Меъёрҳои Конститутсияро бояд донист ва риоя кард

№132 (4238) 27.10.2020

Таҳаввулоти солҳои 90-уми асри гузашта ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, ки роҳи мустақили давлатдориро пеш гирифта, ба ниёз ва ормонҳояшон бирасанд. Миллати тоҷик низ барои доштани давлати миллӣ, мустаҳкам кардани зербинои он кӯшиш ба харҷ дод, ки яке аз он иқдомҳо қабули Конститутсия ба шумор меравад. Бо ин мақсад тобистони соли 1992 Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаеро тавассути воситаҳои ахбори омма муаррифӣ кард, аммо бадхоҳони миллат нагузоштанд, ки дар кишвар суботу оромӣ пойдор бошад ва санади барои давлат ва шаҳрвандон муҳим озодона қабул гардад.

Бояд ёдовар шуд, ки Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳаи Конститутсияро ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод намуд. Бо вуҷуди қарор доштан дар гирдоби бозиҳои сиёсӣ, миллати тоҷик 6 ноябри соли 1994 ҳам барои қабули Конститутсия раъй дод ва ҳам Президенти мамлакатро интихоб намуд. Бо шарофати қабули Конститутсия ва сиёсати сулҳҷӯёнаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кашмакашҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузошта шуд. Миллати озода, соҳибфарҳанги тоҷик Конститутсия ва сохтори давлатиро тибқи ниёз ва ормонҳои фитрию таърихӣ қабул ва ба ин васила роҳи рушдро муайян намуд.

Зимнан, Конститутсия ваҳдати миллиро пойдор гардонида, барои эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ягона замина гузошт, таҷзияи ҳокимият пешбинӣ ва танзим гардид. Инчунин, суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият эътироф шуд.

Нуқтаи дигаре, ки арзиши олӣ доштани меъёрҳои Конститутсияро собит месозад арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад. Тибқи ин меъёр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба ҳама моддаи Конститутсия қонунҳои алоҳида, санадҳои зерқонунӣ ва санадҳои соҳавӣ қабул ва дар амал татбиқ шуда истодаанд, ки мақсад аз онҳо амалӣ намудани ҳадафҳои Давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, амалӣ намудани ҳадафу ормонҳои миллати тоҷик аст.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати такмил додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани меъёрҳои он дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба он се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Конститутсияи кишвар манбаъ ва заминаи асосии рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва амниятии кишвар ба ҳисоб меравад. Он баёнгари манфиатҳои олӣ буда, низоми устувори давлат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократию дун­явии кишвар ва роҳи ояндаи онро таъмин мекунад.

Дар Конститутсия, ҳамчунин, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон карда, рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд. Мутобиқи талаботи Конститутсия, коргузорӣ, забони мурофиа дар судҳои ҷумҳурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти он ба сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона пеш рафта истодааст, ҳамчун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳалли проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштироки фаъолона дорад.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи меъёрҳои Конститутсияро воситаи асосии рушди давлати ҳуқуқбунёд арзёбӣ карда, нигоҳдории тартибу ­қоидаҳои ҳатмии онро таъкид менамоянд. Ба қавли Пешвои миллат, ин ҷиҳат аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.

Воқеан, Конститутсия роҳнамои ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди мамлакат, новобаста аз мақом, ба шумор меравад. Аз ин хотир, зарур аст, онро банд ба банд аз худ ва риоя кунем.

А. ХАЙРИДДИНЗОДА,

раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон