Исо Раҳим
Зинда мардум гар ба нони гандум аст,
Ошнои дил «Садои мардум» аст.
Ҳар варақ дар дасти ӯ барги гул аст,
Ҳам навои хомаи ӯ булбул аст.
Булбуловоӣ ба Наврӯзат салом,
Бар ҳавои номаи рӯзат салом.
Поку равшан офтоби дафтарӣ,
Дар фазои ваҳдаторо кафтарӣ.
Дарди халқу дарди ту як то бувад,
Сатри теғи хомаат Сино бувад.
Аз ҳамин рӯ, ту қаламкаш омадӣ,
Ту ба рағми сифла оташ омадӣ!
Халқро чун парчами ҷон омадӣ,
Чун Бадахшон лаъл дар ҷон омадӣ.
Оташи дилро баландовоза кун,
Ҳар нафасро бо ҳавоят тоза кун.
Нур дорад офтоби номаат,
Сурмаи хуршед гардад хомаат.
Тешаи Фарҳод ҳам аз чӯб буд,
Бесутун аз зарби он шуд гарду дуд.
Зиндагӣ бе гард набвад ҳеҷ гаҳ,
Зиндагӣ сад печ дорад ҳамчу раҳ.
Хомаат дар печу тоби зиндагӣ,
Хизр омад ҳамчу оби зиндагӣ.
Ҳар нафас бо чархи гардонӣ яқин,
Хома ҳам дорад бузургии замин.
Ҳар варақ дар ҷилваи хуршед бод,
Эй набошӣ ҳеҷ гаҳ бе адлу дод!
Ин замин ҳам аз сухан омад падид,
Бар дари олам қалам омад калид.
Ту қаламро бар сарат парчам намо,
Дар сипеҳри дафтарат Кайҳон кушо.
Соф бошад осмони номаат,
Мерасад аз арш нури хомаат.