Имрӯз матбуоти маҳаллӣ, бахусус нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо он нуфузу мартабаю шуҳратеро, ки айёми Ҳокимияти Шӯравӣ соҳиб буданд, мутаассифона, надоранд. Инро дар мисоли нашрияҳои шаҳрию ноҳиявии вилояти Хатлон баръало дидан мумкин аст. Дар он айём воқеан ба нашри рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ҳамчун воситаи самарабахши дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳизбу давлат диққати зарурӣ дода мешуд. Рӯзномаҳои маҳаллӣ дар беҳтарин ва ободтарин биноҳои маъмурӣ ҷойгир буданд. Онҳо бо мошини хизматӣ ва дигар воситаҳои зарурии техникӣ таъмин мегаштанд. Дар бораи ғамхориҳои иҷтимоию иқтисодӣ нисбати кормандони воситаҳои ахбори омма, бахусус журналистон, ҳоҷати сухан ҳам нест, зеро онҳо дар навбати аввал бо манзил, замини наздиҳавлигӣ, мошинҳои сабукрави шахсӣ, ки тақсимоташ ба уҳдаи давлат буд, ҳамчунин маошу роҳхат ба истироҳатгоҳу табобатгоҳҳо соҳиб мешуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки рӯзномаҳо бо теъдоди зиёд ва мазмуну мундариҷаи баланд ба дасти хонанда мерасид. Масалан, рӯзномаи ноҳиявии «Вахш» дар ноҳияи Вахш бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха нашр мегардид. Ин рӯзнома борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ ғолиб баромада, соҳиби мукофотҳо гардида буд. Кормандони эҷодии ин рӯзнома дар сатҳи ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ аз ҷумлаи эҷодкорони беҳтарин эътироф мегардиданд. Аз ҷумла, корманди эҷодии ин рӯзнома Шералӣ Нуралиев (рӯҳаш шод бод) ғолиби озмуни умумииттифоқӣ дониста шуда, соҳиби мукофоти Иттифоқи журналистони СССР гардид. Муҳаррири ин нашрия Аъзамҷон Мӯсоев чун яке аз сарварони беҳтарини нашрияҳои маҳаллии умумииттифоқ ба шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ барои мубодилаи афкор ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадами хеш даъват карда мешуд.
Имрӯз бошад, аксари идораҳои рӯзномаҳои маҳаллӣ дар ҳолати на чандон хуб қарор доранд. Қабл аз ҳама онҳо дар бинои куҳнаю фарсуда ва солҳо боз рӯйи таъмирро надида ҷойгиранд. Дар бораи автомашинаи хизматии ин нашрияҳо ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест. Маоши каму ночиз боиси дилмондагии бисёре аз кормандони эҷодии рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ гардидааст. Мушкилоти аз ҳама вазнини имрӯзаи рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ (агар рӯзнома гуфтан ҷоиз бошад, зеро баъзеи онҳо ҳатто баъзан моҳе як маротиба ҳам нашр намегарданд) теъдоди бисёр ками нашри онҳост.
Хушбахтона, имрӯз дар вилояти Хатлон таҷрибаи мусбӣ низ дар боби нашри мунтазами рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ дида мешавад. Аз ҷумла, рӯзномаи «Тахти Қубод» — нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён сари вақт бо теъдоди беш аз 5200 нусха нашр мегардад. Рӯзнома аз ҷиҳати молиявӣ низ танқисӣ надорад, зеро ҳоло дар суратҳисоби ин нашрия тавре ба мо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораи рӯзнома иттилоъ доданд, 300 ҳазор сомонӣ мавҷуд аст. Рӯзнома дорои мошини хизматӣ буда, кормандони эҷодии он бо маоши хуб таъминанд. Нашрия дар байни аҳолии ноҳия обрӯю нуфуз ва мақому шуҳрати хосаро сазовор аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки рӯз то рӯз сафи хонандагони рӯзномаи «Тахти Қубод» зиёд мегардад.
Тавре зимни суҳбат раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров қайд намуд, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи «Тахти Қубод» барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумакрасони хуб гардидааст. Туфайли ғамхории рӯзафзуну ҳамаҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сатҳи зиндагии мардум хеле хуб гардидааст. Ба таври дигар гӯем, одамон бо ғизои иҷтимоӣ ҳамаҷониба таъминанд. Аз ин рӯ, талаботашон ба ғизои маънавӣ рӯз то рӯз бештар мегардад. Ба андешаи ман, рӯзномаи «Тахти Қубод» имрӯз дар таъмини мардум бо ғизои маънавӣ саҳми арзанда мегузорад.
Рӯзномаи ноҳиявии «Тахти Қубод» дар таъмини аҳолӣ бо иттилооти зарурӣ саҳми назаррас дорад. Тавассути ин рӯзнома хонандагон аз ҳаёти ҳамдиёрони хеш, нақшаю чораю тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дастоварду мушкилоти заҳматкашон, таърихи Қубодиёни бостонӣ, ашхоси шуҳратманде, ки дар пешравиҳои иқтисодию иҷтимоию фарҳангӣ саҳми арзанда гузоштаанд, огоҳ мегарданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Тахти Қубод» Адолат Сайфуллоева иброз намуд, ки дастгирию ғамхории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахусус раиси он Саъдулло Бекназаров, имкон додааст, ки нуфузу обрӯйи рӯзнома дар ноҳия нисбат ба солҳои пешин баландтар гардад. Ҳар як маводи танқидие, ки дар саҳифаи рӯзнома чоп мешавад, ҳатман мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Бо пешниҳоди сарвари ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо ва нуқсонҳои дар мақолаҳои танқидӣ дарҷгардида, аз ҳисоби шахсони масъули салоҳиятнок комиссияи дахлдор таъсис дода мешавад. Рӯзнома воситаи муҳиму самарабахши алоқаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ гардидааст.
Дар боби паҳн намудани рӯзнома ва то ба дасти хонандагон расонидани он низ таҷрибаи хуб ҳосил гардидааст. Баробари истифодаи хизмати почта ҳамчунин тавассути мошинаи хизматие, ки рӯзнома дар ихтиёр дорад, «Тахти Қубод» мунтазам ба хонандагон дастрас мешавад.Зиёд шудани теъдоди обуначиён имкон дод, ки шароити молиявии рӯзнома беҳтар гардад. Мавҷудияти маблағ имкон дод, ки барои нашри рӯзнома дар ноҳия матбааи ноҳиявӣ аз нав ба фаъолият оғоз намояд. Рӯзнома хариди таҷҳизоти наву ҳозиразамонро барои матбаа таъмин намуда, тибқи шартнома имкон дорад, ки ба ивази маблағи пардохтнамудааш як муддати муайян аз пардохти маблағи нашр озод бошад. Барои таъсиси матбааи ҳозиразамон дар ноҳия мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои нав ҷудо намудааст. Таъсиси матбааи нав дар ноҳияи Қубодиён имкон медиҳад, ки оянда баробари нашри рӯзномаи «Тахти Қубод» ҳамчунин интишори рӯзномаҳои ноҳияҳои ҳамсарҳади Шаҳритузу ба номи Носири Хусрав низ дар ин ҷо ба роҳ монда шавад.
Мушоҳидаҳои мо собит намуданд, ки агар сарвари шаҳр ё ноҳия шахси соҳибмаърифату донишманд ва фарҳангӣ бошад, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати имрӯзаи Сарвари давлати Тоҷикистон, қатори дигар роҳу воситаҳо, аз рӯзномаи маҳаллӣ низ истифода мебарад. Ин боиси пешравиҳо дар ноҳия ва дар маҷмӯъ беҳ гардидани вазъи кор хоҳад шуд.
Хеле хуб мешуд, агар таҷрибаи ин ноҳия дар нисбати дастгирии нашрияи худ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ паҳн карда шавад.
Давлат Султонов, «Садои мардум»