Таҳти ин унвон 20 — 23 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» машғулияти омӯзишӣ доир гардид.
Дар он доктори илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Умрилло Меликов ба намояндагони ВАО дар бораи маҷмӯи қонунҳое, ки ҳуқуқ ва уҳдадории кормандони ВАО-ро ба танзим медароранд, ибрози андеша намуд. Дар ин робита, зимни машғулиятҳо оид ба «Ҳуқуқҳои муаллифии журналист», «Шартномаи меҳнатӣ» «Шартномаи муаллифӣ», «Ҳуқуқҳои меҳнатии журналист», «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВАО», «Вазъи ҳуқуқии журналист ҳамчун намояндаи ВАО» маълумот дода шуд.
Инчунин, У. Меликов ҷиҳати боло бурдани савияи ҳуқуқии иштирокчиён дарсҳои амалӣ ташкил гузаронид.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»