Ҳосилнокии картошкаро чӣ гуна зиёд кардан мумкин аст?

№132 (4238) 27.10.2020

Ё чанд нукта аз таҷрибаи деҳқонони ноҳияҳои Нурободу Шаҳристон

All-focusМутахассисон бар ин назаранд, ки барои гирифтани ҳосили баланд аз дилхоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, дар баробари ҳосилхез намудани хок ва дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, сифати тухмӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, дар кишвар хоҷагиҳои махсус барои парвариши тухмиҳо фаъолият доранд. Ҳамчунин, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти беҳтар намудани сифати тухмӣ кор бурда истодааст. Чунин як таҷриба ҷиҳати беҳтар намудани сифати тухмии картошка бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) амалӣ шудааст, ки натиҷаи хуб ба бор овардааст. Баҳори соли равон созмон дар доираи барномаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда 60 тонна тухмии картошкаи баландсифатро ба иттифоқҳои кооперативии кишоварзон тақсим намудааст.

Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев гуфт, ки дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо мо пайваста ташаббусҳои навро дар соҳаи кишоварзӣ ҷустуҷӯ дорем, ба монанди пайвастшавӣ бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва молиявӣ, ки ба кишоварзон дар ҳалли мушкилот ва кашфи имкониятҳо кумак мерасонанд. Ин, якҷо бо ҳамгироии минбаъдаи тухмипарварӣ дар бахши хусусӣ, ба аъзои кооператив ба таври дарозмуддат фоида меорад.

Роҳбари лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» Масъуда Саидова ин тасмимро бинобар мушкилоти сифати пасти тухмӣ, монеаи воридоти маҳсулот бо сабаби COVID-19 ва афзоиш ёфтани талабот ба тухмӣ дар арафаи мавсими кишт, дастрасии маҳдуд ва нархи гарон доштани тухмии хушсифати картошка ва дигар омилҳое, ки ба кишоварзон барои ба даст овардани даромади баланд имкон намедиҳанд, арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, ФАО дар доираи барнома ба кишоварзони ду ноҳия — Нуробод ва Шаҳристон ҷиҳати истеҳсоли тухмии хушсифат кумак намуд. Бо ин мақсад дар ноҳияҳо ду кооперативи тиҷоратӣ-«Нури Нуробод» ва «Нури Шаҳристон» таъсис дода шудааст.

Чанде пеш бо ибтикори намояндагии ФАО дар Тоҷикистон гурӯҳи рӯзноманигорон ба ноҳияҳои Нуробод ва Шаҳристон сафар намуда, бо заминҳои кишт ва ҳосили картошка шинос шуданд. Дар Нуробод, ки иқлими мусоид барои парвариши ин навъи маҳсулот дорад, деҳқонон изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ноҳия Кооперативи тиҷоратии «Нури Нуробод» 28 аъзо дорад. Тавре роҳбари он Иброҳим Тоиров зикр кард, аъзои он 30 тонна тухмии хушсифати навъи «Ред Скарлетт»-ро дар 8 гектар замин кишт карда, аз ҳар гектар аз 300 то зиёда аз 500 сентнер ҳосил гирифтаанд. Бино ба гуфти ӯ, бартарии дигари ин тухмӣ дар он аст, ки нисбатан барвақт ҳосил медиҳад. Ин навъ дар 85-90 рӯз мерасад.

Кооперативи тиҷоратии «Нури Шаҳрис­тон», ки баҳори ҳамин сол таъсис ёфтааст, 23 аъзо дорад. Бино ба гуфти роҳбари кооператив Ойзода Додхоева, онҳо низ 30 тонна тухмӣ дастрас намуда, дар 7 гектар замин кишт кардаанд. Деҳқонони шаҳристонӣ нисбат ба картошкапарварони нурободӣ ҳосили камтар гирифтаанд, аммо қаноатманданд, зеро ҳосил нисбат ба солҳои гузашта беҳтар аст. Онҳо ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 40-42 тонна ҳосил ғундоштаанд. Мутахассисони ФАО сабаби камтар шудани ҳосили картошкаро дар Шаҳристон ба номусоидии боду ҳавои баҳор ва аввали тобистон дар минтақа мансуб медонанд. Ғайр аз ин, тақсимоти реҷавии об низ ба ҳосилнокӣ таъсир расонидааст, зеро тухмиҳои киштшуда бояд ҳар 4-5 рӯз об дода шаванд, аммо ҳолатҳое мешавад, ки ба деҳқонони шаҳристонӣ дар 7-10 рӯз як маротиба навбати об мерасад.

Дар маҷмӯъ, кишварзон аз ҳосили бадастомада қаноатманданд, аммо мушкилоти асосӣ нигоҳдории он то мавсими кишт мебошад. Аз ин рӯ, дар доираи лоиҳа кооперативҳо ба марказҳои логистикӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Дар навбати аввал, сохтани сардхона бо ғунҷоиши 100 тонна тухмии картошка ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи нақша сохт­мони он бояд рӯзҳои наздик шурӯъ гардад. Масъулини намояндагии ФАО дар Тоҷикистон гуфтанд, ки аъзои кооператив метавонанд тухмиро дар сардхонаҳо захира намуда, дар мавсими кишт як қисмашро худашон истифода карда, боқимондаро ба фурӯш бароранд. Ин тарзи кор имкон медиҳад, ки кооператив аз ҳисоби хизматрасониҳо низ даромад ба даст оварда, сатҳи зиндагии аъзояшро баланд бардошта, аҳолиро бо тухмии хушсифат таъмин намояд.

All-focus- Мо истеҳсоли тухмиро дар бахши хусусӣ тавассути рушди кооператив дастгирӣ менамоем. Кооперативҳо бояд як унсури асосии занҷираи истеҳсолу фурӯши тухмии картошка бошанд, то ба кишоварзон имкон диҳанд, ки дар асоси унсурҳои демократӣ назорати фаъолияти корхонаҳои тиҷоратиеро, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳоро харидорӣ мекунанд ва мефурӯшанд, амалӣ намоянд, — таъкид кард Гучгелдиев ва афзуд: — Лоиҳа барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, ки ҳадафи он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишоварзон мебошад. Лоиҳа, инчунин, ба рушд ва ташкили иттифоқҳои кооперативии самаранок ва амалкунанда мусоидат менамояд. Ин метавонад ба таъсиси сохторҳои миллӣ, ки манфиатҳои саҳмдоронро дар сатҳи идоракунии соҳаи кишоварзӣ ифода мекунанд, бурда расонад.

Дар доираи ислоҳоти ҷории соҳа — таъмини дастгирии техникӣ, дастрасӣ ба захираҳои хоми кишоварзӣ ва хизматрасониҳо, инчунин, дастрасӣ ба тухмиҳои баландсифат барои кишоварзон ба пешрафти истеҳсол, фурӯш ва содирот кумак мерасонад.

Таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишоварзон тавассути рушд ва пешбурди фондҳои тухмӣ бо дастрасии беҳтар ба тухмии баландсифат ҳамчун самтҳои афзалиятноки Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки аз соли 2012 оғоз ёфтааст, муайян шудаанд.

- Ҳосилнокӣ ва даромаднокии соҳаи кишоварзӣ аксар вақт аз тухмии хушсифат, мубориза бо ҳашароти зараррасон ва танзими истифодаи пеститсид (заҳрхимикат)-ҳо вобаста аст. Зиёд намудани навъҳои хушсифати гуногун қадами муҳим дар беҳтар кардани истеҳсолоти кишоварзии ҳар як кишвар мебошад, ки дар натиҷа, ба истифодаи самараноки захираҳои замин ва об мусоидат мекунад. Дастрасии саривақтӣ ба тухмии хушсифат ҳосили хуб ва даромади бештарро барои кишоварзон таъмин намуда, ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот оварда мерасонад, — изҳор дошт намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев. Бино ба қавли ӯ, дастгирии техникии кооперативҳо барои афзоиши даромад дар деҳот, паст кардани сатҳи норасоии озуқаворӣ, коҳиши воридоти озуқаворӣ ва маҳсулоти истеҳсолӣ, алалхусус, тухмии картошка аз дигар кишварҳо, хеле муҳим аст. Афзоиши маҳсулнокӣ тавассути ғанигардонии захираи тухмӣ ва гузариш ба молҳои маҳаллии бештар фурӯхташаванда, бо мақсади паст кардани нарх дар хатсайрҳои содиротӣ, инчунин, коҳиши хароҷоти амалиётӣ ба беҳтар шудани некуаҳволӣ ва афзоиши маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат мекунанд.

Масъуда Саидова зикр кард, ки  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ФАО рушди устувори соҳаи кишоварзиро таъмин ва барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот мусоидат менамояд. ФАО муассисаҳои давлатии марбут ба бахши кишоварзиро барои дастрасии хидматрасониҳои беҳтар ва ислоҳоти сиёсати кишоварзиро дар сатҳи миллӣ дастгирӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ, кишоварзони ноҳияҳои Нурободу Шаҳристон аз тухмии дастраснамудаи ФАО қаноатманданд, зеро солҳои зиёд тухмии картошкаро иваз накарда буданд, ки боиси коҳиш ёфтани ҳосилнокӣ мегардад. Имсол кишоварзонро, дар баробари таъмин кардан бо тухмии хушсифат, мутахассисон бо нозукиҳои парвариши картошка ошно намуданд. Деҳқонон изҳор доштанд, ки таҷрибаомӯзӣ ба онҳо манфиатовар буд ва умед доранд, ки солҳои минбаъда бо роҳандозии кишти такрории зироати серистеъмол ва иҷрои дурусти корҳои агротехникӣ ҳосилнокӣ ва даромаднокиро зиёд намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»