшиносӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуда, роҳи фардояшро мунаввар сохт. Ҷои баҳс нест, ки ҳар халқу миллат ва давлатро, ба вижа, дар марҳилаҳои қисматсози таърих, раҳбари ҳидоятгару бошараф ва хирадоину дурбину хушниҳоде мебояд. Бидуни чунин сарвар чун корвони бесорбон ба манзил расидан имконнопазир аст. Дар айёми тақдирсозу масъулиятбори Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик чунин як ҷавонмарди шуҷоъ ва хайрхоҳу поктинат дар шахси Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои томаш инсони комил, наҷибу покизаниҳоду хайрандешанд ва ҳамчун Сарвари кишвар сиёсати фарогиру хирадбунёд доранд, сиёсате, ки ҷавҳараш шукуфоии мамлакат ва некуаҳволии мардум аст. Як самти муҳиму самарабахши ин сиёсат ба бузургдошти муқаддасоти миллат ва илму фарҳанг нигаронида шудааст, ки таҷлили 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 — солагии Ҳисори Шодмон, 1100 — солагии Давлати Сомониён аз он ҷумлаанд.
Таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ бори дигар эҳтирому муносибати хоси Пешвои миллатро нисбат ба таърихи диёр ва омӯзишу арҷгузории он собит сохт. Пӯшида нест, ки кашфи Саразм ва оғози ҳафриёти он ба давраи то Истиқлолияти давлатӣ (аниқтараш, ба соли 1976) рост омадааст, вале воқеияти бебаҳс он аст, ки ҳафриёти бовусъат, ҳадафмандонаву натиҷабори ин мавзеи бостонӣ ба даврони Истиқлолияти давлатӣ пайванд ва ташаббускори асосии эҳё, фарогир гаштани ҳафриёти он маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлат солҳои 2003 — 2005 ду маротиба ба Саразм омада, ҳафриёти онро бодиққат аз назар гузарониданд. Бо таърихи шаҳри бостонӣ бештар ошноӣ пайдо карда, Саразмро «хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» номиданд. Президенти кишвар ҳатто дар вазъе, ки имконоти молиявии мамлакат маҳдуд буд, дастур доданд, ки барои ҳифзи ин ёдгории беназири таърих маблағи зарурӣ ҷудо шавад. Ин имкон фароҳам овард, ки то соли 2008 панҷ ҳафриётгоҳ болопӯш ва атрофи мавзеъ пурра бо панҷара иҳота гардад.
Ҳафриёти Саразми бостонӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошт. Аз ин хотир, дар ҳар мавриди мувофиқ аз ҷараёни корҳо дар Саразм аз масъулин пурсон мешуданду барои тақвияти корҳо дастуру супоришҳои мушаххас медоданд. Аз ҷумла, зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат (19 марти соли 2018) Сарвари давлат дастур доданд, ки соли 2020 — ум 5500 — солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Ин ибтикори Президенти кишвар дар таърихи Саразми бостонӣ, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд, саҳифаи тозаеро ифтитоҳ намуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ ва сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 5500 — солагии Саразми бостонӣ бо дастури Пешвои миллат Кумитаи тадорукот бо роҳбарии Сарвазири мамлакат таъсис ёфт, ки се сол пайваста рафти омодагӣ ба ҷашнро роҳбарӣ ва назорат менамуд. Сокинони мамлакат, вазоратҳо ва идораву ташкилоту созмонҳо барои ҳиссагузорӣ ба ҷашнвораи ифтихорӣ ҷидду ҷаҳди зиёд карданд. Дар ин миён, кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъулияти бештар ба дӯш доштанд. Бо ҳадафи омодагии шоиста ба ҷашн Нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия, қабул ва дар ҳайати 14 нафар Кумитаи тадорукот таъсис гардид. Ҳамин тавр, то таҷлили ҷашн кори зиёде ба анҷом расонида шуд.
Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Саразм, ки 12 сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд, онро басо шукӯҳманду мутантан сохт. Панҷакентиён Пешвои миллатро ҳамчун Сарвари маҳбубу ғамхор ва эҳёгари Саразми бостонӣ хеле самимона ва бо меҳру эътиқоди саршор пешвоз гирифтанд. Зимни ин сафар Сарвари давлат ба фаъолияти чанд корхонаю муассиса, ки ба ифтихори 5500 — солагии Саразм ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта буданд, ифтитоҳ бахшиданд.
Ҳангоми боздид аз шаҳри Саразм эҳсос мешуд, ки Пешвои миллатро саропо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва шарафи ватандорӣ фаро гирифта, аз эҳёи ин гӯшаи бостонии диёр басо мамнуну сарафрозанд. Президенти мамлакат бори дигар таъкид карданд, ки «Саразм хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик аст» ва таҳқиқи ҳар чӣ бештари он дорои аҳамияти бағоят бузург мебошад.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5500 — солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент боз ҳам ифодагари таваҷҷуҳи вижаи Сарвари давлат ба таърихи пурҳаводису ибратомӯзи халқи тоҷик буд. «…Муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Инчунин, Сарвари давлат оид ба таърихи Саразм, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба омӯзиши бовусъати он, заҳмати бостоншиносон, моҳияти омӯзиши таърихи диёр муфассал суханронӣ карда, ёдовар шуданд, ки маънии вожаи (этноними) Саразм «Сари замин» ё «сарзамин»-ро ифода мекунад. — Бояд гуфт, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ ва ҳунармандиву шаҳрсозии Варорӯди Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои Шарқи Наздик — Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷомеаи илмӣ маданияти саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад, — иброз доштанд Роҳбари давлат.
Президенти кишвар ба донишмандону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр намудаанд ва ба онҳое, ки ба ифтихори ҷашни Саразм дар омодагиву бунёдкориҳо фаъолона ширкат варзидаанд, самимона арзи сипос карда, баён доштанд: «Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм боз нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватанию хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард».
Дарвоқеъ, эҳёи Саразми бостонӣ, муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён, таҷлили 5500 — солагии ин марзи куҳантаърих маҳз бо кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад. Сарвари кишвар эҳёгар, ривоҷбахш, ғамхор ва посдори устувори Саразми бостонианд ва ба ин гӯшаи нодири кишвар муҳаббату эҳтироми самимӣ доранд.
Ин нигоштаро бо сухани Сарвари давлат, ки ба ифтихори 5500 — солагии Саразм баён доштанд, ҳусни анҷом мебахшем: «Бигзор, ин санаи бузурги таърихӣ дар хотири ҳамватанони мо ҳамчун василаи муҳими ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ то абад боқӣ монда, дар роҳи рушди минбаъдаи фарҳангу маънавиёти халқамон ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат қадами нави устувор гардад».
Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон